logo

паёмҳо

Паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ғалаба, шаҳри Душанбе, 8 майи соли 2013

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!

Фардо мардуми кишвари соҳибистиқлоли мо 68 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҷлил менамоянд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиш аз корномаҳои неки иштирокчиёни ин набарди бесобиқаи таърихӣ ёд мекунанд.
Дар ин айёми муборак ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ғалаба табрик гуфта, ба ҳамаи шумо зиндагии шоиста, хотири ҷамъ ва сиҳатмандиву саодати рӯзгор орзу менамоям.
Мо имрӯз шукргузор аз он ҳастем, ки шумо - собиқадорони муҳтарам дар ҷабҳаҳои ҷанги шадиду хунини солҳои 1941-1945 далерона размида, ҳоло бо таҷрибаи ибратомӯзи худ дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳмгузор ҳастед.
Ғалабаи беназири шумо бар фашизм ба ивази корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ ба даст омада, самараи дӯстии халқҳо ва муборизаи муштараки онҳо мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун Иди зафар нақш бастааст.
Мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаро ҳамасола ҳамчун натиҷаи азму талоши фарзандони бонангу номуси худ дар роҳи озодӣ ва ҳимояи Ватан ҷашн мегиранд.
Садҳо кӯчаву хиёбон ва лавҳаҳои ёдгорӣ ба ифтихори сарбозону афсароне, ки дар ҷабҳа матонату мардонагӣ нишон додаанд, инчунин онҳое, ки аз майдони набард барнагаштаанд, номгузорӣ гардида, ба зиёратгоҳ ва ба василаи тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасони кишвар табдил ёфтаанд.
Дарвоқеъ, нақши фарзандони далеру ғамхори халқамон, яъне онҳое, ки дар он солҳои мудҳиш ба хотири сулҳу оромӣ сина сипар кардаанд, дар густариши ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносии ҷавонон нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан ҳамчун як рукни барномаи амали ташаккули фарҳанги ватандӯстии ҷавонони кишварамон бисёр муҳиму арзишманд аст.
Ҷанги дуюми ҷаҳон воқеан аз ҷумлаи мудҳиштарин фоҷеаҳои аҳли башар дар асри гузашта буда, дар замони он Тоҷикистони мо низ ба мушкилоти сахту сангин ва хисороти ниҳоят зиёди моддӣ рӯбарӯ гардид, ки азияташ то имрӯз идома дорад.
Вазнинтарин талафоти ин воқеаи мудҳиш, ки доимо пеши назарамон меояд, ин қариб аз 300 ҳазор нафар фарзандони ба ҷабҳаи набард фиристодашуда барнагаштани 100 ҳазор нафари онҳо мебошад, ки ҷои онҳо то имрӯз холист, вале номи некашон дар қалбҳои мардуми сарзаминамон зинда мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки корномаи даҳҳо ҳазор нафар ҷанговарони тоҷик бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардида, қаҳрамонии онҳо муҳтавои асосии садҳо китобу достонҳо, филмномаву ёддоштҳо ва таҳқиқоти таърихнигорон гардидааст.
Мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем. Бо гузашти солҳо арзиши муборизаву корномаи онҳо дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар шуда, барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад.
Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи ниҳоят душвори иқтисодии рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба хотири ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории соҳибистиқлолӣ, пешрафти рукнҳои давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум артиши миллии худро таъсис дод.
Инак бистуяк сол мешавад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо, яъне сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон бо садоқат ба давлат ва халқи Тоҷикистон дар ҳимояи марзу буми Ватан қарор дошта, ба хотири таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва суботу оромии ҷомеа шабурӯз заҳмат мекашанд.
Хусусан дар шароити имрӯза, ки минтақаву кишварҳои гуногуни олам бар асари шиддат гирифтани рақобату муқовимати доираву нерӯҳои мухталиф ноором гардидаанд, масъулияти сохторҳои низомӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакати мо низ ба маротиб меафзояд. Вобаста ба ин, тарбияи рӯҳи ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон, ҳарчи бештар тавсеа бахшидани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳушёриву зиракӣ ва ба хизмати Ватан - модар омода намудани онҳо қарзи падару модарон, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорону зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон кумаку ғамхорӣ ба гурӯҳҳои нисбатан осебпазири аҳолӣ, пеш аз ҳама собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат ба ҳисоб рафта, мо кӯшиш дорем, ки ин вазифаи инсонии худро минбаъд низ идома диҳем.
Айни замон шумораи собиқадорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишвари мо 1441 нафарро ташкил дода, ҳамаи онҳо пурра таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро мо ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои шумо - диловарони майдони набардро фаромӯш намекунем ва таҳти ғамхории доимӣ қарор додани шуморо вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобем.
Бори дигар ҳамаи шумо - собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми кишвари азизамонро бо Рӯзи ғалаба самимона табрик гуфта, ба шумо, пеш аз ҳама, осмони соф, зиндагии шоиста ва дар амалӣ намудани сиёсати созандаи давлати соҳибистиқлоламон барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҷашни ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.13    №: 65    Мутолиа карданд: 7152
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед