ҳукумат
Аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғоз нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар бораи рушди соҳаи чорводорӣ шунида шуд.
Тавре зикр гардид, дар ин ноҳия соли 2012 нисбат ба соли 2000 саршумори чорвои калони шохдор 188%, моли майда 179% ва истеҳсоли гӯшт 109% афзудааст. Аз 2228 хоҷагии гуногуни соҳаи кишоварзӣ 102-тоаш ба чорводорӣ машғул аст. Бо нигаронӣ иттилоъ дода шуд, ки аз 3 ҳазор га замини обии ноҳияи Ховалинг якуним ҳазораш бо сабаби аз кор мондани шабакаҳои обрасонӣ аз истифодаи мақсаднок боз мондааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур дод, ки ин камбудӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шавад. Роҳбарияти ноҳияи Ховалинг ва ҳам масъулони ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шуданд, ки доир ба хушзот намудани чорво, афзоиши саршумори он ва боло бурдани нақши ин ноҳия дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир тадбирҳои муассир андешанд.
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ " ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ҳисобот дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, маҷмӯи маҳсулоти маҳаллии ноҳия дар семоҳаи якуми соли равон ба 48 миллиону 143 ҳазор сомонӣ расида, нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ 101,1% иҷро гардидааст. Корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рушди истеҳсолот, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ босубот ривоҷ меёбад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ " ва лоиҳаи як зумра қонунҳои дигар дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳои конститутсионӣ "Дар бораи мақомоти прокуратура", "Дар бораи судҳо", "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ " ва қонунҳо "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия", "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" ва "Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ " пешниҳод гардиданд.
Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Истаравшан ва Исфараи вилояти Суғд, Стратегия оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2018, Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014 тасдиқ карда шуд.
Ба раисони шаҳрҳои Истаравшану Исфара ва масъулони ҷумҳуриявӣ доир ба ободу зебо намудани ин шаҳрҳои бостонӣ ва дорои имкону захираҳои фаровони рушд супоришҳои мушаххас дода шуданд. Таъкид гардид, ки барои навсозии роҳҳои маҳаллӣ, рушди кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва барқарорсозии иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ҳамчунин беҳсозии сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои судбахш амалӣ шаванд.
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва Муассисаи давлатии Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ қабул гардид.
Дар фуроварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон доир ба корҳои соҳилбандӣ, пешгирӣ аз хатарҳои селу жола ва дигар офатҳои табиат, вусъати кишти баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дод.
Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин оид ба омодагии ҷиддӣ ба Рӯзи миллии дав (19 май), Рӯзи ҷавонон (23 май) ва ба роҳ мондани чорабиниҳои оммавии варзишию фарҳангӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳисси худшиносию ватандӯстии мардум дода шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.05.13 №: 62 Мутолиа карданд: 5065