logo

маориф

Зи хоки хеш талаб оташе…

Дар  Паёми  имсолаи  Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ ва хеле ҷолиб масоили мухталифи дархӯри ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус роҳнамову дурнамои амал барои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон мавриди нигориш қарор гирифтааст. Дар иртибот аз ин Президенти кишвар таъкид менамояд, ки "Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад. Бинобар ин, мо раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ гардонида истодаем".
Худшиносиву худогоҳӣ аз муҳимтарин талқинҳои Сарвари давлат мебошад, ки реша бар таърихи бою рангини мардуми тамаддунофари сарзамини тоҷикон дорад. Ва ин ақидаро ҳанӯз Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва баъдан Аллома Иқболи Лоҳурӣ бинои ҳастӣ ва ҷавҳари бунёду такомули ҳар фард медонистанд.
 Ва худшиносӣ бидуни худогаҳӣ буда наметавонад. Ин ҳар ду омил танҳо дар натиҷаи тарбияи тифлону кӯдакони наврас ва аҳли ҷавонони ҷомеа ба даст хоҳад омад. Мувофиқан, имрӯз мо - зиёиёнро лозим аст, ки таҳти ҳамин ҳадафҳо реҷаву дурнамои таълиму тарбияи донишҷӯёнро бармало созем. Зеро таълиму тарбия ҷузъе аз фарҳанги миллат маҳсуб мешавад ва василаест, ки тавассути он фарҳанг пойдор мемонад. Кӯшиши ҷудоиандозӣ миёни ин ҳар ду омил ба фоидаи қавму миллат нахоҳад буд. Ва чун ба такмили идеалҳои ояндаи миллату кишвар машғул бигардем, бояд дар назар дошта бошем, ки таълимгирандаву тарбиятгиранда намоёнгар ва намояндаи фарҳанги мардуми мо дар ҳоли ҳозир, дар ояндаи наздик ва барои наслҳои баъдина хоҳад буд.
Донишандӯзӣ ва хосатан дониши муосир ба даст овардан, воқеан аз бузургтарин дастоварди ҳар миллату қавм мебошад. Зеро илму фарҳанги ҷаҳони кунунӣ бо суръати чашмзане пеш меравад ва мо комилан ҳуқуқи маънавии бозмонӣ аз ин корвонро надорем.
Аслан таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба тақвияти сутуни оила, баланд бардоштани мавқеи марказҳои таълимӣ дар омӯзонидани насли наврас ва муҳимияти саҳми падару модар дар ба камол расондани кӯдак аз ҷониби Сарвари давлат рӯшангари дилсӯзиҳо ба миллат мебошад. Миллате, ки ҳазорсолаҳо барои ба даст овардани мустақилият интизорӣ мекашид ва ҳам акнун мебояд ба қадри истиқлолу меваҳои ин тозабоғ расид. "Мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем…".  Чунин ҳадафҳоро мо дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ва дар Паёмҳои пешин низ мебинем. Ва ин таъкиду бозгӯиҳо аз ҷониби Президенти кишвар худ далели он аст, ки ин маҳакҳо муҳаррике мебошанд, ки миллатро ба ояндаи амну пурнур раҳнамун месозанд ва ба қавли Иқбол:
Зи хоки хеш талаб оташе, ки пайдо нест,
Таҷаллии дигаре дархӯри тақозо нест.

Ҷовид ХОЛОВ,
ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории
Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.13    №: 94    Мутолиа карданд: 5745
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед