маориф
Донишкада бо таҷҳизоти нав таъмин шуд
Бино ба иттилои ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, муассисаи мазкур бо 12 донишкадаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расонд. Дар доираи лоиҳаи грантӣ донишкада ба маблағи 100 ҳазор евро таҷҳизоти техникии иттилоотӣ-иртиботӣ дарёфт намуд.
Имсол тибқи нақша 1 ҳазору 375 нафар довталаб ҷиҳати таҳсил ба донишкада қабул мегардад.
-Дар давоми нимсолаи дуюми соли таҳсил аз донишкада 515 нафар донишҷӯ хориҷ гардид, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта ду маротиба бештар мебошад. Сабаби зиёд хориҷ шудани донишҷӯён қарздории академӣ, бесабаб ба дарс наомадан, вайрон кардани қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва напардохтани маблағи шартнома барои таҳсил мебошанд,- гуфт Раҳматулло Мирбобоев зимни посух ба пурсиши хабарнигорон.
Нигинаи РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.07.13 №: 95 Мутолиа карданд: 5636