logo

маориф

Масъулияти роҳбар

Моҳи январи соли 2010, Абдуҷаббор аз бинои Вазорати маориф баромада, саросема ба мошин нишаст. Лаҳзае пас аз кӯчаҳои ободу зебои пойтахт бо шитоб гузашта, ба кӯтали ағбаи Фахробод часпид. Бори дигар бо фармони таъин шуданаш ба вазифаи мудири маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ нигариста, суҳбати вазирро пеши назар овард.
- Рафиқ Абдураҳимов! Корро аз чӣ сар карданиед?
- Аз такмил додану беҳтар кардани усули дарсдиҳӣ, -бо дили пур посух дод мудир…
Соли 1971. Мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 33. Басти дуюм. Занг зада шуд. Хонандагони синфи 4-ум бетоқатона чашм аз варзишгоҳ намеканданд. Роҳбари синф Алимурод Саидов (рӯҳашон шод бод!) ба синф даромад. Аз нигоҳи чашмони шуълавари шогирдон рамуз бардошт, ки онҳо муштоқи тамошои бозии футбол мебошанд. Дастаи футболбозони мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 35 барои вохӯрии рафиқона ташриф овардааст. Муаллим ба соати дастӣ дида дӯхт. То оғози бозӣ як соат мондааст. Саидов эълон кард: 
- Мувофиқи нақшаи корӣ ман бояд имрӯз аз фанни арифметика кори контролӣ гирам. Маслиҳат ҳамин, касе корро супорад, ба тамошои бозии футбол меравад. Маъқул?
Ҳама бо хурсандӣ таклифи омӯзгорро қабул карданд ва сарҳо ҳамон замон болои дафтар хам шуданд. Абдуҷаббор баъд аз ним соат аввалин шуда саволҳои кори контролиро ҳал кард.
- Боз кадом амалҳоро ба анҷом расонданиед? - саволи навбатӣ дод вазир.
- Дуои пирони хирад ва омӯзгорони собиқадорро мегирам.
Мошин ба ҳамвории дашти Ғозималик баромад. Абдуҷаббор телефони ҳамроҳиашро гирифта ба муовинаш Мирзошарипов супориш дод:
- Аз рӯзи душанбе сар карда бо навбат дар ҳамаи ҷамоатҳо муаллимони ба нафақа баромадаро ҷамъ оваред. Ман бояд бо онҳо вохӯрда, бобати беҳтар кардани корҳои таълиму тарбияи насли наврас фикру андешаҳояшонро шунавам…
- Фақат як хоҳиш дорам, -вазир аз ҷой хест ва бо ин амал фаҳмонданӣ шуд, ки суҳбат ба охир расид, - мисли мудири пештара ба курсӣ начаспед. Бештар ба шароити мактабҳо шинос шавед. Ба дарсҳои муаллимон дароед…
Ба қабулгоҳ ҷавонзани тахминан 30-сола даромада ба котиба муроҷиат намуд:
- Ба ман мудир лозим аст!
- Рафти омодагии мактабҳои ҷамоати деҳоти Гулистонро санҷида истодаанд, -котиба ба пешвози директори мактаб-интернат аз ҷой бархост. - Банданд, ҳатман шуморо қабул менамоянд…
Ҳангоми ба утоқи кориаш даромаданам мудир рӯйи дафтар чизеро қайд мекард.
- Ба фикрам, ба маҷлиси моҳи августии муаллимон тайёрӣ дида истодаед? -даст барои вохӯрӣ дароз кардам.
- Бале, - мудири маориф чашмони аз бехобӣ варамидаашро молид.
- Дастовардҳо назаррас будагистанд? -саволи навбатӣ додам.
- Одатан худтаърифкунӣ хуб нест, -ба нуқтае андешамандона нигарист Абдуҷаббор ва суханашро давом дод. -Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Он дорои 50 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 мактаби 9 - сола, 11 мактаби ибтидоӣ ва 1 мактаб - интернат буда, дар онҳо 39642 хонанда таҳсил менамоянд. Дар ҳамаи мактабҳо 1834 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли наврас сару кор доранд.
Боиси хурсандист, ки бо раиси ноҳия таъин шудани Амрулло Холов вазъи соҳаи маориф ба куллӣ тағйир ёфт. Роҳбари ноҳия сиёсати бунёдкорона ва созандагии  Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати рушди соҳаи маориф бевосита дастгирӣ намуда, танҳо дар соли хониши 2012-2013 6 бинои мактаби нав сохта, 10 бинои мактабро аз таъмир бароварда, 150 синфхонаи навро ба истифода додем. Аллакай масъалаи зимистонгузаронии мактабҳо ҳаллу фасли худро ёфтанд. Илова бар ин ба бисёр мактабҳо таҷҳизоти нави ҳозиразамон овардем. Барои ҳамаи ин бештар аз 2 миллион сомонӣ сарф карда шуд.
Дар ивази ин чорабиниҳо шуъбаи маориф пеш аз ҳама ба беҳтар кардани сифати таълим ва бо кадрҳои ҷавони болаёқат таъмин намудани мактабҳо диққати ҷиддӣ  медиҳад. Дар давоми ду соли роҳбариям 40 нафар хонандагони ноҳия ғолиби озмуну олимпиадаҳо гардиданд…
Ҳамин лаҳза занги телефон садо дод ва мудир гӯширо бардошт.
- Аз шаҳри Санкт -Петербург шуморо бо ғалабаи се нафар шогирдатон табрик мегӯем. Як нафар дар бахши математика ва ду нафар дар бахши забони русӣ сазовори ҷойи якум гардиданд…
Дар ин ҳол аз дил гузарондам. Он чи ки айён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Мудир бо қаноатмандӣ ва хоксории ба худ хос гӯширо гузошта, суҳбатро давом дод:
- Танҳо дар соли хониши 2011-2012 545 нафар хонандагони ноҳия ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуданд. Ҳар сол бо квотаи президентӣ 22 нафарро ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ мефиристем, ки аз ин шумора 12 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳоло шуъбаи маориф тасмим гирифтааст, ки корҳои тарбиявӣ ва таълимиро дар кӯдакистонҳо беҳтар намояд. Бо ин мақсад озмунҳо гузаронида, мутахассисони пуртаҷрибаро барои кор ба боғчаи бачагона ҷалб карда истодаем.
Беҳдошти ҳамаи соҳаҳои хоҷагӣ бо кадрҳои болаёқат вобаста аст. Аз ин рӯ, шуъбаи маориф нақшаи чорабинии махсус тартиб дода, гузаронидани машғулиятҳои семинариву фаннӣ, курсҳои таълимӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам,  машғулиятҳои иловагӣ, таъмини воситаҳои аёниро васеъ истифода бурда, ташаббуснокии ҳар як омӯзгорро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Илова бар ин, шуъбаи маориф бо пажӯҳишгоҳҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ робитаи зич барқарор намуда, ҳар сол беш аз 200 нафар муаллимон малакаи касбии худро такмил медиҳанд. Дар ин самт аз таҷрибаи ғании омӯзгорони собиқадор ва устодони дар  нафақа буда васеъ истифода мебарем. Санҷишҳои фаъолияти фаннӣ ва ташкили таълим мунтазам дар мактабҳо гузаронида шуда, бобати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тавсияҳои муфид медиҳем.
Ҳамчунин роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳия барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" тадбирҳои амалӣ андешида, алоқаро бо кумитаҳои падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳо мувофиқи мақсад ба роҳ мондааст.
Талаботи давр лаҳза ба лаҳза моро водор менамояд, ки усули роҳбарӣ ва фаъолияти ташкилиамонро такмил дода, аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода барем.
Суҳбати мо ба поён расид. Аз паҳлуи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳраки С. Исоев гузашта даву този кӯдаки хушбахти кишвари соҳибистиқлолро дида, ба ояндаи нек боварӣ доштани мудири шуъбаи маориф Абдураҳимов Абдуҷаборро пеши назар оварда, аз дил гузарондам:
- Ин аст масъулияти роҳбарӣ ва месазад таърифу тавсифи сардоре, ки ҳар соату ҳар лаҳза дар рушду камоли насли наврас часпу талошҳое дорад.

З. ҒУЛОМОВ,
узви Иттифоқи
рӯзноманигорони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.13    №: 96    Мутолиа карданд: 5842
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед