logo

маориф

Низоми нави имтиҳон - таъмини шаффофият

Чанде қабл дар доираи озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар 7 маркази имтиҳонӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" дар чор минтақаи ҷумҳурӣ - шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Хуҷанд таъсис дода шудааст, имтиҳонҳо баргузор гардиданд. Озмоиши мазкур дар асоси амалӣ намудани банди 12 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2013 №23 "Дар бораи аз соли 2014 ба таври мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ" ва иҷрои Фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2013 № 161 "Оид ба озмоиши низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ" сурат гирифт.
Роҷеъ ба вижагиҳои низоми нав ва дар бораи он маълумоти бештар пайдо намудани аҳолии кишвар суҳбате доштем бо Савзалӣ Ҷаъфаров, директори Маркази миллии тестӣ.


- Низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ кай ва чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
- Низоми мазкур дар доираи лоиҳаи грантии "Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Русия", ки аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, ба роҳ монда шудааст. Барои амалисозии ин низом маблағҳои муайян низ ҷудо шудаанд. Васоити техникӣ, омода намудани иқтидори кадрӣ тибқи лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Институти Ҷомеаи кушода  дастгирӣ ёфтанд.
Маркази миллии тестӣ бо роҳандозии лоиҳаи мазкур дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ ва Душанбе раёсатҳои худро боз намуд. Имтиҳонҳои қабули довталабон ба муассисаҳои олии кишвар дар ҳамаи минтақаҳо ташкил карда мешавад ва зарурати барои супурдани имтиҳон аз дигар минтақа ба шаҳри Душанбе омадани довталабон аз байн меравад. Бо сабаби он ки аксарияти донишгоҳҳои олӣ дар пойтахти кишвар ҷойгиранд, довталаб ҳангоми дохилшавӣ ба Душанбе омада, имтиҳон месупурд ва бо амалӣ гардидани низоми нав ин мушкил аз байн меравад.
- Низоми нави санҷиши дониши довталабон аз низоми анъанавӣ чӣ фарқ дорад?
- Низоми нав аз низоми анъанавӣ фарқи зиёд дорад. То ба имрӯз довталаб барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ 2 имтиҳон месупорид.
Дар низоми нав он аз рӯи як стандарти муайян, дар асоси барномаҳои таълимии мактаби миёна омода мегардад ва аз якчанд намуд иборат аст: тестҳое, ки дар як савол 4 ҷавоб навишта шудааст ва ҷавоби дурусташ интихоб мешавад; тестҳои шакли мутобиқатдошта; тестҳои шакли кушод, яъне савол ҳасту вариантҳои ҷавоб нест ва довталаб ҷавоби онро вобаста ба сатҳи донишаш менависад. Бартарии дигаре, ки дар низоми нав дида мешавад, ин бо  расмҳои таърихӣ тартиб додани саволномаҳои фанни таърих мебошад.
 Ҳамчунин дар низоми нав ба довталабе, ки дар марҳилаи муайяни бақайдгирӣ, яъне моҳҳои марту апрел ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ месупорад, моҳи май аз ҷониби марказ даъватнома равон карда мешавад. Дар даъватнома макон, замон ва фанҳое, ки аз рӯи онҳо саволномаҳои тестӣ ташкил ёфтаанд, қайд гардидааст. Довталаб дар асоси он ба имтиҳон ҳозир мешавад. Варақаи ҷавоб аз ҷониби компютер - системаи иттилоотӣ омӯхтаву санҷида ва баҳогузорӣ мешавад. Яъне дар ин ҷо омили таъсири инсонӣ хеле кам аст.
- Баҳри омодасозии маъмурон марказ чӣ тадбирҳо андешидааст?
- Аз соли 2010 сар карда, марказ мутахасисони фанниро аз ҳисоби мутахассисони варзидаи кишвар  барои қабули имтиҳон  ҷалб намуд. Бо дастгирии Институти Ҷомеаи кушода, ки яке яз муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад, мутахасисони Англия, тайи 2 сол барои муаллимони тоҷик курсҳои омӯзишӣ гузаронданд. Дар натиҷа миқдори муайяни мутахасисони маҳаллии мо ба татбиқи амалии ин низом омода шуданд.
Ҳадаф аз татбиқи низоми нав дар интихоби довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъмини шаффофият, дастрасии баробари ҳамаи хонандагон ва воқеъбинона гузарондани имтиҳонҳои марказонидашудаи қабул ба муассисаҳои олии касбӣ мебошад.

Гулрухсори ФАЙЗУЛЛО,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.13    №: 94    Мутолиа карданд: 5985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед