logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи энергетика" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,     с. 2000, №11, мод. 504; с. 2005, №12. мод. 633; с. 2007, №6, мод. 436; с. 2007, №7,мод. 672; с.2009, №9-10, мод. 549; с.2011, №6, мод. 440) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар тамоми матни Қонун бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шуда, бо ҳарфҳои калон навишта шаванд.
3. Номи боби 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад.
"БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ".
4. Дар моддаи 2:
- ном ва матни ҷумлаи аввали модда дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:";
-дар сархатҳои нуҳум ва даҳум калимаи "юридикӣ" ба калимаи "ҳуқуқӣ" иваз карда шавад;
-дар сархати дувоздаҳум калимаҳои "инвестори хориҷӣ" ба калимаҳои "сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ" иваз карда шаванд.
5. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
6. Сархатҳои охирини моддаҳои  6  ва 7 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"- иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.".
7. Дар қисми дуюми моддаи 10 калимаҳои "қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 12 калимаҳои "қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
9. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 14, қисми якуми моддаи 15 ва қисми якуми моддаи 16 калимаи "қонунҳои" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шавад.
10. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаҳои "инвесторони хориҷӣ" ба калимаҳои "сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ" иваз карда шаванд.
11. Моддаи 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 17. Истифодаи замин дар соҳаи энергетика
Истифодаи замин дар соҳаи энергетика мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".
12. Номи боби 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад.
"БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ"
13. Моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки  муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 998


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 29 майи соли 2013, № 1208

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 531


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-105    Мутолиа карданд: 3879
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед