logo

мулоқотҳо

Ҳашт локомотиви нав вориди Тоҷикистон мешавад

Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз Ҷумҳурии Қазоқистон 8 локомотиви нав харид мекунад.
Дар ин бора Аскар Мамин, президенти Ҷамъияти саҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи ӯ, дар ин робита миёни ниҳодҳои дахлдор қарордоди лозим ба тасвиб расидааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гузориш медиҳад, ки дар мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба навсозии техникаю таҷҳизоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа ва такмили ихтисоси онҳо зоҳир гардид. Бино ба иттилои манбаъ, баррасии ҳаракати бемонеаи қаторҳои Тоҷикистон дар роҳи оҳани Қазоқистон, таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар масири ҳаракат низ аз мавзӯъҳои меҳварӣ будааст.
Дар ҳамин ҳол, Аскар Мамин зимни суҳбат бо хабарнигорон аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба рушди робитаҳои минбаъда таъкид кард. Ӯ изҳор дошт, ки дар суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи навсозии фаннии таҷҳизоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва омода намудани мутахассисони касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки аслан қаторҳои Тоҷикистон дар хати ҳаракат ба Федератсияи Русия аз қаламрави Қазоқистон убур мекунанд ва то кунун КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз ин кишвар 4 адад локомотиви нав дастрас намудааст. Президенти Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон итминон дод, ки таҷҳизоту техникаи воридшуда аз ин кишвар зарфияти хуб дошта, ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ аст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.13    №: 56    Мутолиа карданд: 2401
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед