logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИЛМ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 94; с. 2004, №5, мод. 336; с.2007, №7, мод. 697; с. 2008, №12, қ.2, мод. 1011) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Сархатҳо бо аломати дефис "-"  ишора карда шаванд.
3. Дар моддаи 2:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:";
- сархати якум  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- фаъолияти илмӣ (фаъолияти илмию таҳқиқотӣ) - фаъолиятест, ки баҳри аз худ кардан ва татбиқ намудани донишҳои нав, аз ҷумла таҳқиқотҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ равона карда шудааст;";
- дар сархатҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум аломати нуқта  ва калимаҳои "Фаъолияти", "Коркардҳои", "Сиёсати", "Натиҷаи", "Маҳсули", ва "Грантҳо" мувофиқан ба аломати нуқтавергул ";" ва калимаҳои "фаъолияти", "коркардҳои", "сиёсати", "натиҷаи", "маҳсули" ва "грантҳо" иваз карда шаванд;
- сархати даҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти асосии онҳо ба дарёфт, кашф ва истифодаи дастовардҳои нави илмӣ ва илмию техникӣ равона карда шудааст.".
4. Дар қисми дуюми моддаи 3:
- дар сархати шашум аломати нуқта  ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- фаъолияти инноватсионии субъектҳои илмӣ ва илмию техникиро дастгирӣ менамоянд.".
5. Дар қисми даҳуми моддаи 4 калимаи "координацияи" ба калимаи "ҳамоҳангсозии" иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 5:
- ба қисми нуҳум баъд аз калимаҳои "ихтиёрдорӣ кардани"  калимаҳои "молу мулки" илова  карда шаванд;
- дар қисмҳои даҳум ва сенздаҳум  калимаҳои "базаи" ва "базаҳои" мувофиқан ба калимаҳои "заминаи"  ва "заминаҳои" иваз карда шаванд;
- дар қисми чордаҳум калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти иҷроияи" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 6;
-  номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо";
- дар қисмҳои дуюм, даҳум ва ёздаҳум калимаҳои "Академияҳои  илмҳо", "академияҳои илмҳо" мувофиқан ба калимаҳои "Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо" иваз карда шаванд;
- дар қисми нуҳум  калимаҳои "Академияҳои илмҳо" ва  "медиҳад" мувофиқан  ба калимаҳои "Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо" ва "медиҳанд" иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум калимаҳои "координацияи ин" ба калимаҳои "ҳамоҳангсозии ҳамин" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 7:
- дар қисми дуюм калимаи "интеграцияи"  ба калимаи "ҳамгироии" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюми қисми чорум калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаҳои "академияҳои илмҳо" ва "таъин (интихоб) карда мешаванд" мувофиқан ба калимаҳои  "Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо" ва "ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд" иваз карда шаванд.
9. Дар  қисмҳои якум ва чоруми моддаи 8 ва қисми дуюми моддаи 9 калимаҳои "истеъмолкунандагони", "истеъмолкунандагон" мувофиқан ба калимаҳои "истифодабарандагони", "истифодабарандагон" иваз карда шаванд.
10.  Дар қисми сеюми моддаи 8 ва қисми якуми моддаи 10 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 11:
- дар қисми якум калимаҳои "сиёсати илмию техникӣ" ба калимаҳои "сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" иваз карда шаванд;
-  сархати чоруми қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"-ҳамгироии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ дар асоси шаклҳои гуногуни иштироки кормандон, аспирантон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар таҳқиқотҳои илмӣ  ва коркардҳои озмоишӣ  ба воситаи барпо кардани комплексҳои таълимию илмӣ дар заминаи  муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии вазоратҳо ва дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;";
- дар сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми қисми дуюм калимаҳои "навоварӣ (инноватсионӣ)" ва "навоварӣ" ба калимаи "инноватсионӣ" иваз карда шаванд.
12. Сархати ҳафтуми моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- таъсиси муассисаҳои давлатии илмӣ, фондҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, ташкил, мутобиқкунонӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти инфрасохтори илмӣ ва илмию техникӣ;".
13. Дар моддаи 19:
- дар номи модда пас аз калимаи "техникӣ"  аломати нуқта  гузошта шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои "дигари" ва "ғайримамнӯъ" мувофиқан ба калимаҳои "дигаре, ки" ва "манъ карда нашудаанд," иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 21:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 21. Фаъолияти илмии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- дар матни модда калимаҳои "Фаъолияти ташкилотҳои илмии хориҷӣ ва олимони хориҷӣ" ба калимаҳои "Фаъолияти илмии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ" иваз карда шаванд.
15. Номи боби 7 бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 1007


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ
оид ба илму техника"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 майи соли 2013, № 1189

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ
оид ба илму техника"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"-ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 540


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-105    Мутолиа карданд: 4115
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед