маориф
Беш аз 100 нафар соҳиби имтиёз шуд
Муъминҷон Шарипов, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО гуфт, ки сафи устодони унвондори донишгоҳ сол аз сол меафзояд. То имрӯз 5 олими ҷавон дар соҳаҳои гуногуни илм корҳои назаррас анҷом дода, ҷоизаи Исмоили Сомониро соҳиб шудаанд.
Устодони донишгоҳ 5 монография, 22 китобу дастури таълимӣ, 145 мақолаи илмӣ-тадқиқотиро омода ва чоп карданд. Бо мақсади ҷалби довталабони болаёқат ба донишгоҳ "Рӯзи дарҳои кушод" ва Озмуни ҷумҳуриявии хатми хонандагони болаёқат баргузор гардид. Дар он 536 хатмкунандаи шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуда, беш аз 100 нафар бо гирифтани холи баланд барои дохил шудан ба донишгоҳ соҳиби имтиёз гардид. Гурӯҳи донишҷӯён дар озмуни "Лоиҳаи инноватсионӣ аз нигоҳи донишҷӯ" миёни 29 лоиҳа ҷойи сеюмро гирифта, ба диплом, ифтихорнома ва мукофоти пулии Вазорати маорифи кишвар мушарраф шуданд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.13 №: 96 Мутолиа карданд: 5753