logo

мулоқотҳо

Корхонаи нави Капитал ба кор даромад

20 июл дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави Капитал ба кор даромад, ки ба коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз он пешбинӣ шудааст.
Ин корхона бо дастрас намудани навтарин намунаҳои технологияи классикии коркарди нафт аз Федератсияи Русия якҷо бо соҳибкорони хусусии ин кишвар аз шаҳри Томск бо харҷи беш аз 70 миллион сомонӣ дар 10 гектар  замини санглохи бекорхобида бунёд ёфтааст.
Бо иқтидори кунунияш корхона имкон дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна нафти хомро коркард намуда, аз он ду намуд сӯзишвории дизелӣ (тобистона ва зимистона), бензини навъи АИ 80 ва мазути аълосифат истеҳсол кунад.
Чунонки иттилоъ доданд, ояндаи наздик иқтидори корхона ба 300 ҳазор тонна дар як сол ва шумораи коргарон ба 300 нафар расонда мешавад. Сарвари  давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ин кор то охири соли 2014 анҷом дода шавад.
Масоҳати замини барои ин корхона ҷудогардида ва лоиҳаи сохтмону таҷҳизи он имкон медиҳад, ки оянда иқтидори ин корхона ба коркарди то 500 ҳазор тонна нафт ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни тайёр зиёд карда шавад. Номгӯйи маҳсулоти тайёри нафтӣ низ ояндаи наздик афзун гардида, аз ҷумла истеҳсоли навъҳои беҳтарини бензин ба роҳ монда мешавад.
Ҳоло дар ин ҷо 111 нафар мутахассису коргар ба кори доимӣ ҷалб шудааст, ки аксари куллашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва асосан аз аҳолии маҳаллӣ мебошанд. Тавре зикр гардид, барои омодасозии мутахассисони маҳаллӣ аз ҷониби роҳбарияти корхона омӯзгорони баландпояи касбӣ ба ин ҷо аз хориҷи кишвар даъват шуда будааст. Имрӯз, аксари ин мутахассисон пас аз хатми курси семоҳаи таълимӣ барои кор дар чунин корхона, ки дар Тоҷикистон нахустин аст, аллакай варзидаю корозмуда шудаанд.
Чунонки аён гардид, идораи кори корхона бо дастгоҳҳои муосири компютерӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар саҳни ҳавлии корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту коргарони корхона ва ҳам фаъолони ноҳияи Шаҳринав мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масоили истеҳсолию иқтисодӣ, ҳамчунин ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла доир ба оини рӯзадорӣ, ифторороӣ ва пешвози иди шарифи Рамазон изҳори андеша кард. Зимни баррасии ин масоил аз исрофкориҳои аз ҳад зиёди мардум, ки барои ифторҳо ва рӯзи иди Фитр, бесарусомониҳое, ки дар арафаи ид дар бозорҳо ба назар мерасанд  ва ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи ҳаррӯза аз ҷониби савдогарон шадидан изҳори нигаронӣ карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.13    №: 98-99    Мутолиа карданд: 2681
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед