logo

туризм

Рағбати сайёҳон ба Тоҷикистон меафзояд

Ёдгориҳои бостоншиносию таърихӣ, меъморию шаҳрсозӣ, санъати монументалию тасвирӣ, кандакорию наққошӣ вилояти Суғдро ҳамчун  яке аз минтақаҳои  бостонии Осиёи Марказӣ  муаррифӣ мекунанд.  Шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Исфара  ва ноҳияи Айнӣ марказҳои рушди сайёҳии ин минтақа ба шумор мераванд. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба вазъи кунунии соҳаи сайёҳӣ дар минтақа хабарнигори рӯзнома бо чанд тан аз масъулони соҳа ҳамсуҳбат гардид.
Аҳрорхон Хоҷаев, мутахассиси  пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд,  гуфт, ки дар вилоят 18 ширкати сайёҳӣ барои фаъолият иҷозатнома гирифта, дар самти туризми экологӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, таърихӣ - этнографӣ, табобатӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводид, шиносномаи хориҷӣ ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Давоми соли 2012 ба вилоят 3095  сайёҳ ворид гардида, аз ин ҳисоб  ба буҷети вилоят зиёда аз 1 млн. сомонӣ ворид шуд.  Дар мусобиқаи варзишии кӯҳнавардӣ,  ки  аз ҷониби ширкати  "Вертикал" - и шаҳри Маскав   дар мавзеи Заминқарори деҳаи Марғеби ноҳияи Айнӣ баргузор гардид,  76  кӯҳнавард  аз 14 давлат  иштирок намуд. Соли 2012 бештари сайёҳон аз Қирғизистон, ИМА, Фаронса,  Русия, Олмон, Украина, Ҷопон, Чин ташриф намуданд ва иқомати онҳо аз 1 то 45 рӯз идома ёфт. 
Мирзоҳаким Рустамов, директори кулли ширкати "Суғдиён - Помир - Тур",  иброз дошт, ки  баста будани сарҳади Узбекистон садди роҳи омадани сайёҳон ба минтақа шудааст. Гароннархии  чиптаи Хуҷанд - Маскав ва Маскав - Хуҷанд низ ба рушди сайёҳӣ дар вилоят  монеа эҷод мекунад, танҳо харҷи яктарафа 500 - 600 долларро ташкил медиҳад. Сайёҳон бештар ба тамошои кӯҳистон майл доранд. Чанде қабл ду сайёҳи миллиондори араб ба кишвар ташриф оварда буданд ва  аз сайри кӯҳҳои Фон серӣ надоштанд. Кушода шудани  хатсайрҳои Хуҷанд - Дубай, Хуҷанд - Деҳлӣ низ ба нафъи кор аст. Айни замон танҳо хатсайри Урумчӣ - Хуҷанд фаъол аст, ки ин ҳам ба кишвари Чин тааллуқ дорад. Аз ин рӯ, барои сайёҳони кишварамон автобусҳои "Митсубисӣ" ташкил кардем, ки 28 касро бо ҷойи нишаст ва хоб таъмин карда, дар 2 рӯз ба Чин мерасонанд. Ин  сайрхат 6 моҳ боз  фаъолият дорад.
 Аксари  сайёҳон аз назорати гумрукӣ меноланд, тафтишоти зиёд онҳоро руҳафтода мекунад. Барои назорат кормандони мақомоти гумрук метавонанд аз тариқи кофтукови  таҷҳизоти худкор истифода кунанд. Сайёҳон бештар ба ҷойҳои таърихию фарҳангӣ мароқ зоҳир мекунанд. Сайёҳони ватанӣ тамошои Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Чинро меписанданд.
Шодмонқул Сангинов, директори  ширкати сайёҳии "Ҳафт кӯл", мегӯяд, барои рушди сайёҳӣ дар ин мавзеъ мушкилиҳо зиёданд, ҳатто дар роҳҳо ҳоҷатхонаҳои барои сайёҳон мувофиқ нест. Мушкилии дигар он аст, ки ҳамватанони мо бештар берун аз ватан сафар мекунанд, вале намедонанд, дар кишвари худ мисли Ҳафткӯл мавзеъҳои зиёд дорем, ки ҳаловату таассуроте камтар аз сайргоҳҳои хориҷӣ надоранд.
Ширкати сайёҳии "Ҳафт кӯл"  дар соҳили рудхонаи Марғузори деҳаи Рашнаи ноҳияи Панҷакент воқеъ буда, дорои 5 адад коттеҷ аст ва  якбора 20  сайёҳро қабул карда метавонад. Аз манзараҳои зебои диёри худ ҳаловат бурдан низ арҷгузорӣ ба меҳани хеш аст, - мегӯяд ӯ.
Эраҷ Муҳамммадҷонзода, сарвари ширкати сайёҳии Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии "Артуч", гуфт, ки  дар ду соли охир  муҳлати фароғати сайёҳон дар ин сайргоҳ 10 - 15 рӯз аст. Рӯз ба рӯз хоҳишмандони дидани Тоҷикистон меафзоянд. Аммо гирифтани раводид барои сайёҳон мушкил аст, онро бевосита аз шаҳри  Душанбе дастрас менамоем, ки вақти зиёдро мегирад. Агар Вазорати корҳои хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд шуъбаи консулӣ кушояд, як мушкили соҳаро то андозае ҳал менамояд.  
Бо бартараф кардани монеаҳои мавҷуда сафи сайёҳон афзуда, ба буҷаи давлат бештар ворид гардидани фоида имконпазир мешавад.  Мақомоти дахлдор бояд барои ҳалли ин мушкилиҳо талош варзанд.

Рамзия БЕҲРОНОВА,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.13    №: 58    Мутолиа карданд: 5918
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед