logo

мулоқотҳо

Русия ба таҳкими ҳамкориҳо дар роҳи оҳан ҳавасманд аст

Владимир Якунин, роҳбари ширкати Роҳҳои оҳани Федератсияи Русия, ин нуктаро рӯзи 6 май дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баён кард.
Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши ин хабар иттилоъ медиҳад, ки зимни суҳбат масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва соҳили Балтика дар бахши нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид. Зимнан мулоқоти роҳбарони сохторҳои марказии ин кишварҳо дар бахши роҳи оҳан, ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, судманд арзёбӣ гардида, аз натиҷаҳои он изҳори хушнудӣ шудааст.
Роҳбари ширкати Роҳҳои оҳани Федератсияи Русия баъд аз анҷоми дидор бо Сарвари давлат дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки мо дар садади тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар ин бахш қарор дорем. Номбурда изҳор дошт, ки мо зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои марбут ба роҳи оҳан, ҳамчунин дигар самтҳои ҳамкориро баррасӣ кардем. Владимир Якунин аз баҳои Президенти ҷумҳурӣ, ки Шӯрои роҳиоҳанчиёнро ниҳоди боэътимоде дар густариши равобити ҳамкориҳо дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ кардааст, истиқбол намуд ва итминон дод, ки масъулони ниҳоди марбута низ уҳдадориҳои худро муваффақона анҷом медиҳанд.
Зикр шуд, ки феълан дар ҳамкориҳои мо мушкили ҷиддие вуҷуд надорад. Ончи ба назар мерасад, танҳо мушкили техникист ва масъулони соҳа ҷиҳати рафъи он чораҳои муассир меандешанд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.13    №: 64    Мутолиа карданд: 2401
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед