logo

маориф

Самари квотаи президентӣ ва зарари хотирбинӣ

Ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабули донишҷӯён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"  аз тасмимҳои муҳиму муассире буд, ки ҷиҳати ҳалли мушкили аз таҳсил дур мондани ҷавонони музофотӣ рӯи кор омад. Ин тадбир бо нияти нек ва ба хотири ғамхорӣ ба ҷавонони лаёқатманди навоҳии дурдаст, ки имкони таҳсилашон маҳдуд аст, роҳандозӣ шуд ва натиҷаҳои дилхоҳ низ ба бор овард.

Соҳибҷамол Давлатзода аз ҷумлаи онҳоест, ки тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳ дохил шудааст. Ӯ ҳоло  донишҷӯйи курси дуюми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Соҳибҷамол мегӯяд: "Аз соҳиби квота шуданам хеле хушнудам. Квота насиби ҳар кас намегардад. Ҳоло дар донишгоҳ бо баҳои хубу аъло мехонам ва имсол барои гирифтани стипендияи президентӣ пешниҳод шудаам. Мо, донишҷӯёни тибқи квотаи президентиро раёсати донишгоҳ хеле зиёд дастгирӣ мекунад. Бо идрорпулӣ  ва хобгоҳ таъминем".
Мисли Соҳибҷамол духтару писароне, ки тибқи квотаи президентӣ дар мактабҳои таҳсилоти олӣ машғули донишандӯзианд, кам нестанд. Аслан, аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдаст тайёр намудани мутахассисон тибқи квотаи президентӣ аз соли таҳсили 1997-98 оғоз шуд.  Дертар барои писарон низ чунин имтиёз муқаррар гардид ва ҳоло онҳо ҳам тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни супурдани имтиҳон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул мешаванд.
Ба иттилои Сафарбой Самадов, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз соли 2009 то соли 2012 ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тибқи квотаи президентӣ 4689 нафар (2482 духтар ва 2207 писар) дохил шудаанд. Беш аз шаст дарсади онҳо аз рӯи равияҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ таҳсил мекунанд. Дар равияҳои техникию технологӣ 21 дарсад ва равияҳои фарҳангу варзиш то 3 дарсади донишҷӯён тибқи квота таҳсилро идома медиҳанд. Тӯли ин солҳо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  кишварро беш аз 2979 донишҷӯёни тибқи квота хатм карда, бо  роҳхат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба кор фиристода шуданд. Як теъдоди ками хатмкардагон барои идомаи таҳсил дар риштаи аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия мешаванд.
Мутаассифона, на ҳамаи онҳое, ки тибқи квота ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил мешаванд, муваффақона таҳсилро ба итмом мерасонанд. Ба иттилои Вазорати маориф, аз шумори умумии донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохилгардида, тайи солҳои  2009-2012 бо сабабҳои нокифоягии давомот, қарзҳои академӣ, бемории тӯлонӣ ва ғайра ҳамасола аз ҳар муассисаи олӣ аз 19 то 23 духтару писар аз сафи донишҷӯён хориҷ мешаванд. Дар давоми 13 соли қабули донишҷӯён тибқи квота дар маҷмӯъ бо сабабҳои дар боло зикргардида 1679 нафар духтарону писарон аз курсҳои мухталиф аз сафи донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ хориҷ шудаанд, вале бештарашон такроран барқарор гардида, таҳсилро давом додаанд.
Ҷудо намудани ҷой тибқи квотаи президентӣ ба салоҳияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дохил мешавад. Ҳар сол ин вазорат аз моҳи ноябр то охири феврал талаботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро  ба ихтисосҳо муайян мекунад ва дар заминаи онҳо бо Вазорати маориф гурӯҳи кории махсус таъсис медиҳанд. Гурӯҳи корӣ пешниҳоди  шаҳру ноҳияҳоро меомӯзад ва дар асоси он нақшаи қабули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  (дар ҳар панҷ сол як бор) тасдиқ мегардад. Ҳар сол вобаста ба зарурат ба ихтисосҳои алоҳида ба миқдори панҷ дарсад дар нақшаи қабул шумораи ҷой меафзояд. Ба ҳар як ноҳия дар ҳаҷми талабот аз шонздаҳ то бисту ду ҷой ҷудо менамоянд. Дар сурати пайдо шудани теъдоди бештари бачаҳои болаёқат онҳо бо мактуби Вазорати маориф ва супурдани  имтиҳон ба сафи донишҷӯён қабул мешаванд. Лекин онҳо донишҷӯи тибқи квотаи президентӣ ҳисоб намеёбанд.
Тавре Ҷамила Исломова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, иттилоъ дод, дар донишгоҳи мазкур 667 нафар аз тариқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 383 духтар ва 240 писаронанд. Соли 2012  81 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карданд, ки аз инҳо 12 нафарашон донишҷӯёни тибқи квота буданд. Имсол сатҳи азхудкунии донишҷӯёни квота дар қиёс ба соли пешин шаш дарсад боло рафтааст.  Дар баробари ин, соли  зикршуда  12 донишҷӯйи тибқи квота таҳсилкунанда аз донишгоҳ хориҷ шудааст.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 628 нафар тибқи квота таҳсил мекунанд, ки аз инҳо 356 нафарашон духтаронанд. Онҳо асосан дар чор факулта: тиббӣ - 566 нафар, нигаҳдории тандурустии ҷомеа - 59 нафар, стомотологӣ - 2 нафар, дорусозӣ 1 нафар машғули омӯзишанд. Шодмон Аҳмадов, мудири шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳи мазкур, мегӯяд, дар соли таҳсили 2011-2012 185 донишҷӯйи тибқи квота бо баҳои хубу аъло ва 56 нафар бо баҳои аъло таҳсил кардаанд. Ҳар сол аз миёни онҳо 2-3 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм мекунанд.
Боймурод Шарифзода, декани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, мегӯяд, аслан, квотаи президентӣ барои онҳое ҷудо мешаванд, ки дониши хеле хуб доранд, вале шароити таҳсил надоранд, тавонанд бе мушкилӣ ба мактабҳои олӣ дохил шаванд. Аз нигоҳи ӯ, агар шаффофият дар имтиҳоноти қабул бошад, довталабон бе квота ҳам ба донишгоҳу донишкадаҳо қабул мешаванд. Аз соли 2014 имтиҳони дохилшавӣ дар маркази миллии тестӣ мегузарад ва ин ба одилона сурат гирифтани имтиҳонҳои қабул мусоидати бештар хоҳад кард.  Мавсуф мегӯяд, аксари онҳое, ки тибқи квота таҳсил мекунанд, дониши хуб надоранд. Онҳоро хориҷ кардан ҳам душвор аст. Раёсати донишгоҳ маҷбур мешавад ба раиси ноҳия мактуб ирсол намояд, ки вақти зиёд мегузарад. Бояд ин масъала оҷилан ҳал шавад. Пештар донишҷӯйи квотаро хориҷ кардан мумкин набуд. Буд он ҳолате, ки донишҷӯ аз соли аввали таҳсил аз донишгоҳ рафт, вале номаш то соли чорум дар рӯйхат боқӣ монд. Бояд донишҷӯёни дорандаи квота бештару беҳтар аз дигарон таҳсил кунанд, намуна ва фахри донишгоҳу ноҳияаашон бошанд. Вале мушкил он аст, ки ҳангоми интихоби онҳо тақаллуб ба назар мерасад. Одамоне, ки воқеан хондан мехоҳанду шароит надоранд, сарфи назар мешаванд. Мудирони шуъбаи маориф ба ин кор даст мезананд.
Санавбар Низомова, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар ин андеша аст, ки дар интихоби довталабони квота ноадолатӣ ҷой дорад. Ӯ мегӯяд: "Бештари духтароне, ки аз тариқи квота меоянд, на деҳотианду на камбизоат. Духтарони шаҳрӣ рафта дар деҳот кор намекунанд.  Онҳо ба тариқи шиносбозӣ ва ба воситаи шахсони мансабдор  соҳиби квота мешаванд. Дар ноҳияи Панҷакент се сол пеш духтараке, ки падару модар надошт, чанд маротиба кӯшиш кард, ки ба тариқи квота ба донишгоҳ дохил шавад, натавонист. Соли дигар бо дониши худаш ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуд. Дар ноҳияҳои дигар низ вазъият чунин аст. Беҳтар мебуд, ки гурӯҳи корӣ ташкил карда,  духтаронро дар худи мактаби деҳа имтиҳон кунанд, на дар маркази ноҳия.
Сафарбой Самадов, сармутахассиси  Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  тариқи шиносбозӣ ҷудо кардани квотаро рад мекунад. Ӯ дар суҳбат ба мо гуфт: "Санҷиш дар ҳузури падару модарон сурат мегирад. Ҳар донишгоҳ барои як донишҷӯ на камтар аз даҳ савол мураттаб менамояд. Агар барои дохил шудан ба донишгоҳ сад савол бошад, барои квота даҳ дарсади он пешниҳод мегардад. Касе баҳои баландтар гирад, ӯро интихоб мекунанд. Агар падару модар даъво кунанд ва аз ҷониби муаллим хатое содир шуда бошад, ба довталаб холи баландтар медиҳем. Мегӯянд, ки дар шуъбаи маориф квотаро фурӯхтанд. Мо ҷавоби ҳар довталабро бо худ гирифта меорем. Муаллими бетараф месанҷад. Аз нав озмун мегузаронем. Дар сурати тасдиқ шудани далелҳо ректор метавонад он муаллимро  аз кор озод кунад.
Баъзан ҳолатҳои ғайриқонунӣ қабул кардани донишҷӯён низ буданд. Дар чунин мавридҳо мо аз нав протокол тартиб медиҳем".
Ҷамила Исломова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз он изҳори таассуф мекунад, ки баъзан донишҷӯёнро ба факултаи хостаи худашон дохил мекунанд, ки ин ҳам барои омӯзгорон мушкилӣ эҷод мекунад. Масалан, ҳастанд нафароне, ки аз ноҳияи дурдаст ба факултаи забони русӣ меоянд, вале ин забонро намедонанд.  Бояд дониши онҳо дар ноҳияҳо бештар санҷида шавад.
Тибқи муқаррароти Низомномаи қабули донишҷӯён аз тариқи квота, бояд ҳар як мактаб бо роҳбарии мудири шуъбаи маориф баъд аз синфи нуҳумро тамом кардани хонандагон муайян кунад, ки кӣ дар кадом ихтисос қобилият дорад. Вале Сафарбой Самадов мегӯяд: "Дар шаҳру ноҳияҳо ба ин масъала эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Фаъолияташон дар ин самт баъди гирифтани нақшаи қабул шурӯъ мешавад. Дар ихтисосҳои омӯзгорӣ, технологӣ ва иқтисодӣ интихоб хеле кам аст, базӯр се нафарро меоранд. Ба баъзе ихтисосҳо тамоман довталабон нестанд. Дар ноҳияи Мурғоб барои таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ се бор сенафарӣ пешниҳод карданд, вале ягонтоашон дониши казоии химияю биология надоштанд. Аз ноҳияи Фархор шаш нафар пешниҳод шуданд, аз онҳо дониши се нафарашон ба якдигар баробар буданд. Мо ду рӯз имтиҳон гирифтем, интихоб карда натавонистем. Баъд як ҷойи ноҳияи Мурғобро гирифта ба ноҳияи Фархор додем. Баъзан маҷбур мешавем, ки аз се нафари интихобшуда як нафари донишаш сустро ҳам қабул кунем. Қисми зиёдашон дар ихтисосҳои омӯзгорӣ таҳсил намекунанд, аз донишгоҳ мераванд. Вале мо бояд нақшаро иҷро кунем. Дар  ноҳияҳои Қумсангир, Қубодиён, Носири Хусрав, Ҷиликӯл, Балҷувон, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Қайроққуми вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Ҷиргатол, Варзоб, Роғун, Тавилдара  дар ихтисосҳои омӯзгорӣ довталаби арзанда намеёбанд".  
Дар чунин ҳолатҳо Шодмон Аҳмадов пешниҳод мекунад, ки барои ноҳияҳое, ки сатҳи дониши номзадҳои пешниҳоднамудаашон ба талабот ҷавобгӯ нест (Мурғоб, Тавилдара, Шаҳритус, Табошар) довталабони квотаи президентӣ бояд дар шуъбаи тайёрии донишгоҳ таҳсил намоянд. Вале ба андешаи мавсуф, дар бештари маврид онҳое, ки дониши хуб доранд, аслан ба даври интихобии озмун дар сатҳи ноҳия роҳ намеёбанд. Худи мудирони шуъбаи маориф ашхоси дилхоҳашонро интихоб мекунанд ва дар паҳлуи онҳо нафаронеро мегузоранд, ки тамоман дониш надоранд. Дар натиҷа бо вуҷуди доштани холи кам, вале бо бартарӣ ба ду нафари дигар он шахс соҳиби квота мегардад.  Санавбар Низомова, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, чунин муносибатро хунукназариву бемасъулиятӣ нисбат ба фармони Президенти мамлакат медонад.
Яке аз мушкили дигар он аст,  ки бархе донишҷӯёне, ки тибқи квота таҳсил мекунанд, баъди хатми донишгоҳ дар ноҳияашон кор намекунанд. Ин дар ҳолест, ки онҳо маҳз барои таъмини зодгоҳашон бо мутахассис, ки пешаи худ интихоб кардаанд, соҳиби квота гаштаанд.
Тавассути квота ба донишгоҳу донишкада қабул намудани донишҷӯён, воқеан, иқдоми шоиста буд. Зеро ба шарофати он духтару писарони зиёде тавонистанд таҳсилашонро дар мактабҳои олӣ идома диҳанд ва  баъди хатми он дар навоҳии дурдаст фаъолият кунанд. Вале, тавре аён шуд, дар ин самт ҳанӯз мушкилиҳо ҷой доранд. Бояд ҳама паҳлуҳои ин масъала амиқ таҳлил шавад ва квотаи президентӣ дастраси шахсони арзандаву ниёзманд гардад.

Барнои ҚОДИРДУХТ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.13    №: 25-26    Мутолиа карданд: 6643
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед