logo

мулоқотҳо

7 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон наздик ба 80 нафар корманди мақомоти судиро, ки ба вазифаҳои судя ва роҳбарии ин мақомот дар маҳалҳо таъин гардидаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Аз шумораи умумии ба вазифаҳои нав таъиншудагон 6 нафар бону ва 30 нафар касонеанд, ки бори аввал ба вазифаи судя сазовор дониста мешаванд. Дигарон тибқи нақшаи ҷойивазкунии муҳлатноки кадрҳо ва ба навбат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият кардану таҷриба андӯхтан ба вазифаҳои нав таъин гардиданд.
Пас аз қироати фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъиноти кадрӣ ахбори роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ, аз ҷумла раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов доир ба фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, ҳодисаҳои ташвишовари даст задани онҳо ба ҷинояту қонуншиканӣ, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ, ҳамчунин доир ба ҳамкории миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ шунида шуд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки судяҳо "бояд ба халқу Ватан ва савганди касбии худ ҳамеша содиқ бошанд, кору фаъолияти худро бо дасту дили пок ва нияти нек ба роҳ монда, дар амалӣ намудани адолати судӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату шаҳрвандон танҳо тобеи қонун бошанд".
Бо изҳори нигаронӣ аз даст задани баъзе судяҳо ва дигар кормандони мақомоти судӣ ба ҷинояту қонуншиканӣ ва амалҳои коррупсионӣ минбаъд барои пешгирӣ аз чунин кирдорҳои нангин аз тамоми имконоти мавҷуда бояд самаранок истифода бурда шавад. Таъкид гардид, ки кормандони ба чунин амалҳо роҳдодаи натанҳо мақомоти судӣ, балки дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳам минбаъд бояд ба чунин мақомоти пурмасъулият ва умуман ба хизмати давлатӣ роҳ дода нашаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳамчунин доир ба ҳамгироии наздики миёни ин сохторҳо, муборизаи якҷоя ва ҳамоҳанг бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷустуҷӯӣ, тафтишотӣ ва судӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.13    №: 111    Мутолиа карданд: 2231
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед