logo

президент

Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат

26 апрел, нимаи дуюми рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир ба баррасии вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳои оянда баргузор гардид.

Дар он доир ба мавзӯи асосӣ нахуст ахбори вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода шунида шуд. Тавре зикр гардид, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин муҳлат ба 6,7 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3% афзудааст. Даромади воқеии аҳолӣ бошад 19,8% афзун гардидааст.
Сарвари  давлат  Эмомалӣ  Раҳмон аз фаъолияти нокифояи минтақаҳои озоди иқтисодӣ изҳори норозигӣ карда, доир ба ҷоннок намудани кори онҳо супоришҳои мушаххас дод. Тавре зикр гардид, то андозае корҳои ибратбахш танҳо дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд ба назар мерасаду бас.
Зимни ахбори вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даромадҳо ба Буҷети давлатӣ 101,6% иҷро шуда, ба он 2,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст. Ин маблағ нисбат ба нақша 40 миллион ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 550 миллион сомонӣ зиёд аст. Ғайр аз ин, дар се моҳи аввали соли равон 5 созишномаи қарзию грантӣ бо маблағи умумии 360 миллион сомонӣ ба имзо расида, лоиҳаи 6 созишномаи дигар бо маблағи 500 миллион сомонӣ дар арафаи ба имзо расидан қарор доранд.
Дар ахбори вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар се моҳ қариб ба 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ расид. Дар муҳлати ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 79 корхонаи саноатӣ бо 1340 ҷойи корӣ ба кор даромад.
Ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дӯхти либоси мактабӣ пурра дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад ва таъкид гардид, ки дар ин сурат, бо ҳисоби камтарин, беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ, ки ба воридоти ин маҳсулот аз хориҷи кишвар равона мегардад, дар дохил аз худ карда мешавад. Супоришҳои мушаххаси дигар, ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, пӯст, пашм, пахта, алюминийи аввалия, металҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд.
Роҳбарияти ширкати "Барқи Тоҷик" вазифадор шуд, ки барои коҳиш додани талафоти техникӣ ва таъмини ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ чораҳои муассир андешанд.
Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов гузориш дод, ки зимни кишти тирамоҳӣ дар маҷмӯъ дар 320 ҳазор га ғалладона кишт шудааст ва 133 ҳазори он заминҳои обӣ аст. Кишти пахта бошад, ба андозаи 76% иҷро шуда, барои ба 1 миллион тонна расондани ҳосили картошка замина муҳайё гардидааст. Тавре зикр ёфт, беҳшавии нишондодҳо, ҳамчунин дар кишти дигар зироатҳо ва дар бахшҳои боғутокпарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ ба назар мерасад.
Доир ба нишондодҳои рушд, ҳамчунин муовини Сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раисони шаҳру ноҳияҳои дигар гузориш доданд.
Ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот доир ба таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқию ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва тақвияти омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар охири машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ба роҳбарони мақомоти ҷумҳуриявию маҳаллӣ, пеш аз ҳама доир ба татбиқи амалии супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баёнгардида, супоришҳои мушаххас дод.
Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба вусъат додани кишти баҳории зироатҳо, омодагӣ ба кишти такрорӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, бо истифода аз тухмиҳои беҳтарин ва дастовардҳои пешқадами илмӣ афзун намудани ҳосилнокии зироатҳо ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда дода шуд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба омодасозии шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ зоҳир карда шавад. Таъкид гашт, ки шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанберо барои қабули гармӣ аз Маркази нави барқугармидиҳӣ, ки тирамоҳи имсол навбати аввалаш бо иқтидори 50 мегаватт бояд ба кор дароварда шавад, омода созанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.13    №: 61    Мутолиа карданд: 25009
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед