logo

президент

Ба вазъи "Тоҷикэйр" таваҷҷуҳи махсус зоҳир гашт

18 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва раисони ноҳияҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба вазъи молиявию иқтисодии муассисаҳо ва ширкатҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва рафти кишти такрорӣ баррасӣ шуданд.
Доир ба мавзӯи якум ахбори вазири нақлиёти кишвар ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоию фурудгоҳи шаҳри Душанбе шунида шуд. Тавре зикр гардид, танҳо 47% мусофиркашонии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон тавассути ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳолати начандон хуби молиявию иқтисодии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикэйр" таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба масъулин дастур дод, ки доир ба бартараф намудани камбудию монеаҳои мавҷуда чораҳои муассир амалӣ намоянд. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба беҳтар намудани хизматрасонӣ, ҷалби бештари муштариён ба ширкатҳои ватанӣ ва вусъат додани сохтмони терминали нави фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва беҳсозии ҳолати фурудгоҳҳои дигар шаҳрҳо дода шуд.
Дар робита ба мавзӯи дуюми машварат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки доир ба ободу зебо кардани ин минтақа, хусусан сабзазор намудани ду паҳлуи роҳҳои мошингарди байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва байниноҳиявӣ аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода баранд.
Зимни ахбори вазири кишоварзӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки то имрӯз аз ҷониби хоҷагиҳои ҷамъиятии кишвар дар майдони 56 ҳазору 500 гектар кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин баробар ба 70% дурнамо мебошад. Ин кор дар вилояти Суғд дар ҳаҷми 34%, дар вилояти Хатлон 84% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҳадди 83% иҷро шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт нақшаи кишти такрориро барзиёд иҷро намудаанд ва ин кор боз идома дорад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар майдони 211 га бояд кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳар як ваҷаб замини обӣ бояд пурсамар истифода бурда, ду ва зиёда ҳосил рӯёнда шавад. Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ, таъмини мардум бо маҳсулоти хушсифат дар моҳи шарифи Рамазон ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.13    №: 97    Мутолиа карданд: 26518
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед