logo

мақолаҳо

Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо

Эмомалӣ РАҲМОН,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъди ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ ҳаёти халқи тоҷик маҷрои тозае ба худ гирифта, андешаи миллӣ бар пояи асолатҳои таърихӣ ва арзишҳои анъанавӣ рушди фарогир ёфт.
Пайваста ба ин робитаҳои миллати тоҷик бо аҳли ҷаҳон, шиносоӣ ва бархӯрдории вай аз арзишҳои умумибашарӣ афзуданд. Густариши робитаҳо ва ҳаводиси ҷаҳони имрӯза Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир пайванди қавӣ доданд. Худшиносии миллӣ бо равандҳои ҷаҳони имрӯза даромехта, бо мавқеъёбии Тоҷикистон дар ҷаҳон болотар рафт. Вобаста ба ин манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки дар баробари таҳкими худшиносии миллӣ робитаҳо бо кишварҳои ҷаҳони муосир ва баҳрамандшавӣ аз арзишҳои ҷаҳони мутараққӣ суръат гиранд ва алоқа бо дигар тамаддунҳо густариш ёбад.
Дар ин росто бояд зикр намуд, ки гуфтугӯи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза табдил ёфтааст. Зеро инкишофи ҳаёти имрӯзаро бе таъсири мутақобилаи тамаддунҳои мухталиф ва  равандҳои иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ наметавон тасаввур кард. Ҳар гуна дуршавӣ ва канорагирӣ, зиддият ва муқовимати беасос ба манфиати ҳаёти сиёсӣ ва инкишофи кишвар нест, он ба ҷудоиандозӣ ва бӯҳрони иқтисодию сиёсӣ бурда, монеаи пешрафти ҷумҳурӣ мегардад.
Ҷараёни умумитаърихии инкишофи ҷомеаи инсонӣ тақозои ҳамкорӣ, истифодаи комёбиҳои тамоми инсоният, арзишҳои умумибашариро кардааст. Имрӯз ин раванд боз ҳам тавсеа ва таҳким ёфтааст. Пас, дар чунин шароит моро зарур аст, ки воситаҳои ҳамкорӣ ва ҷараёни истифодаи арзишҳои ҷаҳони муосирро пурзӯр намуда, симои маънавӣ, хусусиятҳои миллии худро нигоҳ дорем ва ҳамзамон  худшиносии миллиро таҳким бахшем.
Дар доираи манфиатҳои миллӣ худшиносии динии халқи тоҷик низ аҳамияти зиёде касб мекунад. Роҳу равиши дурусти он ба гуфтугӯи динҳо, ки ҷузъи асосии ҳама гуна тамаддун аст, ҳидоят мекунад ва  мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ устувор месозад. Барои ташаккули дурусти худшиносии динии халқи тоҷик истифодаи мероси ғании динӣ зарур аст. Мероси динӣ, аз ҷумла мероси фиқҳӣ ва каломии Имоми Аъзам, метавонад намунаи равшани гуфтугӯи дин ва тамаддунҳоро арзёбӣ кунад. Бешубҳа, арзишҳои динӣ дар ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ аҳамияти зиёд доранд. Вале, мутаассифона, дар оғози марҳилаи истиқлоли кишвар таносуби арзишҳои динӣ ва миллӣ  аз миён рафта, барои миллати тоҷик имтиҳони вазнинеро пеш овард. Яке аз сабабҳои ҷиддии ин вазъ ба эътибор нагирифтани фарҳанги ғанӣ ва мероси илмии  шахсиятҳои бузурги динӣ ва фарзонаи миллати тоҷик дар тамаддун ва фарҳанги умумиисломӣ буд.
Албатта, дар чунин самт қарор гирифтани раванди худшиносии диниву миллӣ ва дар ин замина ба мавқеъгириҳои нодурусти идеологии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ба пайравии баъзе қувваҳои радикалии динӣ аз принсипҳои динолуди зиддимиллӣ вобаста сохтани тақдири миллати тоҷик ба бӯҳрони сиёсӣ ва идеологӣ дар кишвар сабаб шуд.
Хушбахтона, ба шарофати таҳким ёфтани давлати соҳибихтиёри миллӣ, кӯшишу талошҳои доимии ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон, вафодории он ба принсипҳои сиёсати ваҳдати миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихии ин диёри куҳанбунёд дар ҷомеаи кишвар суботу амният таъмин гашт ва мардум  ба кори  созанда рӯ овард.
Дар тӯли ҳазорсолаҳо тамаддун дар доираи муқаррароти дин инкишоф ёфтааст ва арзишҳои фарҳангӣ бо таъсири омили динӣ эътирофи умум пайдо карда, асоси устувори фарҳанги ҷомеаро ташкил додаанд. Ба ҳамин хотир бисёре аз муҳаққиқон ин ва ё он тамаддунро ба дин вобаста ва симои маънавии ҷомеаро аз он иборат медонанд.
Табиист, ки дар пешрафти ҷомеа дин мусоидат кардааст ва анъанаю муассисаҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки ба пешрафти тамаддун кӯмак расонидаанд. Анъана ва арзишҳои устувори фарҳангӣ, ки бо ақоиди динӣ ороста шудаанд, пойдевори мустаҳками фарҳангиро ташкил додаанд.
Чунонки аз манбаъҳо бармеояд, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, сулҳу бародарӣ, ки ғояҳои асосии анъана ва арзишҳои фарҳангиро ташкил медиҳанд, дар дини ислом низ мавқеи устувор ишғол мекунанд. Бузургдошти инсон ва  эҳтироми шахсият дар ислом на танҳо нисбати мӯътақидони он, балки нисбати пайравони динҳои дигар низ ҷорӣ аст. Он дар амалу рафтори бузургони дин борҳо намудор шудааст. Аз ҷумла поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам намунаи баланди инсондӯстиро дар зиндагӣ ва таълимоти худ нишон додааст. Кофист, муносибати ӯро бо яҳудии ҳамсояаш мисол биёрем. Яҳудӣ аз ин муносибати ғамхорона то ҳадде зери таъсир қарор гирифт, ки кеши Абӯҳанифаро қабул кард. Муносибати хуб ва таҳаммулпазирӣ аз оёти Қуръони Карим, аз ҷумла ояти 2 сураи Моида, ояти 83 сураи Бақара, ояти 86 сураи Нисо, ояти 41 сураи Юнус ва ғайра сар мезанад.
Мавқеи ислом нисбати пайравони дигар динҳо дар асоси усули таҳаммулпазирӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷо, шиносонидани назари воқеии ислом, хусусан мазҳаби Абӯҳанифа, ҳамчун иқдоме барои таҳкими муколамаи ислом бо дигар дину тамаддунҳо хизмат мекунад.
Уммати мусулмон дорои мероси бузург ва арзишманди фарҳангӣ мебошад. Таърихан фарҳанги умумиисломӣ бо ҳифзи асолати динӣ ва ҷавҳари тавҳидӣ дар худ беҳтарин самараҳои фарҳангии қавму халқҳои мухталифро таҷассум намудааст. Ва уммати ислом, ки аз миллатҳои гуногун иборат аст,  ҳар кадом ба дини ислом бо такя бар  ҳифзи ҳувияти фарҳангии худ даромадааст. Уммати мусулмон бар асоси ягонагии динӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ ташаккул ёфтааст. Ислом бо такя бар асли тавҳид ба масъалаи худшиносӣ ва худсозии миллатҳои мусулмон маҷрои ягона бахшидааст.     
Худои Мутаол  дар сураи Ал-Ҳуҷурот мефармояд: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз марду зан офаридем ва шуморо халқҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед».
Воқеан, халқи тоҷик дар шинохти ҷавҳар ва ҳақиқати ин дини бузурги тавҳидӣ ва шикасти таассуби қавмӣ дар назди Худои Мутаол метавонад аз парҳезгортаринҳо дониста шавад.
Мақому манзалати азими Паёмбари гиромии ислом  Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)  бар ҳамаи уммати исломӣ равшан аст ва Қуръони Карим дар ин бора шаҳодат медиҳад: «Ва сухан аз рӯи ҳаво намегӯяд. Нест ин сухан ҷузъ он чӣ бад-ӯ ваҳй мешавад». (Сураи Наҷм, ояти 3-4).
Бинобар ин пешгӯиҳои Расули акрам низ, чи дар ҳаққи саҳобагон ва чи тобеъин, барҳақ мебошанд. Дар ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз Абӯҳурайра омадааст: «Агар илм  (ба қавли дигар – имон ва ё ба қавли Муслим – дин) ба осмон ба ситораи Сурайё овезон бошад, мардоне аз авлоди Форс (ба ривояти дигар, мардоне аз эшон – ва ба Салмони Форсӣ, ки дар он маҷлис ҳузур дошт, ишора карданд) онро ба замин меоваранд». Имом Ҷалолуддини Суютӣ, яке аз соҳибони «Тафсири Ҷалолайн», дар китоби худ «Табйизи-с-саҳифа би маноқиби-л-имом Абӯҳанифа» мегӯяд, ки ин ҳадис дар ҳаққи Имоми Аъзам аст, зеро ҳеҷ касе ҳамтои  Абӯҳанифа дар мақоми илм набуд.
Дар ҳақиқат, ин пешгӯии таҳаққуқёфтаи Паёмбари гиромии ислом (с) дар ҳаққи яке аз тобеъин аст. Ва ҷойи ифтихори барҳаққи миллии мост, ки аҳли илм ин ҳадисро ҳамчун башорат ба мақоми фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Имоми Аъзам маънидод кардаанд.
Барои мо муҳимтар он аст, ки дини мубини ислом ва аслҳои умумибашарии он дар ташаккули шахсиятҳои таърихии мутааллиқ ба қавмҳои гуногун шароити маънавии муносиб муҳайё сохта, аз тариқи онҳо мероси фарҳангии ҷаҳоншумулро ба вуҷуд овардааст. Ва яке аз чунин шахсиятҳои беназир фақеҳи муҷтаҳид Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит ибни Нӯъмон мебошад.
Бояд зикр кард, ки Нӯъмон ҳам номи Абӯҳанифа ва ҳам номи бобои ӯст. Ривоят аст, ки Нӯъмон – бобои Абӯҳанифа дар рӯзи ҷашни Меҳргон ба амирулмӯъминин - Ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб ширинӣ (шаҳд) ҳадя кард ва он ҳазрат дар ҳаққи ӯ  ва фарзандон ва маволаш дуои баракат намуд ва гуфт: «Меҳраҷонан кулла явмин», яъне «ҳар рӯз Меҳргон бод». Ба ривояти дигаре ин ҳодиса дар рӯзи ҷашни Наврӯз рух додааст. Аз ин ҷо ба тахмине сухани машҳури «ҳар рӯзатон Меҳргон бод» ва ё «ҳар рӯзатон Наврӯз бод» маншаъ мегирад. Ин дар шароите, ки баъзе гароишҳои ифротии  динии он замон дар мавриди бо кароҳият қабул намудани арзишҳои тоҷикӣ – форсӣ, махсусан нисбат ба ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон,  мушоҳида мегардиданд.
 Чунонки мебинем, бобои Абӯҳанифа ҳанӯз дар ибтидои ислом, сарфи назар аз муносибати манфии баъзе гурӯҳҳои ифротӣ, барои ҳифзи ҳувияти фарҳангии тоҷикӣ мекӯшид ва он аз ҷониби Ҳазрати Алӣ хуш истиқбол шуд.
Аз Ибни Сирин - фақеҳ ва муҳаддиси мансуб ба тобеъини Басра ҳатто чунин ривоят шудааст, ки Ҳазрати Алӣ аз рӯи эҳтиром ба фарҳанги тоҷикӣ нисбат ба рӯзи ҷашни Наврӯз хушнудӣ карда, дуо намуда будаанд, ки Худо ҳар рӯзро Наврӯз бигардонад.
Муносибати дини мубини ислом нисбат ба фарҳанги миллатҳои исломӣ бар асли таҳаммулпазирии фарҳангӣ асос ёфтааст. Мансубияти исломӣ ҳаргиз маънои инкори мансубияти фарҳангии миллатҳои мусулмонро надорад. Худои Мутаол бандагони худро аз лиҳози фитрӣ  гуногун офаридааст. Қабул накардани ин асл ба ҳукми оят инкори ҳикмати офариниш аст. (Сураи Зумар, ояти 46).
Хилофати исломӣ дар баробари тавсеа ёфтани худ ба фарҳангҳои қавмҳои манотиқи фатҳшуда рӯ ба рӯ гашт.  Дар баъзе мавридҳо бошад, вобаста ба боло гирифтани масъалаҳои сирф сиёсӣ, махсусан омезиши масъалаи ҳокимият бо асли арабигароӣ, худшиносии халқҳои дигари қаламрави хилофат бар асоси фарҳангҳои бумӣ қувват мегирифт. Дар ин давра ҳаракатҳои сиёсии истиқлолҷӯ, муборизаи зидди зулму истибдод, ошӯбҳои халқӣ дар хилофат хеле зиёд шуд ва норозигӣ аз хилофати уммавиҳо афзуд. Ҳаракати пуриқтидори истиқлолиятхоҳӣ бо номи шуубия, ки ҷанбаи фарҳангӣ низ дошт, хилофатро фаро гирифт. Маҳз зери таъсири ин ҳаракат хилофати уммавиҳо аз байн рафт ва хилофати аббосиҳо сари қудрат омад. Аммо хилофати аббосиён низ умеди мардумро бароварда накард ва сазовори дастгирии мардум нагашт. Имоми Аъзам, ки ба ҳаракати шуубия бо назари нек нигоҳ мекард, беадолатиҳои хилофати аббосиёнро дида, ба халифаи аббосӣ низ байъат накард ва мансабҳои пешниҳодкардаи ӯро рад намуд.
Дар саҳнаи дин холигоҳи васеъ эҷод гашт ва халқҳои дигар дар баробари дур шудан аз салтанати сиёсӣ (ҳукумат) барои ҳифзи шарафи миллӣ ва тақвияти худшиносии қавмии худ майдони илму фарҳанг, махсусан саҳнаи динро ихтиёр намуданд.
Фақеҳ ва муҳаққиқи араб шайх Муҳаммад Абӯзаҳро дар ин маврид чунин мегӯяд: «Арабҳо дар замони салтанати уммавиҳо ҳукумат ва салтанатро дар даст ва ҷангу набардро ба ӯҳда доштанд. Онҳо ба ин умур машғул гашта, ба омӯзишу таҳқиқ, пажӯҳишу жарфнигарӣ напардохтанд. Маволӣ (ғуломони озодшуда, махсусан аз ақвоми Аҷам) ин холигоҳи муносибро дида, онро бо омӯзишу таҳқиқ, донишомӯзӣ пур намуданд. Онҳо диданд, ки ҳукуматро аз даст доданд, пас кӯшиданд то шарафро аз роҳи дигар ба даст биёранд. Ин роҳ илму маърифат буд. Воқеан, баъзан маҳрумӣ ба камолот ва дастовардҳои бузург мерасонад. Ин сухан нисбат ба маволӣ дуруст аст, ки онҳо сарвариро дар андешаи арабии исломӣ ба даст оварданд, дар ҳоле ки пирӯзии моддӣ насиби арабҳо шуда буд».
Бояд зикр кард, ки пешоҳанги маволӣ мардумони ориёинажод буданд, ки сарварии онҳо насиби фарзанди халқи тоҷик Абӯҳанифа гашт. Иловатан қобили таъкид аст, ки пешгӯиҳои Паёмбари гиромии ислом (с) беш аз пеш нисбат ба аҷамиҳо, аз ҷумла тоҷикон, таҳаққуқ ёфтанд. Бузургони халқи тоҷик, бахусус Имоми Аъзам, бо дарки амиқи ҳикмати илоҳӣ ва бо истифода аз арзишҳои фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ ҳақиқату мақсади ҳадиси дар боло зикршударо татбиқ намуданд ва собит сохтанд, ки танҳо бо роҳи гаравидан ба таҳқиқи улуми замон аз тариқи парҳез аз даргир шудан дар умури сиёсӣ ва тарки васвасаҳои ҷоҳу ҷалолталабӣ ба авҷи камолоти динию дунявӣ расидан мумкин аст. Шахсияти Имоми Аъзам таҷассуми ҳамин ҳақиқат мебошад.
Аз омӯзиши таълимоти Абӯҳанифа бармеояд, ки ӯ ба илму осори фарҳангии Аҷаму Юнон эҳтироми махсус дошт. Истифодаи усули қиёс, ки ба мантиқи Арасту наздик аст ва урф ҳамчун сарчашмаҳои фиқҳӣ аз таваҷҷӯҳи имом ба илму фарҳанги Юнону Аҷам дарак медиҳад.
Аз таърихи ислом маълум аст, ки қиёсро пешиниён – асҳоб ва тобеъин дар ҳалли масъалаҳои фиқҳӣ истифода мекарданд, вале қиёси онҳо дар шакли тамсил – ҳаммонанд сохтан бо амали Паёмбари гиромии ислом (с) буд, вале қиёс дар фиқҳи Абӯҳанифа таврест, ки дар мантиқи Арасту ба сифати раъй ва истидлоли мустақил мушоҳида мешавад.
Маҳз бо кӯшиши Абӯҳанифа равиши истидлол ва раъйи озод дар фиқҳи исломӣ ҷой мегирад ва даврае оғоз мешавад, ки онро Ибни Халдун, муаррихи бузурги араб, «давраи фалсафӣ» дар фиқҳи исломӣ номидааст. Фиқҳи эътиқодоти Абӯҳанифа, аз ҷумла «Фиқҳи акбар», ба нусуси нақлӣ ва далоили ақлӣ бино шудааст.
Ҳамин таваҷҷӯҳ ба фарҳанг ва улуми асри худ Абӯҳанифаро дар сафи беҳтарин донишмандони замони худ ҷой додааст. Вале ӯ пешаи асосии худ илми фиқҳро қарор дод, зеро, ба гуфтаи худи Имоми Аъзам, «дар ӯ нафъи зиёд асту ҳеҷ зиёне нест».
Таҳаммулпазирӣ аз нуктаи муҳими таълимоти ӯ буда,  аз ин рӯ ҳатто далелҳои худро бо назари динҳои дигар асоснок мекунад. Масалан, ба назди ӯ бо шикоят омаданд, ки касе худро мусулмон мегӯяд, аммо талаботи исломро ба ҷой намеорад ва  ҳатто назари насорову яҳудро дар бораи имон дуруст мешуморад. Имоми Аъзам дар ҷавоб бо далелҳо исбот мекунад, ки ҳақ бо ӯст, зеро тавҳид дар назди онҳо низ мӯътабар аст ва гуфтаҳои онҳо айни имон мебошанд.
Дар воқеъ, муҳимтарин рукнҳои имон тавҳиди Худованд, нубувват, миод дар ҳар се дин: ислом, масеҳият, яҳудият эътироф шудаанд.
Инкишоф ва тавсеа ёфтани дини мубини ислом ва тадриҷан ба мафкураи расмии хилофат ва ҷараёнҳои идеологӣ ва сиёсӣ табдил ёфтани консепсияҳои мухталифи ақидатӣ ва фиқҳии он ва дар ин асос тақвият ёфтани раванди ягонаи тамаддунофаринии арабӣ-исломӣ эҳтимоли бархӯрди фарҳангҳо ва тамаддунҳоро пурра аз байн набурд. Балки баръакс, таассуботи қавмӣ, динии ҳизбӣ ва фирқавӣ бо омехтагии арзишҳои фарҳангӣ ва хусусиятҳои тамаддунӣ низоъҳои нави динӣ-сиёсӣ ва идеологиро ба вуҷуд оварданд. Ин гуна ихтилофот сабаби ошӯбҳои иҷтимоӣ гашта, метавонистанд ҷомеаро ба сӯи нобудӣ бикашанд. Аз лиҳози ҳуқуқӣ бошад, мардуми ғайриараб, бахусус маволӣ аз ақвоми Аҷам, бинобар зери зулми шадиди сиёсӣ қарор доштан бо такя ба ҳувияти фарҳангии худ дар муқовимат алайҳи истибдоди сиёсии ҳокимони ғайритоҷики замон саҳми бузург гузоштанд.
Низои фарҳангҳо ва тамаддунҳо дар қаламрави ислом аз нав хуруҷ намуд. Уммати исломиро фитнаи такфир, яъне кофир хондани мусулмон мусулмонро, фаро гирифт. Фирқаҳо ва аҳзоби динӣ чунон зиёд шуданд, ки ҳар кадом ба кофир ҳисобидани мухолифони ақидавӣ ва сиёсии худ мешитобид ва муборизаро алайҳи ҳамдигар амри шаръӣ медонист.
Дар чунин вазъият аввалин шахсе, ки гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ матраҳ намуд, Имоми Аъзам буд. ӯ мазҳаби фиқҳиеро поягузорӣ намуд, ки рафъи низои тамаддунҳоро дар чорчӯби шаръии инкишофи тамаддуни умумиисломӣ осон гардонд. Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдеро дар чорчӯбаи ислом нигоҳ дошта, қаламрави нуфузи онро васеъ намуд.
Умуман, гуногуншаклии мазҳабҳои фиқҳӣ дар ислом низ самараи гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангҳои олами ислом аст, ки  дар навбати худ заминаҳои шаръии онро муҳайё сохтааст. 
Ҳикмати ҳаёт аст, ки агар аз таърих сабақ нагирӣ, фоҷеаҳои он такрор мешаванд. Имрӯзҳо дар бораи низои тамаддунҳо ҳамчун падидаи ҷаҳонӣ сухан мекунанд.  Аммо ин мушкили дохилиисломӣ низ ҳаст. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ба имтиҳони ҷиддӣ дучор гаштааст. Барои он ки ин мушкил шадидтар нагардад, бояд ба тамоми мазҳабҳои фиқҳии эътирофшуда эҳтиром гузошта шавад. Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе равияҳои тундрави диние пайдо шудаанд, ки бемазҳабиро асоси ваҳдати исломӣ меҳисобанд. Ба назари мо, ин фикри хато ва хом аст. Баръакс, гуфтугӯи мазҳабҳо дар чорчӯби тамаддуни умумиисломӣ дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои халқҳо ва давлатҳои исломӣ ҳамчун асоси ҳифзи хусусиятҳои фарҳангӣ ва тамаддунии миллатҳои исломӣ зарурати ҳаётӣ ва роҳи ягонаи ҳалли мушкили мазкур мебошад.
Таваҷҷӯҳи мо ба масъалаи мазкур низ бартариҷӯии мазҳабӣ намебошад. Ба мазҳаби ҳанафӣ мо пеш аз ҳама ба хотири он таваҷҷӯҳ зоҳир мекунем, ки ба воситаи он ҳамчун падидаи фарҳангӣ ба худшиносии миллӣ самти дуруст бахшем ва таҳаммулпазирии диниро нисбат ба ҳувиятҳои фарҳангии халқҳои Тоҷикистон асоси стратегияи ваҳдати миллӣ қарор диҳем.
Зимнан, мо дар сиёсати давлатии худ асли дунявиятро қотеъона ҳифз мекунем ва инкишоф медиҳем, диндории шаҳрвандонро кори хусусӣ меҳисобем ва аслҳои озодии эътиқодро тарафдорӣ карда, онҳоро дар амал татбиқ месозем. Дар ҳақиқат ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ аз арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддин мебошанд. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои динии инсон ва шаҳрвандро таъмин ва ҳифз менамояд. Аммо аз ин ҳуқуқ ва озодиҳо набояд суиистифода шавад ва онҳо бар зидди манфиатҳои миллӣ равона гарданд ва ё ба татбиқи принсипҳои инкишофи худшиносии миллӣ халал расонанд.
Бунёд гаштани ҳазорон масҷид барои ибодати мардуми мусулмони кишвар ва даҳҳо ибодатгоҳҳои ғайриисломӣ татбиқи амалии аслҳои озодии виҷдон буда, бешубҳа, намунае аз нишонаҳои созандагии стратегияи ваҳдати миллӣ мебошад. Алҳол дар кишвар зиёда аз се ҳазор масҷиди ҷомеъ ва масҷиди намози панҷвақта расман ба қайд гирифта шудаанд ва фаъолият доранд.  Мутаносибан ба шумораи аҳолӣ чунин ба назар мерасад, ки дар камтар кишвари исломӣ ин теъдод масҷид метавонад вуҷуд дошта бошад. Инро бояд қадр намуд ва шукри истиқлолияти миллиро ба ҷо овард. Зеро то замони истиқлолият мардуми мусулмони Тоҷикистон кафолат ва таъмини чунин озодиҳо ва ҳуқуқҳои диниро ҳатто орзу карда наметавонист.
Дар баробари ин фаъолияти масҷидҳоро берун аз чорчӯбаи арзишҳои миллӣ тасаввур кардан иштибоҳи маҳз аст. Дар онҳо бояд шахсиятҳои миллие тарбия ёбанд, ки миллати тоҷикро, чун дар гузашта, дар байни дигар миллатҳои мусулмон бо хислатҳои воло – парҳезгорӣ аз ҳар гуна таассуб, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ муаррифӣ карда тавонанд. Масҷид ҳарчанд ҷои ибодат аст, боз метавонад саҳми арзандае дар тарбия ва ташаккули худшиносии мардум дошта бошад. Дар мавъизаҳои хатибони масҷидҳо бояд масоили фарҳанги миллӣ, тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва исломӣ мавқеи муҳим дошта бошанд. Дар масҷидҳо бояд китобхонаҳо бунёд карда, дар истифодаи мардум қарор дода шаванд, ҳамкории масҷидҳо бо муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ бо мақсади бархурдорӣ аз арзишҳои фарҳангӣ ва илмӣ бояд ривоҷ пайдо кунад.
Дар айни замон набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ аст. Ин рукни асосии давлатдории миллӣ ҳисоб мешавад. Дин кори хусусии ҳар як шаҳрванд ва инсон буда, аз эътиқоди озоди ҳар кас бармеояд. Диёнати шахс маҷбурӣ ва таҳмилӣ буда наметавонад. Ба дин дохил  шудан ва аз дин хориҷ гаштан ба иродаи худи шахс вобаста буда, ихтиёрӣ аст.
Бояд зикр кард, ки Қуръони Карим низ дар масъалаи интихоби дин ихтиёрдории шахсро рукни асосии муносибати банда ба Худо ҳисоб мекунад. Худои Таъоло дар ояти 256-уми сураи «ал-Бақара» мефармояд: «Ло икроҳа фи-д-дини», яъне дар дин маҷбуркунӣ нест. Дар ин ҷо низ озодии банда асосӣ аст. Худо ғанию бениёз аст ва ба маҷбур кардани шахс ба дин ва ё маҷбуран монондани шахс дар дин эҳтиёҷ надорад.
Асли дунявиятро низ бояд чун бетарафии давлат ба интихоби шаҳрвандон оид ба дину диёнат фаҳмид. Мутаассифона, баъзеҳо асли дунявиятро ҳамчун бединӣ ё зиддидинӣ маънидод мекунанд, ки хатои маҳз аст.
Як нуктаи дигарро низ таъкид карданиям, ки асли дунявият моҳияти конститутсионӣ дорад ва он тағйирнопазир аст. Давлатдории миллиро бе ин асос тасаввур кардан мумкин нест. Аз ҷумла, дар такя ба ҳамин асл мо метавонем суботи ҷамъиятӣ, истиқлолият ва амнияти миллиро таъмин намоем, арзишҳои миллиро ҳифз намуда, барои инкишофи минбаъдаи давлати Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам созем.
Дар робита ба масъалаи тартиботи ҷамъиятӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ асли дунявият маънои махсусро пайдо менамояд. Шахс баъди муайян намудани диёнати худ, хоҳ ба танҳоӣ ва ё хоҳ якҷо бо дигарон, наметавонад масъулияти умумиҷамъиятӣ ва умумиинсониро фаромӯш намояд. Иттиҳодияҳои динӣ ва ҳизбҳои сиёсии характери динидошта низ наметавонанд аз ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандон суиистифода намоянд.
Дин ва диёнатро парчам ва ё шиори муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ кардан, ё  васила ва роҳи дунёпарастӣ қарор дода муташанниҷ сохтани суботи ҷомеа амали зиддиконститутсионӣ, зиддимиллӣ ва ҳатто зиддишариатӣ хоҳад шуд. Зеро ислом суботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҳар як миллати мусулмонро арзиши олӣ меҳисобад.
Уммати исломӣ шоҳид аст, ки дар баъзе кишварҳои исломӣ гурӯҳ ва фирқаҳои гуногуни диниву мазҳабӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бо суиистифода аз ҳиссиётҳои поки динии мардум ва пуштибонӣ аз ҳомиёни берунии худ вазъияти ҷамъиятиро муташанниҷ сохта, бо баҳонаи диндорӣ ё бединӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро ҳамчун ҷанги «куфру имон» меафрӯзанд.
Халқи тоҷик низ ба ҳамин сабаб ба офате чун ҷанги дохилӣ гирифтор шуд. Аммо фарҳанги сулҳҷӯёнаи миллӣ, ки решаҳои амиқи таърихӣ ва мардумӣ дорад, ӯро аз ин балои сахт раҳоӣ бахшид. Аз ин ҷиҳат, эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллӣ, шинохти дурусти ҳувияти таърихӣ, қадр кардани мероси фарҳангии бузургони худ асоси ҳаётии ташаккул ва худшиносии миллӣ мебошад. Миллат то худро нашиносад, дӯсту душман, рафиқу рақиби худро муайян карда наметавонад.
Мо намегӯем, ки гузаштаи халқи тоҷик аз гузаштаи халқҳои дигар беҳтар аст. Мо мегӯем, ки беҳтар набошад, бадтар ҳам нест ва зиёдтар набошад, камтар ҳам нест. Аммо яқин аст, ки имрӯзи мо аз гузаштаи фарҳангиамон бояд беҳтару ғанитар бошад. Танҳо бо шинохтан ва фаро гирифтани мероси фарҳангии гузаштагонамон ҳаёти маънавии халқамон беҳтару комилтар мегардад.
Асли дунявият дар робита ба масъалаи худшиносии таърихии миллати тоҷик чунин маъно дорад, ки мо ба мероси фарҳангии бузургони худ аз рӯи муносибати онҳо ба фарҳанги умумибашарӣ менигарем. Танҳо аз ҳамин мавқеъ аҳамияти таърихӣ ва амалии мероси фарҳангиро барои имрӯзи миллати тоҷик дуруст шинохтан мумкин аст. Дар ин мероси исломӣ бузургони халқи тоҷик истисно буда наметавонанд. Дини ислом моҳияти умумиинсонӣ дошта, таърихан заминаҳои мусоиди омезиши арзишҳои фарҳангии байналмилалиро муҳайё намудааст. Ислом танҳо бо шамшер паҳн нашудааст. Дин ва фарҳанг бо шамшер паҳн намешаванд. Ислом ба воситаи фарҳангҳои бумӣ, фарҳангҳои қабилаву қавмҳо ва халқу миллатҳои гуногун барои худ роҳ кушода, дар ҳаёти амалии онҳо нақш ва мавқеи махсус пайдо намудааст.
Таърихан, халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ дар ҳошияи ҳаёти фарҳангии исломӣ қарор надошт. Аз ин рӯ, бе шинохти нақши бузургони халқи тоҷик дар фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ҳувияти миллии мо ноқис хоҳад монд. Ин холигоҳро бо шинохти саҳми бузурги фарзандони миллат дар инкишофи фарҳанги исломӣ, бахусус фиқҳ, калом ва тасаввуф, пур кардан мумкин аст. Намунаи барҷастаи онҳо Имоми Аъзам мебошад.
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки аз асосгузорони мазҳабҳои фиқҳие, ки дар олами ислом маъмул ва эътирофшуда мебошанд, ҳама араб буда, танҳо Имом Абӯҳанифа тоҷик буд. Шоёни зикр аст, ки аз нисф зиёди мусулмонони ҷаҳон пайрави мазҳаби фиқҳии Имоми Аъзам мебошанд. Ва ин нукта низ аз ҳақиқат дур нест, ки маҳз муҳити фарҳангии аҷамӣ ва парҳезгории Абӯҳанифа аз васвасаҳои сиёсӣ, дурӣ ҷустани ӯ аз мансабҳои давлатӣ дар хилофати Умавиҳо ва Аббосиҳо имкон дод, ки фиқҳи таҳаммулгароро ба замони худ пешниҳод намояд. Имоми Аъзам барои густариши ислом дар байни қавмҳои ғайриараб хидмати беназир намудааст. Бешубҳа, таҳаммулпазир будани мактаби фиқҳии ӯ боиси гароиши қавмҳои зиёде ба ислом гардидааст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Имоми Аъзам «шамшери ислом»-ро ба фарҳанги исломӣ иваз намуд ва қавмҳо дини исломро осону таҳаммулпазир дарёфта, ба он гурӯҳ-гурӯҳ гаравиданд.
Бозшинохти ин шахсияти бузург, ки мансубияти қавмиаш ба халқи тоҷик марбут аст, ҳаргиз бо иллати ғурури миллӣ ва таассуби мазҳабии мо нест. Аммо шарафёб шудан ва ба ин восита худро ба ҳамдигар шиносонидани халқу миллатҳоро, чунон ки зикр гардид, Худои Мутаол зарур медонад.
Имоми Аъзам бар пояи ин асли қуръонӣ эҳтироми ҳувияти фарҳангии қавмҳои дигарро таъмин намуд. Маҳз ба ҳамин хотир Абӯҳанифа ба забони қавмҳои ғайриарабӣ, махсусан забони тоҷикӣ, мақоми хоса бахшида, аҳамияти онро барои решадор сохтани фарҳанги қуръонӣ дар дилҳои мардум бисёр зарур мешуморид.
Аз ин ҷиҳат, таваҷҷӯҳ ба масъалаи забон дар фаъолияти масҷидҳо,  аҳамияти он барои ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ ва  ҳифзи асолати миллии забон дар мавъизаҳои ходимони дин бояд ҳамеша дар мадди назар бошад. Ба забони модарии худ бо Парвардигор розу ниёз гуфтан, зикру дуо карданро шариат аз корҳои писандида донистааст.
Дар замони Абӯҳанифа, тавре ки зикр гардид, дар байни фирқаҳои мухталифи исломӣ такфири якдигар маъмул гашта, расмият пайдо намуда буд.
Мутаассифона, чунин амали зишт ба баъзе фирқаву ҳизбҳои исломии муосир низ хос мебошад, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ  хатари калон дорад.
Имоми Аъзам имонро иқрору тасдиқ дониста, гуноҳи шахси мусулмонро, агарчи он аз кабоир бошад, сабаби хориҷ гаштани он аз имон намеҳисобад. Барои дин муҳим он аст, ки гунаҳкор гуноҳи кардаашро эътиқодан ва шаръан ҳалол, қонунӣ наҳисобад. Аз ин рӯ, дар ҳаққи мусулмон такфирро раво донистан амали зиддиқуръонӣ аст. Ҳамаи мусулмонон Қуръони Каримро, ки он конститутсияи диниашон мебошад, бояд риоя кунанд. Риоя нагаштани он боиси барангехтани кинаву адовати динӣ шуда, оқибатҳои вазнинро ба бор меорад.
Умуман, барангехтани кинаву адовати динӣ ва дар ин асос ба вуҷуд овардани низои динӣ аз назари Имоми Аъзам амри номашрӯъ аст. Аз Абӯюсуф, шогирди Абӯҳанифа, ривоят шудааст: Мо боре дар назди Абӯҳанифа нишаста будем ва гурӯҳе ду нафарро (аз уламои дин) оварданд ва гуфтанд, ки яке аз махлуқ будани Қуръон қоил аст ва дигар бар қидам, яъне махлуқ набудани он. Онҳо аз Абӯҳанифа ҳукмро нисбати ҳар дуи онҳо суол карданд. Абӯҳанифа ҷавоб дод: «Аз паси ҳар дуи онҳо намоз нагузоред». Онҳо гуфтанд: «Дар ҳақиқат ин ҳукм нисбати шахси аввал дуруст аст. Аммо чаро нисбати дувумӣ, ки ҳақ буд, чунин ҳукм раво шуд?». Абӯҳанифа ҷавоб дод: «Барои он ки онҳо дар дин низоъ ба вуҷуд оварданд, ки мунозаа бидъат аст, яъне нораво мебошад». Ин ҳукми Абӯҳанифа аз асли қуръонӣ бармеояд, ки мақсади он ҳифзи ягонагии мардуми мусулмон, субот ва амнияти ҷамъиятӣ мебошад.
Решаи ифротгароӣ ва терроризм дар ҷаҳони имрӯза дар бенавоӣ, бекорӣ, маҳрумиятҳо аз арзишҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ мебошад. Азбаски сатҳи зиндагӣ ва имкониятҳои фарҳангӣ, маърифатӣ дар бисёр кишварҳои исломӣ паст буда, мардум аз неъматҳои онҳо маҳруманд, дар он ҷо фаъолияти ҳар гуна созмонҳои ифротӣ имконпазир мебошад. Мутобиқи маълумотҳои Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи Индекси тавсиаи инсонӣ ҳамаи 40 кишваре, ки аксари аҳолии онҳо пайравони исломанд, дар ҷои паст қарор гирифтаанд. Аз кишварҳое, ки аз истеъмори мустамликадорон озод шудаанд ва истиқлолият ба даст овардаанд, ҳеҷ кадоме ба ҳадди кишварҳои пешрафта нарасидааст. Ва дар ин кишварҳо ба вуҷуд омадани созмонҳои ифротӣ аз имкон дур нест. Вале дур шудан аз ифрот тавассути  рушди фарҳанги миллӣ ва динӣ имкони воқеӣ пайдо мекунад. Зеро мероси миллӣ, динӣ, аз ҷумла мероси исломӣ ва талаботи дини мубини ислом метавонад чунин заминаи устувори маънавӣ гардад. Дар ҷаҳони имрӯза аксари муассисаю созмонҳои динӣ рӯ ба гуфтугӯ ва муколама ниҳоданд. Калисои католикӣ ва калисоҳои православӣ майл ба ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва ташкилотҳои исломӣ дар масъалаҳои муҳими замон: пешгирии низоъҳо, таҳкими сулҳ, риояи ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз ҳуқуқи зан, мубориза ба бемориҳои сангини аср, мубориза бо терроризм, расонидани кӯмак ба мардуми камбизоат ва ғайраро доранд. Онҳо ва инчунин созмонҳои исломӣ дар фикри онанд, ки фарқиятҳои эътиқодӣ набояд монеъа ба ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ, маориф,  тандурустӣ ва фарҳанг гарданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзистӣ ва гуфтугӯи динҳо решаи амиқ дошта, ҳеҷ гуна низоъ ва хушунат дар байни онҳо мушоҳида намешавад. Хурсандибахш аст, ки созишу таҳаммули якдигарӣ ва сулҳу сафо дар байни онҳо ҳукмрон буда, намунаи ибратбахши иттиҳоди халқҳои моро ба субут мерасонанд. Дар ҷаҳони ислом низ тамоюле қувват пайдо кардааст, ки пайравони динҳои гуногун дар аслҳои миллӣ ва фарҳангӣ бо ҳам муттаҳид мешаванд. Масалан, адибон ва мутафаккирони масеҳимазҳаб дар инкишофи забон, адабиёти бадеӣ ва фарҳанги миллии арабӣ саҳми бештаре гирифта истодаанд. Аз ҷумла адибон Салим Бустонӣ, Насиф ал-Язиҷӣ, Ҷорҷ Зайдон, Фараҳ Антун ва дигарон дар ин ҷанба фаъолияти муассир нишон додаанд. Ин амалест, ки мутафаккирони тоҷик дар асрҳои миёна барои инкишофи фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ҳам барои инкишофи фарҳанги исломӣ анҷом додаанд ва намунаи барҷастаи он осори Имоми Аъзам аст.
Манфиатҳои миллии мо тақозо мекунанд, ки пайвандҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ нигоҳ дошта шаванд, унсурҳои динӣ ба пешрафти унсурҳои миллӣ бо нигоҳ доштани муқаддасоти худ кӯмак намоянд. Китоби муқаддас – Қуръони Карим, андешаҳо ва аъмоли мутафаккирони исломӣ, манобеъи саршор аз баёнот дар бораи ваҳдати иҷтимоӣ, фарҳанг ва ахлоқ аст ва шомили мизонҳое ҳастанд, ки дар байни мардум мавқеи устувор доранд. Дини ислом мазҳари ҳукми рӯҳонӣ ва ахлоқӣ аст, ки метавонад ба манфиати миллат ва таҳкими давлатдорӣ хизмат кунад. Он дар якҷоягӣ бо андешаи миллӣ метавонад ҳамаи сатҳҳои зиндагии мардумро фаро гирад ва ба маҷрои солими такомул ва пешравӣ равона кунад.
Шарти бақои ҳар миллат ва ҳар давлат бар асари ихтилофот низоъ накардани мардумони онҳо мебошад. Ба мардуми мусулмон ин беш ва пеш аз ҳама дахл дорад. Қуръони Карим мефармояд: «Аз Худо ва паёмбараш итоат кунед ва бо ҳам низоъ макунед, ки заиф мешавед ва ҳайбати шумо аз байн меравад. Сабр кунед ва Худо бо шикебоён аст». (Сураи Анфол, ояти 46).
Тавре ки дидем, Имоми Аъзам рӯҳи замони худро дуруст дарк намуда, барои ягонагии уммати исломӣ, бартараф намудани  ҳар гуна ифрот дар масъалаҳои марбут ба ақида ва фиқҳи исломӣ, ҳифзи асолати фарҳангии қавмҳои гуногуни ҷаҳони ислом, махсусан урфу одатҳои мардумӣ ҳамчун сарчашмаи қонунгузории динӣ, тамоми нерӯи ахлоқӣ ва ақлонии худро бахшидааст.
ӯ он тоҷики шарафмандест, ки равияи ақлонии фиқҳии исломиро поягузорӣ ва  мактаби худро бунёд намудааст. Дар шароити имрӯза ба мақсади риоя ва татбиқи асли гуфтугӯи динҳо ва фарҳангҳо шинохти мероси бебаҳои ин фақеҳи бузург ҳам барои миллати тоҷик ва ҳам барои тамоми халқҳои мусулмон аҳамияти бузургеро молик аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 36553
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед