logo

мулоқотҳо

Тоҷикистону Швейтсария дар масири ҳамкориҳои бештаранд

27 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиерро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои ду кишвар ва робитаҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баррасӣ шудааст. Дар суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои пайвастаи Конфедератсияи Швейтсария аз рушди босуботи Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди омодагӣ ба ҳамроҳшавӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо, ёдовар шуда, ба роҳбарияти ин кишвари дӯст арзи сипос намуд. Бар асоси гузориши манбаъ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз муҳтавои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла дар се самти авлавиятноки фаъолияти он - сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ин созмонро "яке аз сохторҳои муҳими ҳамёрии бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ" номидааст.
Айвес Россиер, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнгорон суҳбат дошт, натиҷаҳои сафараш ба кишвари мо ва дидору гуфтугӯ бо Сарвари давлатро судбахш арзёбӣ кард.
Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария иттилоъ дод, ки кишвараш соли оянда раёсат дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда хоҳад гирифт, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин замина яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот ба шумор рафтааст. Мавсуф итминон дод, ки Конфедератсияи Швейтсария дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфуз дар таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон бо Афғонистон пас аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз  ин кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Айвес Россиер сармоягузорӣ ба соҳаи маорифро, ки ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарини рушди кишвар аст, таъкид намуда, тавсеаи ҳамкориҳо дар ин бахшро зарур шумурд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.13    №: 61    Мутолиа карданд: 2314
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед