logo

паёмҳо

Паёми навбатӣ - баёнгари пешрафт ба сӯи фардо

26 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат баргузор гардид, паёми навбатии худро ба парлумони кишвар ирсол намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайяну мушаххас намуд.
Роҳбарияти парлумон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти оғози ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар толори калони бинои Маҷлиси Олӣ ба ҷо оварда, барои шунидани паёми навбатии Президенти кишвар ба Кохи Ваҳдат ташриф оварданд.
Ба ин муносибат дар толор, ҳамчунин Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, эҷодӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, ширкатҳои фаъолу соҳибнуфузи хусусӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигарон, дар маҷмӯъ зиёда аз 1300 нафар ҷамъ омаданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро дар 7 соли охир мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ рушди иқтисоди кишвар ба ҳадди 7% расонда шуда, сатҳи таваррум аз 19% то 6,4% коҳиш дода шуд. Зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзуда, ба ҳар нафари аҳолӣ аз 1335 то 4580 сомонӣ ё 3,4 баробар зиёд гардид. Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳо чоруним ва маоши миёнаи воқеии як корманд панҷуним баробар афзоиш ёфт.
Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар ҳафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонӣ то ба 12,2 миллиард сомонӣ дар соли 2013 афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2006-ум беш аз 7 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳандиҳанда дар муқоиса бо соли 2000-ум, ки 226 миллион сомониро ташкил дода буд, 54 баробар зиёд мебошад. Инчунин аз соли 2006 сар карда, то соли 2012 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ ба ҳисоби миёна шаш баробар зиёд гардид. Илова бар ин, аз соли 2006 то соли 2013 андозаи нафақа чоруним баробар афзудааст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки "ин натиҷаҳо ҳанӯз моро қаноатманд карда наметавонанд" ва барои расидан ба нишондодҳои бештару беҳтар дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла изҳор гардид, ки минбаъд маошу нафақа ва идрорпулии донишҷӯён боз ҳам зиёд карда мешавад.
Тавре зикр гардид, бо маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ то соли 2020 музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз дуюним то се баробар бояд зиёд карда шавад. Дар марҳалаи аввали татбиқи ин ҳадаф аз 1-уми сентябри соли 2013 музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии соҳаи маориф ба ҳисоби миёна ба андозаи 30 фоиз, кормандони дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, аз ҷумла илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ходимони давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин ҳамаи намудҳои нафақа ва стипендия ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Таваҷҷуҳи зиёд ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, истифодаи босамари заминҳои корам, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил аз зиминҳои обӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум зоҳир карда шуд. Тавре зикр гардид, тайи 7 соли охир дар ҷумҳурӣ 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи нави корӣ сохта, ба кор дароварда шудааст.
Бо ёдоварӣ аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз, ки тибқи он номгӯйи андозҳо аз 24 то 10 намуд коҳиш дода шуд ва ҳамчунин дигар сабукиҳое, ки барои дастгирии соҳибкорию сармоягузории хусусӣ дода шудааст, идомаи бомароми ин раванд зарур шумурда шуд. Бо таваҷҷуҳ ба имкону захираҳои фаровон барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, амалӣ намудани тадбирҳои бештар барои бунёди инфрасохтори зарурӣ ва фазои мусоид матлуб дониста шуд.
Зимни баррасии мушкилу монеаҳои соҳаи энергетикаи кишвар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон норасоии неруи барқро, ки дар Тоҷикистон ҳамасола давоми 6 моҳ ҷой дорад, монеаи асосии ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва умуман рушди иқтисодӣ номид. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки барои таъмини истиқлоли энергетикии кишвар имкону захираҳои мавҷуда мавриди истифода қарор мегиранд. Тавре зикр гардид, тайи 7 соли охир ба иқтидори умумии ҳазор мегаватт неругоҳҳои барқӣ бунёд ёфт ва ин кор минбаъд низ собитқадамона идома дода мешавад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли гузашта бо ифтитоҳи нақби Шаҳристон Тоҷикистон аз бунбасти дохилии нақлиётӣ раҳо ёфта, аз ҷиҳати коммуникатсионӣ, ба кишвари воҳид табдил ёфт.
Дар робита ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ арқоми ҷолиби оморӣ садо дод. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар зарфи 7 соли охир дар кишвар беш аз ҳазор мактаби нав сохта, ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми саховатпешае, ки пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон дасти кумак дароз мекунанд, арзи сипос карда, таъкид дошт, ки "ин гуна табақаҳои аҳолӣ бояд таҳти ғамхории доимии сохторҳои масъули давлатӣ ва мардуми сарватманду саховатпеша қарор дошта бошанд". Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон 3300 кӯдаки бепадару модар ва 102 ҳазор кӯдаконе, ки ё падар ё модар надоранд, мавҷуданд. Ҳамчунин 180 ҳазор оилаи камбизоат ба кумаки пайваста ниёз доранд.
Дар робита ба омодагӣ ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: "Ман, ҳамчун Президенти кишвар, ки кафили амали Конститутсия аст, кафолат медиҳам, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озод, шаффоф ва демократӣ баргузор мегардад".
Зимни таҳлилу баррасии масоили вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти ҷомеа, пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия масъалаи мубрам номида шуд. Вазифаҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба таъмини волоияти қонун, адолати судӣ, тақвият додани омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сатҳи касбии кормандону ходимони ин соҳаҳо муайян карда шуд.
Зимни баррасии самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат, пеш аз ҳама таъкид гардид, ки Тоҷикистон стратегияи "дарҳои кушода"- ро идома дода, бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ хоҳад кард. Ҳифзи истиқлолият, давлатдории миллӣ, асолату ҳуввияти миллӣ, амнияту субот ва пешрафту тараққиёти кишвар аз вазифаи муҳимтарини сиёсати дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон номида шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.13    №: 59-60    Мутолиа карданд: 4004
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед