маориф
Маркази забон ва фарҳанги тоҷик дар Маскав
Рӯзноманигорон Муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Миралиевро дар нишасти матбуотӣ ба саволи рӯзноманигорон оид аз низоми таҳсилоти кредитӣ ва натиҷаи он, барномаҳо, китобҳои таълимии донишҷӯён, саволномаҳои тестӣ ва қабули довталабон барои соли нави хониш посух дод.
Ӯ гуфт, ки шӯрои илмию методии донишгоҳ баҳри беҳбуди сифати таълим саҳми назаррас гузошта, дар ин давра 56 барномаи таълимӣ, 21 воситаи таълимию дастури методӣ, 15 китоби дарсӣ ва 6 монографияро чоп намуд. Мутахассиси Парки миллии технологии донишгоҳ Иззатулло Маҳмудов дар бахши фановарии рӯшноӣ лоиҳа таҳия сохта, мувофиқи он нақшаи сохтани лампаҳоро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба лампаҳои шӯравӣ қариб 10 ва лампаҳои каммасрафи ҳозира 2-3 маротиба каммасрафтар мебошад. Лампаҳо аз ҷиҳати экологӣ безараранд. Роҳбари гурӯҳи илмии "Химияи координатсионӣ"-и Иниститути илмию таҳқиқотӣ Мубаширахон Раҳимова дар Форуми 6-уми байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Суели пойтахти Куриёи Ҷанубӣ миёни намояндагони 26 давлати ҷаҳон се ихтироот пешкаш намуда, соҳиби ду медали биринҷӣ ва як нуқра гардид. Бо мақсади тарғиби фарҳангу забони тоҷикӣ бо маблағгузории донишгоҳ дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Москва Маркази забон ва фарҳанги тоҷик ба фаъолият оғоз намуд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.07.13 №: 94 Мутолиа карданд: 5648