logo

муҳоҷират

Муҳоҷирони меҳнатӣ: ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо таъмин мешавад

27-30 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии   "Таҷрибаи ҷаҳонии ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон", баргузор мегардад. Дар кори он роҳбарони  фондҳои нафақавӣ  ва  иҷтимоии кишварҳои хориҷии дур ва ИДМ, инчунин Котиби генералии Ассотсиатсияи байналмилалии таъминоти иҷтимоӣ ширкат меварзанд.
Дар конференсия масъалаи муҳими сиёсию иҷтимоӣ - таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бо ин мақсад аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон лоиҳаи "Тартиби ба суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ ҷалб намудани муҳоҷирон, ки фаъолияти худро берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд" таҳия шуда, дар кори конференсия муҳокима хоҳад шуд. Дар иртибот ба ин мавзӯъ Раҷабалӣ Дамонов, директори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, андешаҳои худро чунин иброз кард:

- Мукаммал гардондани заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки омили асосии ислоҳот ва воситаи асосии рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, имкон медиҳад, ки норасоию муаммоҳое, ки садди роҳи пешравӣ дар самти таъмини иҷтимоии аҳолӣ мегарданд, бартараф шаванд. Дар ин маҷро қабули қонуну қарорҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ боиси пешравӣ ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардидааст.
Айни ҳол Ҳукумат мақомоти дахлдорро вазифадор намудааст, то ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонеро, ки дар хориҷи кишвар сукунат доранд, дар асоси ҳуқуқҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои дутарафа таъмин созанд ва дар ин раванд муносибатҳои ҳамаҷонибаро бо кишварҳое, ки ҳамватанони мо ҳаёту фаъолият доранд, тақвият мебахшад.
Як далели ин гуфтаҳо таъсиси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, ки масъули пешбурди сиёсати муҷтамеи ба муҳоҷирони меҳнатӣ марбут мебошад. Таъсиси чунин як сохтор дар ба низом даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи дурусту мақсадноки қувваи корӣ дар хориҷи кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони мо мусоидат хоҳад кард. 
Дигар ин ки бо мақсади ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар асоси супориши Сарвазири кишвар ҳанӯз соли 2007 аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд. Вобаста ба он, ки низоми ҷалби муҳоҷирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар ягон кишвар ба роҳ монда нашуда ва теъдоди аксари муҳоҷирон дар Федератсияи Русия кору фаъолият доранд (тибқи маълумоти мавҷуда, аз теъдоди умумии шаҳрвандоне, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кору фаъолият мекунанд, 86 дарсади онҳо дар Федератсияи Русия ва фоизи боқимонда дар кишварҳои гуногуни дунё фаъолият мекунанд), гурӯҳи корӣ тасмим гирифт танзими ин низом аввалан, агар дар ин кишвар баррасӣ шавад, пас он метавонад минбаъд дар ҳама кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, вобаста ба шарт ва имконият, мавриди истифода қарор гирад. Дар баробари ин гурӯҳи кории якҷояи Тоҷикистону Русия низ ташкил ва доир ба масъалаҳои мухталиф вобаста ба муҳоҷирони меҳнатӣ нишастҳо доир гашта буд.
Мафҳуми муносибатҳои ҳуқуқии дуҷонибаи кишварҳои равонкунанда ва қабулкунанда одатан бо созишномаҳои ду ва ё бисёрҷониба ифода меёбад. Далели ин гуфтаҳо созишномаи байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 13 марти соли 1992 "Оиди кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи таъмини нафақа" ва Созишнома бо тағийрот аз 25.11.2005 "Оиди ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ" мебошанд.
Созишномаи баъдӣ ҳамкориҳоро дар самти фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсон ва аҳли оилаи онҳоеро, ки дар яке аз кишварҳо ба таври доимӣ сукунат мекунанд ва фаъолияти худро дар муассисаҳои шакли моликияти гуногун дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба роҳ мемонанд, ба танзим медарорад. Тартиби ба кор ҷалб намудан, талаботи тахассусӣ, синнусолӣ ва дигар талабҳо дар асоси қонунгузории тарафи қабулкунанда муқаррар мегардад. Дар асоси ин созишнома ҳар як тараф ҳуҷҷати оиди таҳсилоти олӣ ва дигар шаҳодатномаҳои таҳсил, ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи рутба, ихтисос ва дараҷаи тахассусии муҳоҷиронро бо тартиби барасмиятдарорӣ ва тарҷума ба забони ҷониби қабулкунанда ва ё забони русӣ эътироф мекунад. Собиқаи меҳнатӣ бо назардошти собиқаи имтиёзнок ва аз рӯи ихтисос низ аз ду ҷониб эътироф мегардад. Зимни бозгашти ниҳоии муҳоҷири меҳнатӣ кордеҳ ба ӯ маълумотнома ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муҳлати фаъолият бо нишондоди музди меҳнати ҳармоҳа медиҳад. Муҳоҷири меҳнатӣ дар асоси қонунгузории амалкунандаи ҷониби қабулкунанда ба суғуртаи иҷтимоӣ фаро гирифта мешавад ва ба истиснои нафақа ба дигар таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо мекунад.   
Зимни омӯзиши қонунгузории кишварҳои қабулкунанда, хусусан Федератсияи Русия, муайян гардид, ки меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар Федератсияи Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқҳои баробарро бо шаҳрвандони ин кишвар медиҳад. Таъмини нафақаи шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ, ки Тоҷикистон низ шомил аст, бо созишномаҳои дар боло зикргардида дар бораи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи таъмини нафақа ва оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи таъминоти нафақа, ки байни ҳукуматҳои ин кишварҳо ба имзо расидааст, ба низом дароварда шудааст. Дар Қонуни федералӣ "Дар бораи нафақаҳои меҳнатӣ дар Федератсияи Русия" дарҷ гардидааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба таври доимӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия сукунат доранд, ҳуқуқ доранд, бо ҳамон тартибҳое, ки шаҳрвандони Русия нафақа мегиранд, ба нафақа бароянд, агар ҳуҷҷати меъёрии дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Зимни таъйини нафақа барои шаҳрвандони Федератсияи Русия ва кишварҳои аъзои ИДМ собиқаи меҳнатӣ, ки дар ҳудуди ҳар кадоме аз ин кишварҳо ва ё дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС) (б.6 Созишномаи кишварҳои аъзои ИДМ аз 13.03.1992) ташаккул ёфта бошад, ба ҳисоб гирифта мешавад. Лекин созишномаи мазкур ба уҳдадориҳои корфармо ҷиҳати пардохти саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ вобастагӣ надорад ва зимни таъйини нафақа, тавре гуфтем, танҳо собиқаи меҳнатӣ ба инобат гирифта мешавад.
Мутобиқи Қонун "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар Федератсияи Русия" шахсони зерини хориҷӣ, ки доимӣ ва ё муваққатӣ дар Русия сукунат доранд ва андози иҷтимоиро пардохт намудаанд, суғурташуда ҳисобида мешаванд:
- аз рӯи қарордоди меҳнатӣ ва ё шартномаи дорои хусусияти ҳуқуқию шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд;
- мустақилона худро ба кор таъмин мекунанд (соҳибкорони инфиродӣ, детективҳои хусусӣ, дорои фаъолият аз рӯи таҷрибаи шахсии нотариалӣ, адвокатҳо);
- аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ);
- дигар гурӯҳи одамон, ки ба муносибатҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дахл доранд.
Дар ин асос корфармо - суғуртакунанда вазифадор мегардад саҳми суғуртаи ҳатмии иҷтимоиро барои шахсони хориҷӣ, ки дар Федератсияи Русия сукунат доранд, муваққатан ва ё ба таври доимӣ пардохт намояд.
Дар аксар маврид таҷриба нишон медиҳад, ки зимни ба кор қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ, ки иҷозати сукунати муваққатӣ дорад, мувофиқи тартиб, ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирӣ ба ҳайси шахси суғурташуда ба мақоми ҳудудии Фонди нафақаи Русия пешниҳод мешаванд. Лекин, дар ҳолати рад намудани бақайдгирӣ, андози иҷтимоӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ ба манфиати шаҳрванди хориҷӣ пардохт намегардад, яъне собиқаи суғуртавӣ ба ҳисоб гирифта намешавад, ҳарчанд андози иҷтимоӣ пурра ба буҷети федералӣ пардохт мегардад.
Дар натиҷа чунин мешавад, ки қонунгузории Федератсияи Русия таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла нафақаро ба шаҳрвандони хориҷӣ кафолат медиҳад, лекин агар шаҳрванд пеш аз ба синни нафақа расидан ба ватан баргардад, аз ҳамаи ин ҳуқуқҳо маҳрум гардида, танҳо нафақаи иҷтимоӣ ва ё аз рӯи собиқаи дар муҳоҷират гирифтааш бе назардошти музди меҳнат нафақа гирифта метавонад.
Вобаста ба ин Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа чанд варианти ба суғуртаи иҷтимоӣ ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатиро барои баррасӣ пешниҳод намуда буд. Аз ҷумла, дар варианти якум вобаста ба он ки дар ҷумҳурӣ низоми ҳатмии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ амал мекунад ва дар ин раванд бақайдгирии ҳар як шаҳрванди қобили меҳнат дар ин соҳа ҳатмӣ мебошад, пешниҳод гардида буд, ки шаҳрвандоне, ки мақсади дар берун аз қаламрави Тоҷикистон анҷом додани фаъолиятро доранд, ҳатман рақами инфиродии суғуртавӣ ва бо унвони "соҳибкори муҳоҷир" ба онҳо шаҳодатнома дода шавад, ки дар асоси он бо меъёри муайян соле як маротиба андози иҷтимоӣ пардохт намоянд ва ё интиқол диҳанд. Оид ба мушаххасоти чунин низом санадҳои танзимкунанда низ таҳия шуданд. Чунин таҷриба дар аксар кишварҳои ҷаҳон амал дорад ва зимни ҷорӣ намудани чунин низом бартарияти соҳаи мо дар муқоиса бо ин кишварҳо (масалан Украина) дар он дида мешуд, ки бақайдгирӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои ин гурӯҳи шаҳрвандон бе пардохти маблағ, яъне ройгон амалӣ мегардид.
Варианти дуюм чунин буд, ки ба ин гурӯҳи шаҳрвандон ҳуқуқ дода шавад, то ки ба таври ихтиёрӣ ба муносибатҳои ҳуқуқӣ доир ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ворид гарданд ва андози иҷтимоиро ихтиёран ба суратҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ пардохт намоянд. Дар ин маврид муҳоҷирони меҳнатие, ки даромади худро мустақилона ба таври эъломия пешниҳод намуда, андози иҷтимоӣ пардохт мекунанд, ҳуқуқи баромадан ба нафақаи меҳнатиро ба даст меоранд ва аз кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ бархурдор мегарданд. Лекин дар ин маврид бояд ба назар гирифт, ки соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа" қабул гардида буд ва шояд бо мурури вақт, зимни таъсис ёфтани чунин фондҳо, худи муҳоҷир бе мусоидати шахси дигар тавонад ихтиёран узви чунин фондҳо гардад ва заминаи таъминоти минбаъдаи худро ташаккул диҳад.  
Дар варианти сеюм бошад, бо мақсади роҳ надодан ба андозбандии дукарата ва таъмини ҳуқуқҳои нафақавӣ, пешниҳод шуда буд, то созишномаи байниҳукуматӣ оид ба тартиби гузарондани ҳисоббаробаркунӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия ва ба имзо расонда шавад, ки дар натиҷа имконияте ба даст ояд даромади дар давраи муҳоҷират ба даст овардаи шаҳрванд муқаррар карда шавад. Яъне, ин ҷо пешниҳод гардида буд, ки ҷониби кишвари қабулкунанда дар ҳаҷми 50%-и андозҳои иҷтимоии аз муҳоҷири меҳнатӣ ситондашударо ба кишвари сукунати доимии муҳоҷир интиқол диҳад. Дар ин маврид мақомоти давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ метавонист дар доираи маблағҳои воридгардида таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандонеро, ки дар берун аз ҳудуди кишвар фаъолият намудаанд, кафолат диҳад. 
Албатта ин пешниҳодҳо мавриди омӯзиши амиқу ҳамаҷониба қарор дода шуданд ва ҳоло хулосае нисбатан ба назар қобили қабул менамояд, ки ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба таври ихтиёрӣ ба роҳ монда шавад.
Вобаста ба ин, ҳоло масъалаи мувофиқати заминаи ҳуқуқии он низ то андозае ҳалли худро ёфта истодааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" ба шахсоне, ки фаъолияти меҳнатиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, барои гирифтани пардохтҳои иҷтимоӣ, ба шарте ки саҳмҳои суғуртаи иҷтимоиро пардохт намуда бошанд, ҳуқуқ додааст. Аз ҷумла, дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби андози иҷтимоӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки дар моддаи 212 банди 4-и Кодекси андоз чунин қайд гардидааст:  "Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти маҳалли зисташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи хаттӣ муроҷиат намуда, ихтиёран супорандаи андози иҷтимоӣ шаванд ва онро дар ҳаҷм ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд". 
Вобаста ба тағйироти Кодекси андоз аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа лоиҳаи "Тартиби нави ҷалби ихтиёрии шахсони воқеие, ки фаъолияти меҳнатии худро берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд" таҳия гардид ва дар Конференсияи байналмилалии "Таҷрибаи ҷаҳонии ҳуқуқҳои ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ" ҳамаҷониба баррасӣ мешавад. Мо умед дорем, ки қарори мазкур дар ҳалли мушкилоти фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои хориҷа нақши калидӣ мебозад.

Таҳияи С.ЗАРДОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.13    №: 72-73    Мутолиа карданд: 23279
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед