logo

илм

Нури хирад

Фатҳия Икромова аз зумраи донишмандони соҳибкитоб, хушсухан, кордон, нуктасанҷ, ҷӯянда ва эҷодкор ба шумор меравад. Доираи фаъолияти илмию эҷодии муаллима фарох ва гуногунҷабҳа буда, таълиму тадриси забони модарӣ ва тарбияву ташаккули шогирдонро дар бар мегирад. Муаллима шаст соли умри бобаракат ва пурсамари худро ба ҷавонон  баҳри таълиму илмомӯзӣ бахшидааст. Дар Тоҷикистон ва берун аз он мактабе нест, ки муаллимону шогирдонаш  номи Фатҳия Икромоваро надонанд ва аз китобҳои дарсиву маводи илмию методии ӯ истифода набурда бошанд.
Фаъолияти омӯзгорӣ, таҳқиқотӣ ва ҷамъиятии муаллима Фатҳия Икромова куллиётест пур аз саҳифаҳои рӯҳафзо  ва ибратбахшу омӯзанда. Месазад муаррифиро аз он шурӯъ намоем, ки муаллима миёни олимони соҳа шахсе ҳастанд, ки тавассути рисолаҳо, китобҳои дарсӣ, мақолаҳо ва дастурҳои таълифнамудаи худ, ба монанди «Муаллима-маслиҳатчӣ», «Роҳи равшан», «Китоби хониш» барои синфи 2, «Забони модарӣ»  барои синфи 2, «Дарсҳои хониш ва инкишофи нутқ  дар синфи 1», «Зебо Ватани мо», «Материалҳои дидактикӣ оид ба таълими савод», «Дарсҳои хониш ва инкишофи нутқ» барои синфи 2 соҳиби мавқеи хоса ва обрӯю эҳтиром гардидааст.
Зимни таълифи китобу дастурҳо бо шоирону нависандагон ҳамкорӣ намуда, дар асарҳояш масоили ахлоқӣ, нақши зарбулмасалу мақол ва каломи ҳикматдорро зикр сохта, ба мавзӯи сулҳу дӯстӣ, тавсифи кору кӯшиш, ситоиши некӣ, тарғиби ватанпарастиву меҳнатдӯстӣ аҳамияти хоса дода, ки дар таълиму тарбияи хонандагони хурдсол  ва тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ нақши арзанда доранд.
Муаллима ҳунари омӯзгориро дар тарбияи омӯзгорони оянда тавсеа медиҳад. Байни олимони соҳа нафарони зиёде аз кору пайкори муаллима ибрат ва илҳом гирифта, ин соҳаи илмро идома мебахшанд.
Дар рисолаи «Инкишофи нутқи хонандагони синфҳои якум дар мактабҳои тоҷикӣ»  Фатҳия Икромова роҳу усулҳои самараноки инкишоф додани нуқти мактабиёни хурдсолро пешниҳод менамояд, ки он барои баланд бардоштани сифати фаъолияти таълимии  омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва донишандӯзии хурдсолон мусоидат менамояд. Дар маводи иловагии таълимӣ, хрестоматия барои инкишофи нутқи хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо номи «Зебо Ватани мо» намунаҳои назму насрро аз эҷодиёти шоирону нависандагон барои хонандаи хурдсол мураттаб намудааст, ки ҳангоми мутолиа дар баробари инкишоф додани нақли гуфторӣ ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ ва инсондӯстии онҳо ташаккул меёбад.
Дар ҳар нашри китобҳои дарсие, ки муаллима Ф.Икромова таълиф намудааст, ҳамеша навовариҳои зиёд, тарзу усулҳои самараноки таълим, тесту муаммоҳо, ребусҳо, саволу супоришҳои консептуалӣ ворид мешаванд, ки диққати хонандаи хурдсолро ба хондан ҷалб месозанд. Китоби дарсии «Забони модарӣ» барои синфи 2, дар ҳаммуаллифӣ бо И.Абдуллоев дар нашриёти «Маориф» аз соли 1997  то соли 2012 шаш маротиба нашр гардид. Имрӯз аз ин китоби муаллима омӯзгорони мактабҳои  тоҷикзабони Ӯзбекистон низ ҳамчун беҳтарин воситаи таълим истифода мебаранд.
Ф.Икромова ба донишҷӯён аз фанни методикаи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таълим медиҳад, ки подоши он маҳбубият дар байни ҳамкасбон ва шогирдон аст. Солҳои зиёд маҳорату малакаи худро сайқал дод, таҷрибаи пешқадами педагогҳои ҷаҳон ва муаллимони синфҳои ибтидоии кишварро омӯхта, таҳлил намуд ва  онҳоро бо илми муосири педагогӣ алоқаманд кард. Бо кӯшишу заҳмати беандоза дар пешрафт ва такмили технологияи навини таълими забони тоҷикӣ саҳми назаррас гузошт. Ҳамчун методисти шинохта ва омӯзгори ғамхор роҳбарии таҷрибаи омӯзгории донишҷӯёнро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба зимма дошта, дар ин кори пурмасъулият ба тайёрии касбии онҳо диққати  махсус медиҳад. Ба донишҷӯён воқеъбинона баҳо дода, ҳамеша кӯшиш ва таъкид менамояд, ки ҳамкасбону шогирдон дар тайёрии касбии онҳо устодони воқеъгаро, меҳрубон ва ҳам сахтгиру серталаб бошанд.
Муаллима пайваста мутолиа мекунад, менависаду менависад, гӯиё хастагии худро эҳсос намесозад. Асарҳои ҷолибу хонданбобе, ки хонанда аз мутолиаи онҳо як ҷаҳон маъниро аз бар менамояд, таълиф намудааст. Шахсе мебошад заҳматкаш, ботаҳаммул ва масъулиятшинос, суҳбаторо, санҷидагӯй.
Олимаи сермаҳсул барои хизматҳояш дар соҳаи маориф бо медали “Барои меҳнати шоён», нишонҳои «Аълочии маорифи ИҶШС»,  «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ИҶШС, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гаштааст.
Фатҳия Икромова дар баробари омӯзгор, устоди устодон, олиму методисти шинохта буданаш, ҳамсари вафодор ва модари меҳрубон аст.

Б. МАҶИДОВА,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор,
Ш. КОТИБОВА, номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.13    №: 57    Мутолиа карданд: 5635
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед