logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ОСОРХОНАҲО ВА ФОНДИ ОСОРХОНАҲО"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012 "Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 688) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои "муносибатҳои ҳуқуқиро" ба калимаҳои "муносибатҳои ҷамъиятиро" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 4:
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Фаъолияти осорхонаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи онҳо ва қарорҳои муассис (муассисон) сурат гирифта, онҳо метавонанд фаъолияти даромадноки барои мақсадҳои оинномавиашон заруриро амалӣ намоянд. Осорхонаҳо ҳуқуқ доранд бевосита дар бинои осорхона фурӯши расмҳо, суратҳо, китобҳо, тӯҳфаҳо ва дигар ашё бо истифодаи тасвири бино ва иншоот, рамзҳои осорхона, ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии дар онҳо таҷассумёфтаро ба роҳ монанд.".
- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.
3. Моддаи 41 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 41. Осорхона-мамнӯъгоҳ
1. Осорхона-мамнӯъгоҳ намуди махсуси осорхона мебошад, ки дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ мансуббуда ва манзараҳои табиии ба онҳо алоқаманд таъсис дода мешавад. Дар мавриди зарурӣ дар ҳудуди чунин мамнӯъгоҳ истеҳсолоти анъанавӣ ва дигар намуди фаъолият тибқи оинномаи он амалӣ карда мешавад.
2. Осорхона-мамнӯъгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва дастрасии шаҳрвандонро ба онҳо таъмин менамояд, нигоҳдорӣ, омӯзиш ва тарғиби объектҳои зикршударо ба роҳ мемонад, инчунин барои ҳифзи табиат ва туризм шароит фароҳам меорад.".
4. Ба қисми 3 моддаи 10 пас аз калимаҳои "коллексияи осорхонавии" калимаҳои "қисми  ғайридавлатии" илова карда шаванд.
5. Дар қисми 2 моддаи 15 калимаҳои "осорхонавии дорои аҳамияти умумибашарӣ" ба калимаҳои "осорхонавие, ки аҳамияти сарвати таърихию фарҳангӣ доранд," иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 25 калимаи "меросдиҳандаро" ба калимаи "меросгузорро" иваз карда шавад.
7. Дар қисми 1 моддаи 27 калимаи "мансубанд" ба калимаҳои "вобаста шудаанд" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 957


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
 "Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 январи соли 2013, № 1069

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо"-ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  28 феврали соли 2013, № 481


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.13    №: 41-46    Мутолиа карданд: 3726
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед