logo

ҳукумат

Қонун ба тафаккури иҷтимоию фарҳангии мардум таъсири мусбат расонд

30 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" шунида шуд.

Тавре зикр гардид, тайи 6 соли амал қонуни мазкур ба дигаргунсозии тафаккури иҷтимоию фарҳангӣ ва динии мардум таъсири мусбат расонда, ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидати фаъол намуд. Аз сабаби кам шудани хароҷоти тӯю маъракаҳо шумораи тӯйҳои хонадоршавии ҷавонон 2 баробар афзун шуд. Дар ин муддат ҳаҷми пасандозҳои пулии аҳолӣ дар бонкҳо 20 баробар зиёд шудааст, ки дар ин раванд ҳам нақши қонуни мазкур намоён аст.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки барои тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар миёни аҳолӣ ин қонун нақши муассир мегузорад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари комёбиҳо, ҳамзамон аз риоя нашудани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби баъзе мансабдорон, соҳибкорон ва ходимони динӣ изҳори нигаронӣ карда, пешгирии чунин қонуншиканӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкорро талаб намуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона" маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Ҳамчунин ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" тағйиру иловаҳо пешниҳод гардиданд.
Ба мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара 195 га замин барои васеъ намудани фонди заминҳои наздиҳавлигӣ ва сохтмони мактабу иншооти варзишӣ ҷудо гашт.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур дод, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва ҳам зебою дилкаш намудани муҳити онҳо аз ду ҷониби ҳамаи роҳҳо дар паҳноии то 100-200 метр боғу ҷангалзор бунёд карда шаванд.
Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба иҷрои вазифаҳои ҳангоми мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонон муайяншуда дода шуд. Таъкид гардид, ки барои таълиму тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории тоҷикон роҳбарону ходимони давлатии тамоми сатҳу зинаҳо дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият масъуланд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.06.13    №: 76-77    Мутолиа карданд: 4916
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед