logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814; №12, қ. 1, мод. 1004), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 3:
- дар сархати чорум аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум хориҷ карда шаванд.
2. Моддаи 4 ва қисми 4 моддаи 5 хориҷ карда шаванд.
3. Аз моддаи 6 калимаҳои ", демократизм, эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ошкорбаёнӣ" хориҷ карда шаванд.
4. Моддаҳои 13, 14 ва 15 хориҷ карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 42 калимаи "яроқи" ба калимаи "силоҳи" иваз карда шавад.
6. Аз санксияи моддаи 314 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати се моҳ" хориҷ карда шаванд.
7. Дар моддаи 318:
- аз санксияи қисми 1 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ" хориҷ карда шаванд;
- аз санксияи қисми 2 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол" хориҷ карда шаванд.
8. Аз санксияи қисми 2 моддаи 324 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ" хориҷ карда шаванд.
9. Аз санксияи қисми 4 моддаи 325 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ" хориҷ карда шаванд.
10. Аз санксияи моддаи 326 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз ду то се моҳ" хориҷ карда шаванд.
11. Дар ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 467, диспозитсияи моддаи 487, ном, диспозитсияи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 488, ном ва диспозитсияи моддаи 489, ном, диспозитсия ва санксияи моддаи 490, ном ва диспозитсияи моддаи 491, ном ва диспозитсияи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 492 калимаҳои "яроқи", "яроқро" ва "яроқ" мутаносибан ба калимаҳои "силоҳи", "силоҳро" ва "силоҳ" иваз карда шаванд.
12. Фасли III (бобҳои 41, 42, моддаҳои 692 - 732) ва Фасли IV     (бобҳои 43 - 51, моддаҳои 733 - 853) хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 980


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 апрели соли 2013,  № 1135


Қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйирот
ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот  ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот  ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 512


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-105    Мутолиа карданд: 4137
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед