logo

сафарҳо

Сафари расмии Президент ба Таиланд ва Чин

17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Таиланд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Зимни сафар Сарвари давлати Тоҷикистон нахуст аз Шоҳигарии Таиланд боздиди расмӣ анҷом медиҳад. Мулоқотҳои судбахш бо Подшоҳи Таиланд Рама 9 Пумипон Адулядет, Сарвазири ин кишвар Йинглак Шинаватра ва Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Таиланд дар назар аст. Ҳамчунин як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ва баёния аз натиҷаҳои сафари расмӣ ба имзо мерасанд.
Дар  Шоҳигарии  Таиланд  Президенти   Ҷумҳурии   Тоҷикистон   Эмомалӣ  Раҳмон, ҳамчунин дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” иштирок ва суханронӣ карда, бо чанде аз иштирокдорони ин ҳамоиш мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад. Вохӯриҳои дуҷониба, аз ҷумла бо Президенти Бонки осиёии рушд Такехико Накао ва ёвари Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи Комиссияи масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ин созмон барои Осиё ва Уқёнуси Ором Ноэлин Ҳайзер дар назар аст.
Зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бошад Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ин давлат Си Ҷинпин, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чжан Дэҷян, муовини якуми сарвазири Шӯрои давлатии Чин Чжан Гаоли, раиси Шӯрои мудирони Бонки давлатии рушди Чин Ху Хвэйбан, президенти Бонки содироту воридоти Чин Ли Жео Гу ва губернатори музофоти Хэнан Се Фучжан мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин интизор меравад, ки беш аз 10 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расад. Дар миёни онҳо Эъломияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодӣ-техникӣ ва санадҳои дигар доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои нави зербиноӣ хоҳанд буд.
Таъкид бояд дошт, ки бо барқарор шудани муносибатҳои шарикии стратегӣ дар таърихи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин саҳифаи тозае боз хоҳад шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.13    №: 68    Мутолиа карданд: 2075
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед