маориф
Суғд: либоси мактабии дӯхти ватанӣ
Таъмини хонандагони кишвар бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ аз ҷумлаи он дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, мебошад, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карда буд.
Бо дарназардошти афзоиши ҳамасолаи теъдоди хонандагон дар ҷумҳурӣ таъмини онҳо бо либоси шинаму зебои замонавӣ ва арзон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини соҳаи саноати кишвар даъват ба амал овард, ки дар ин самт тадбирҳои бетаъхир ва зарурӣ андешида, аз ҳисоби ашёи мавҷудаи маҳаллӣ масъалаи мазкурро ҳал намоянд. Ин иқдом шароит фароҳам меоварад, ки фаъолияти муътадили истеҳсолӣ ва молиявии корхонаҳои саноати сабук таъмин гардад.
Ҷиҳати иҷрои супориши Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони раиси вилоят Мубин Қаюмов ва Мавҷуда Бобоева, сардори Раёсати идораи маорифи вилоят Саидмухтор Ҷалолов ва роҳбарони баъзе аз корхонаҳои саноати сабуки шаҳру навоҳии вилоят машварат доир гашта, роҳҳои ҳалли ин қазия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
- Тибқи маълумот имрӯз дар вилоят наздики 600 ҳазор хонандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба қайд гирифта шудааст,- мегӯяд Мубин Қаюмов, сарпарасти соҳаи саноат. - Мо имконияти иқтидори истеҳсолии корхонаҳо ва талаботи эҳтимолии мактабиёнро омӯхта, марҳила ба марҳила ба ҳалли масъала муваффақ хоҳем гашт.
Имрӯз дар вилоят корхонаҳои хурду бузург дар баробари истеҳсоли дигар маҳсулот, дӯхтани либоси мактабиро ба роҳ мондаанд. Дар ҳама маҳаллаҳо сехҳои дӯзандагӣ фаъоланд. Тайи се соли охир дар вилоят, аз ҷумла дар шаҳрҳои Истаравшан, Истиқлол, Исфара, Хуҷанд, шаҳракҳои Адрасмону Консой коргоҳҳои махсуси дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар онҳо маҳз либосҳои мактабӣ дӯхта мешаванд.
- Ин намуди фаъолият дар шароити кунунии иқтисодӣ манфиатовар мебошад,- таъкид дорад Фазлиддин Орифов, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум. - Агар даҳҳо ҷавондухтарон ҷойи кор ва сарчашмаи зиндагиро дарёбанд, соҳибкорон низ суди молиявӣ мебардоранд. Масалан, бо ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар шаҳраки Консой 50 духтари хонашин соҳиби ҷойи кор гашт ва ин раванд дар дигар шаҳракҳои Қайроққум идома дорад.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Текстил ситӣ" -и шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи корхонаи азими саноати сабукест, ки бо сару либоси пахтагин - номгӯйи гуногуни куртаҳои мардона, бачагона дар бозорҳои Аврупо мақом пайдо карда, дар дӯхти либосҳои мактабӣ ҳам таҷриба дорад. Соли 2012 корхонаи мазкур бо дархости Русия наздики 7 ҳазор адад либоси мактабӣ интиқол дод ва ҳоло тибқи қарордод корро боз идома медиҳад.
- Маҳсулоти корхонаи мо аз лиҳози сифат ҷавобгӯи талаби давр буда, бинобар пурра аз матои пахтагин буданаш ба саломатии мактабиён зарар надорад ва бо арзиши аз 100 то 125 сомонӣ фурӯхта мешавад. Либосҳои мактабии воридотӣ, ки140 -150 сомонӣ нарх доранд, асосан аз матоъҳои сунъӣ дӯхта шудаанд, - мегӯяд Насим Каримов, директори генералии корхонаи мазкур. - Таҷҳизот ва иқтидори истеҳсолии корхона имкон доранд фармоиши муштариёнро ба миқдори дилхоҳ анҷом диҳанд ва агар зарурат пеш ояд, роҳбарияти корхона омода аст басти дигар кушода, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад.
Шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Чкалов аллакай ба ин корхона фармоиш ирсол кардаанд. Истаравшан низ миёни дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои дар заминаи саноатӣ ба роҳ мондани дӯхти либосҳои мактабӣ таҷрибаи ғанӣ дорад.
Фаёз Султонов, муовини аввали раиси шаҳри Истаравшан, иброз медорад, ки солҳои қаблӣ низ бо баҳрабардорӣ аз коргоҳҳои нави дӯзандагӣ то 30-40 фисади хонандагони мактабҳои шаҳр, теъдоди муайяне аз дигар навоҳии вилоят, маҳсули дастони дӯзандагони маҳаллиро ба бар мекарданд. Ба хотири то андозае муайян кардани теъдоди эҳтимолии хонандагони ба либоси мактабӣ ниёздошта тасмим гирифта шуд, ки ярмаркаи мактабиёни вилоятро на дар моҳи август, балки аз охирҳои моҳи май оғоз намоянд, ки мувофиқи матлаб аст.
Ҷовиди АШТӢ,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.06.13 №: 76-77 Мутолиа карданд: 5777