logo

ҳукумат

Омодагӣ ба зимистон - дар маркази таваҷҷуҳ

30 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис нахуст Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон ва муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан тасдиқ карда шуд.

Тавассути лоиҳаҳои қонунҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда,  аз ҷумла "Дар бораи молия", "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи туризм", "Дар бораи алоқаи барқӣ", "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" тағйиру иловаҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба баргузории ҷашни 3000-солагии Ҳисор, таъсиси Муассисаи давлатии парваришгоҳи "Баҳри Норак" ва Муассисаи давлатии "Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон" тасдиқ карда шуд.
Дар мавриди омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор таъкид гардид, ки иншооти сершумори бахшида ба ин санаи бузурги таърихӣ омодашаванда бо сифати баланд ва бо назардошти унсурҳои волои меъмории бостонии миллӣ ва муосири ҷаҳонӣ бунёду навсозӣ шаванд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли толорро ба масоили омодагӣ ба зимистон ҷалб намуда, дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт. Таъкид гардид, ки барои босифат омода намудани шабакаҳои барқии кишвар, иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷамъоварии ҳосили мавҷудаи маҳсулоти кишоварзӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, захирасозии озуқаворӣ, хӯроки чорво ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани нигоҳубини роҳҳои мошингард аз тамоми имкону захираҳо пурсамар истифода бурда шавад.
Супоришҳои мушаххаси дигар дар бораи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили об, ки дар аввали даҳаи сеюми моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.13    №: 109    Мутолиа карданд: 4974
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед