logo

номаҳо

Андешаҳои муаллиф қисман дурустанд

(Ҷавоб ба мақолаи "Зафаробод кай бо об таъмин мегардад?", рӯзномаи "Ҷумҳурият", аз 12 феврали соли 2013, №20) 

Мақолаи Ҷовиди Аштӣ "Зафаробод кай бо об таъмин мегардад?" дар маҷлиси васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз рӯи он тадбирҳо андешида шуданд.
 Бояд гуфт, ки андешаҳои муаллиф перомуни нарасидани оби полезӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия қисман дурустанд. Солҳои пешин дар ҳақиқат дар ноҳияи Зафаробод ҳолатҳои танқисии  оби полезӣ  ба мушоҳида мерасид. Зеро пойгоҳҳои обкашӣ ҳанӯз солҳои 60-уми қарни гузашта сохта шуда, бо мурури солҳо куҳнаю корношоям гаштаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба мақсади соли равон бо оби полезӣ пурра таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.
Ба ин мақсад 10,3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Ба ибтикори корхонаи масъулияташ маҳдуди "Илҳом-2", ки дар тендер ғолиб омад, як адад муҳаррики баландшиддати 8 - ҳазоркиловатта, як миқдор қисмҳои эҳтиётӣ барои дастгоҳҳои обкашӣ ва барқӣ харида шуданд.
 Дар як вақт зеристгоҳи барқии 110-киловатта дар пойгоҳи обкашии "Мирзочӯл-3", ки солҳои тӯлонӣ аз сабаби носозӣ бекор мехобид, пурра барқарор карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар мавсими имсолаи обёрӣ хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо оби полезӣ пурра таъмин шудаанд. Ҳамаи муҳаррикҳои пойгоҳҳои обкашӣ бо тамоми иқтидор кор мекунанд. Кормандони пойгоҳҳои обкашии «Мирзочӯл - 3» баҳри он мекӯшанд, ки хоҷагиҳои ноҳияро то охири мавсим бо оби полезӣ таъмин намоянд.
          
Р.АШУРОВ,
муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.13    №: 72-73    Мутолиа карданд: 5193
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед