logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАРЗИШИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.2003, №8, мод.451;  с.2009, №3, мод.95)  тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон  навишта, пас аз рақами бобҳо аломати нуқта  гузошта шавад.
2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур асосҳои  ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи варзиши кӯдакон ва наврасон  муайян  менамояд.".
3. Дар моддаи 1:
-  дар сархати панҷум калимаҳои "таълими иловагӣ" ба калимаҳои "таҳсилоти иловагӣ" иваз карда шаванд;
-  сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии варзишӣ - мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кӯдакон ва наврасон, клубҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маҳалли зист, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маъюбон, варзишгоҳҳои кӯдакона, муассисаҳои солимгардонӣ, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ;".
4. Дар моддаи 3:
- дар номи модда калимаи "Системаи" ба калимаи "Низоми" иваз карда шавад;
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳо ва дигар чорабиниҳои варзишии кӯдакон ва наврасонро дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, маҳалли зист, инчунин иштироки кӯдакон ва наврасонро дар чемпионатҳо ва мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ  пешбинӣ менамояд.";
- дар қисми дуюм калимаи "системаи" ба калимаи "низоми" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои "Системаи", "муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Низоми", "муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ" иваз карда шаванд.
5. Дар сархатҳои чорум ва шашуми қисми дуюми моддаи 31  калимаи "системаи" ба калимаи "низоми" иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 5:
- дар  номи модда  калимаҳои "миёнаи умумӣ ва касбӣ" ба калимаҳои "таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми якум калимаҳои "Муассисаи таълимӣ", "ғайримактабӣ" ва "варзишдошта" мувофиқан ба калимаҳои "Муассисаҳои таълимии таҳсилоти  миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ  ва миёнаи касбӣ", "беруназмактабӣ" ва "варзишидошта" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "Муассисаҳои таълимӣ" ба калимаҳои "Муассисаҳои таълимии таҳсилоти  миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои "Муассисаҳои таълимӣ"  ва "шӯъбаҳои маориф" мувофиқан ба калимаҳои "Муассисаҳои таълимии таҳсилоти  миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ" ва "мақомоти маҳаллии идоракунии маориф" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 6:
-  дар қисми дуюм калимаи "системаи" ба калимаи "низоми" иваз карда шавад;
- ба қисми сеюм пас аз калимаи "таълимии" калимаи "таҳсилоти" илова  карда шавад.
8. Дар ҷумлаи якуми қисми якуми моддаи 7 баъд аз калимаҳои "қароргоҳҳои солимгардонӣ" калимаҳои "ва муассисаҳои санаторию истироҳатӣ" илова карда шуда, калимаҳои "мебошад" ва "кӯдакону наврасон" мувофиқан ба калимаҳои "мебошанд" ва "кӯдакон ва наврасон" иваз карда шаванд.
9. Дар қисми дуюми моддаи 8 калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ"  ва "зиндагии" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва "ҳаёти" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 9:
- дар қисми якум калимаҳои "миёнаи умумӣ ва касбӣ" ба калимаҳои "таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ",   калимаи "идораи" ба калимаи "идоравии" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "шӯъбаи маориф" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии идоракунии маориф" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 10:
- дар номи модда калимаҳои "кӯдакону наврасон" ба калимаҳои "кӯдакон ва наврасон" иваз карда шаванд;
-дар қисми дуюм калимаҳои "муассисаи иловагии таълимӣ" ба калимаҳои "муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои "махсусгардонидашудаи" ва "кӯдакону наврасон" мувофиқан  ба калимаҳои "махсуси"   ва "кӯдакон ва наврасон" иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаи "захираи" ба калимаҳои "захираҳои" иваз карда шавад;
- дар қисми ҳаштум калимаи "худидора" ба калимаи "худидоракунӣ" иваз карда шуда, калимаи "салоҳиятҳо" хориҷ карда шавад.
12. Моддаи 141  бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 141.  Талабот ва  таъминоти  тиббӣ дар соҳаи  варзиши кӯдакон ва наврасон
Ба машғулиятҳои варзишӣ кӯдакон ва наврасоне ҷалб карда мешаванд, ки дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста ба шакли моликияташон, аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ва аз рӯи нишондиҳандаҳои вазъи саломатиашон барои машғул шудан ба варзиш ҳуҷҷатҳои зарурии тиббиро пешниҳод намудаанд.
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марказҳои солимгардонӣ ва варзиши тиббӣ, марказҳои ташхисию машваратиро таъсис дода, онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мегардонанд.
Муассисони муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон  барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ  ба кӯдакон ва наврасоне, ки дар ин муассисаҳо ба варзиш машғуланд,  шароит фароҳам меоранд.".
13. Номи боби 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"БОБИ 3. МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА  ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ  МУАССИСАҲОИ ВАРЗИШИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН"
14. Дар моддаи 15:
-  номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 15. Манбаъҳои маблағгузории муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон";
- дар қисми якум пас калимаи "маблағгузории" калимаи "муассисаҳои"  илова карда,  калимаҳои "варзиши кӯдакону наврасон" ба калимаҳои "варзишии кӯдакон ва наврасон" иваз  карда шаванд;
-  қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон инҳо шуда метавонанд:
- маблағи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз  ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ;
- воситаҳои пулие, ки дар натиҷаи амалинамоии фаъолияти тарбияи ҷисмонию варзишӣ, машваратӣ, илмию таҳқиқотӣ ва дигар фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба даст оварда шудаанд;
-  маблағҳои эҳсонкорӣ;
- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.".
15. Моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 16. Фаъолияти муздноки муассисаҳои давлатии  варзишии  кӯдакон ва наврасон
Муассисаҳои давлатии  варзишии кӯдакон ва наврасон метавонанд аз ҳисоби хизматрасонии музднок, ки берун аз барномаҳои асосии таълимӣ амалӣ карда мешаванд, даромади иловагӣ гиранд ва онро бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавии худ истифода баранд.".
16.  Моддаи 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 17. Заминаи моддию техникии муассисаҳои варзишии кӯдакон ва  наврасон
Заминаи моддию техникии муассисаҳои варзишии кӯдакон ва  наврасонро  иншооти варзишӣ, бино, таҷҳизот, молу мулки манқул ва ғайриманқул ташкил медиҳанд.
Қитъаи замин барои ташкили майдончаҳои варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.
Муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кӯдакон ва наврасон ба воситаҳои пулӣ, молу мулк ва объектҳои дигар, ки  тариқи эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шудаанд, ҳуқуқи моликият  доранд.
Муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон барои ҳифз ва истифодаи самараноки молу мулки дар ихтиёрдоштаашон масъул мебошанд.  Истифодаи  заминаи моддию техникии  муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон берун аз мақсадҳои оинномавӣ манъ аст.".
17. Дар қисми дуюми моддаи 18 калимаи "захираи" ба калимаи "захираҳои" иваз карда шавад.
18. Дар моддаи 19:
- дар қисмҳои якум ва  дуюм калимаи "захираи" ба калимаи "захираҳои" иваз карда шавад;
-аз қисми сеюм  калимаҳои "ва бар хилофи қонунгузории молиявӣ" хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 1005


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи варзиши кӯдакон
ва наврасон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 марти соли 2013, № 1105

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон"-ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 538


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-105    Мутолиа карданд: 3883
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед