logo

сафарҳо

Роҳи оҳан се кишварро бо ҳам мепайвандад

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон, дар оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон дар шаҳри Атамуроди Туркманистон

Субҳи  5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими оғози сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон вориди шаҳри Атамуроди Туркманистон шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳ Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифт.
Барои иштирок дар ин чорабинии муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ  ба Туркманистон, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ташриф овард.
Маросими оғози расмии сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон бо намоиши лавҳаи видео аз ҷараёни сохтмони роҳҳои оҳани ин кишвар дар замони истиқлоли давлатиаш оғоз ёфт.
Зимни суханронии сарони давлатҳо, аз ҷумла хотиррасон гардид, ки тибқи нақша роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба масофаи беш аз 400 км бо харҷи зиёда аз 400 миллион доллари амрикоӣ дар муҳлати 2 соли оянда бояд сохта, ба истифода дода шавад. 
Тавре иттилоъ дода шуд, қисмати туркманистонии роҳ аз ҳисоби худи Туркманистон ва қисматҳои тоҷикистонию афғонистонии он бо ҷалби сармояи муассисаҳои байналмилалии молиявӣ сохта мешаванд.
Гурбангулӣ  Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон, аз ҷумла изҳор дошт, ки "ин роҳи оҳан на танҳо барои се кишвари мо, балки барои кулли минтақа аҳамияти калон хоҳад дошт".
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай татбиқи ин лоиҳаи муҳими минтақавию байналмилалиро "қадам гузоштан ба сӯйи ояндаи муфарраҳтару мутараққӣ" номида, изҳор дошт, ки Афғонистон барои ҳарчи зудтар ба баҳрабардорӣ расидани ин роҳи оҳан ҷаҳду талоши доимӣ хоҳад кард. Ӯ бо ишора ба сиёсати созандагӣ ва бунёдкории минтақавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки "Тоҷикистон низ дар ояндаи наздиктарин ба сохтмони ин роҳ дар ҳудуди худ оғоз мебахшад".
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид дошт, ки "дар воқеъ мо низ ҳарчи зудтар бояд ба сохтмони ин роҳи оҳан оғоз бахшем, зеро ин роҳи дӯстӣ ба густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳам фарҳангии се кишвар ва кулли минтақа мусоидати фаъол хоҳад дошт".   
Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз аҳамияти роҳҳои минтақавӣ иттилоъ дод, ки "ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар 7 соли охир миёни Тоҷикистону Афғонистон 100 баробар ва миёни Тоҷикистону Туркманистон 3 баробар афзудааст".
Сипас сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон  ва  Туркманистон  Эмомалӣ  Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов ба нома ба наслҳои оянда имзо намуда, онро дар нуқтаи оғози сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар фазои тантанавӣ гузоштанд.
Сохтмони роҳи оҳан бо пардабардорӣ аз болои лавҳаи хотиравӣ аз ҷониби сарони се давлат ва гузоштани нахустин релси ин роҳи дӯстию бародарӣ ва таҳкимбахши ҳусни ҳамсоягии ибратбахши Тоҷикистону Афғонистону Туркманистон расман оғоз ёфт.
Ба ин маросими бошукӯҳ бо намоиши консерти якҷояи ҳунармандон аз Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон ҳусни анҷом бахшида шуд.
Сарони ҳар се давлат, ҳамчунин ба шаҳраки навбунёди Гарлики Туркманистон ташриф оварда, дар маросими расмии ифтитоҳи он иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, ин шаҳрак бо тамоми инфрасохтори иҷтимоию фарҳангӣ барои бо қувваи корӣ таъмин намудани заминҳои ба тозагӣ азхудшуда сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.06.13    №: 80    Мутолиа карданд: 2107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед