logo

мулоқотҳо

Рут Дрейфус дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

15 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфусро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирӣ аз таъйин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ шудааст.
Дар Тоҷикистон татбиқи ҳукми қатл солҳои  1998 – 2003 маҳдуд гардида, аз соли 2004 то кунун ба он мораторий эълон шудааст. Ин амр аз ҷониби ниҳоду созмонҳои гуногуни ҷаҳонӣ мавриди истиқбол қарор гирифта, дар пайи он аз соли 2004 ба ин сӯ дар кишвари мо ҳукми қатл таъйин ва татбиқ нагардидааст. Дар ҳамин ҳол аз моҳи марти соли 2005 ба ҷойи ҳукми қатл ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда мешавад.
Хонум Рут Дрейфус, ки баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, изҳор дошт, ки вобаста ба ин масъала Тоҷикистон дар масири дуруст қарор дорад. Собиқ президенти Конфедератсияи Швейтсария зикр намуд, ки кишвараш ҷонибдори бекор гардидани ҳукми қатл дар ҳамаи кишварҳои олам буда, барои расидан ба ин ҳадаф талошҳояшро идома хоҳад дод. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар ояндаи наздик масъалаи пура бекор шудани  ҳукми қатл дар Тоҷикистон ниҳоӣ мешавад. Рут Дрейфус таъкид намуд, ки барои расидан ба ин ҳадаф Швейтсарияву ҳампаймононаш ва созмонҳои шарик дар канори Тоҷикистон хоҳанд буд.
Зимнан аз моҳи апрели соли 2010 дар Тоҷикистон доир ба зарурати хориҷ кардани ҳукми қатл аз қонунгузории кишвар гурӯҳи кории вижае амал мекунад. Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ мегӯяд, ки дар мулоқот Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки давлати Тоҷикистон мавқеи ниҳоии худро доир ба ин масъала дар асоси хулосаҳои ин гурӯҳи корӣ, ки бо назардошти афкори ҷомеа ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бароварда мешавад, муайян хоҳад кард.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.13    №: 68    Мутолиа карданд: 2476
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед