logo

мулоқотҳо

Вохӯриҳои Президенти кишвар бо меҳмонони воломақом

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат маросими бошукӯҳи истиқбол сурат гирифт.
Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватраро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо саф оростани ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтироми меҳмон ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салом додани ӯ ба сарбозон ва ҳамчунин шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо расми гузашти тантанавии низомиён ба поён расид.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар дар мулоқоти хосаи сатҳи олӣ оғоз ёфт.


Зимни суҳбат бо вакили Парлумони Аврупо, роҳбари Гурӯҳи вакилони Парлумон оид ба масъалаҳои об хонум Кристина Гутиерес масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуда, аз сатҳ ва муҳтавои рушди муносиботи ҳасана изҳори қаноат карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки мавқеи созандаи Тоҷикистон доир ба масоили обу энергетика дар арсаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Иттиҳоди Аврупо ҳарчи бештар мавриди дарки дуруст ва дастгирӣ қарор мегирад, арзи қаноатмандӣ намуд.
Изҳор гардид, ки "дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон манфиати тамоми кишварҳои ба мо ҳамсояи минтақа чӣ аз лиҳози таъминот бо об ва чӣ бо неруи барқ ба назар гирифта шудаанд". Ҳамчунин таъкид гардид: "Агар неругоҳҳо ва обанборҳои Тоҷикистон намешуданд, дар кишварҳои поёноб аз худ кардани миллионҳо гектар замин ғайриимкон мебуд".
Кристина Гутиерес изҳор дошт, ки "Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла сохтори парлумонии он мусоидати хешро барои эҷоди фазои муносиб баҳри тавсеаи ҳамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ минбаъд низ дареғ нахоҳад дошт".

Тафсилоти бештари ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баррасӣ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: "Тоҷикистон дар симои Иттиҳоди Аврупо шарики муътамади худро дар арсаи байналмилалӣ мебинад ва мо хоҳони тавсеаи ҳамёрии пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо ин ниҳоди бонуфуз ҳастем." Ҳамчунин таъкид гардид: "Мо таваҷҷуҳи пайвастаи Иттиҳоди Аврупоро ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории ҷомеаи Аврупо бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар масоили рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ қадрдонӣ карда, баланд арзёбӣ менамоем".
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои идоракунии захираҳои обу энергетика, таъмини амнияти энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист, тавсеаи имкониятҳои нақлиётию транзитии минтақа, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои калидии иҷтимоию гуманитарӣ - маориф, тандурустӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии он зоҳир гардид.
Баррасии авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла пас аз соли 2014 ва роҳҳои густариши ҳамгироии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ин самт низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки талабу пешниҳодҳои мушаххаси Тоҷикистон дар Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014 - 2020 ба назар гирифта мешаванд".


Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария, асосан масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Гян Чандра Ачария барои ташриф ба шаҳри Душанбе ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҳамчунин пуштибониҳои доимиаш аз ғояҳо ва ибтикороти Тоҷикистон дар бахши об дар минтақа ва ҷаҳон изҳори сипос кард.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масъалаҳои густариши савдо, афзоиши имкониятҳои транзитӣ ва рушди нақлиёти автомобилии байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Дар робита ба ин, изҳори боварӣ шуд, ки раисии имсолаи Тоҷикистон дар Барномаи ТРАСЕКА, ҷаласаи 10-уми ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Рушди нақлиёти автомобилӣ ва имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020", ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, боровар хоҳад буд.
Таъкид гардид, ки "барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бинобар надоштани роҳҳои баромади бевосита ба баҳр ва бо назардошти мавқеи ҷуғрофии он нақлиёти автомобилӣ аҳамияти хос дорад".
Гян Чандра Ачария изҳори итминон кард, ки "тадбирҳои Тоҷикистон доир ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ минбаъд низ бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳою давлатҳои шарику мададгор мавриди дастгирӣ қарор хоҳад дошт".


Мулоқоти судбахши дигарро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба масоили иқтисодию иҷтимоӣ У Хунбо анҷом дод.
Зимни мулоқот дар баробари мавзӯъҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об масоили вобаста ба таҳияи рӯзномаи Ҷаласаи байналмилалии рушд дар соли 2015 баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, масоили дар ин ҷаласа муайяншаванда бояд идомабахши Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бошанд, ки барои 15 соли аввали ҳазораи сеюми милодӣ мушаххас гардида буданд.
У Хунбо ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика, рушди "иқтисоди сабз", пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва ҳам барои татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар барои иқдоми навбатӣ, яъне дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об арзи сипосу қадрдонӣ кард.
У Хунбо мавқеи созанда ва мутавозини Тоҷикистонро доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об аз тариқи ҳамкорӣ ва созиш арзандаи дастгирӣ номида, изҳор дошт, ки "беҳтарин роҳи ҳаллу фасли масоили баҳсноки вобаста ба об ҳамкории минтақавӣ мебошад".


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедитто Брагаро ба ҳузур пазируфт.
Аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии об изҳори қаноат карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нақши Шӯрои ҷаҳонии об, ки чун созмони калидӣ дар ин соҳа беш аз 300 аъзо дорад, дар пазироӣ, тарғиб ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Бенедитто Брага дар навбати худ аз пешсафии ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили вобаста ба об қадрдонӣ карда, изҳор дошт: "Мо мисли Тоҷикистон муътақидем, ки об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад, на воситаи низоъ".
Ҳамчунин таъкид гардид, ки "Шӯрои ҷаҳонии об барои татбиқи амалии ташаббусҳои судманди Тоҷикистон дар соҳаи об минбаъд низ ҷаҳду талош хоҳад кард".


Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 20 август  як зумра иштирокдорони воломақоми онро ба ҳузур пазируфт.

Мулоқоти якуми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Мозамбик Алберто Клементино Антонио Ваквина баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъалаи роҳандозӣ ва густариши робитаҳо миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистону Мозамбик метавонанд бештар дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, геология, энергетика ва маориф ҳамкории босамар ба роҳ монанд.
Сарвазири Мозамбик барои таҳсили донишҷӯёни кишвараш дар Тоҷикистон арзи сипос намуда, ин арсаи ҳамкориро дорои дурнамои хуб номид.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист, сурат гирифт.


Дар мулоқот бо Президенти Иҷлосияи 68-уми  Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Эш масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд.
Ҷон Эш ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва созмондиҳии хуби конфронси мазкур арзи сипос карда, пешвоии Тоҷикистонро дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии вобаста ба об таъйид кард.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳавасмандии устувори ду ҷониб ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун таъкид гардид.


Зимни вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо вазири энергетика, об ва шуғли аҳолии Давлати Кувайт Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим, асосан роҳҳои татбиқи амалии санадҳо ва тавофуқоти дуҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Бо ёдоварӣ аз сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ва натиҷаҳои умедбахши он изҳори боварӣ шуд, ки татбиқи амалии санадҳои зимни ин сафар имзошуда ва дигар тавофуқоти муҳим ба нафъи ду давлати дӯст ва мардумони онҳо хизмат хоҳад кард.
Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим бо ишора ба таваҷҷуҳи хоси Амири Давлати Кувайт ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба дурнамои робитаҳои судбахши ду кишвар баҳои баланд дод.


Дар мулоқот бо вазири муҳити зисти Давлати Қатар Аҳмад ибни Омир ал-Ҳумайдӣ масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи ду кишвар баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ аз сатҳ ва мазмуни муносиботи судбахш ва ҳамкории босамари кунунӣ, ҳамзамон ба густариши бештари робитаҳо дар оянда изҳори ҳавасмандӣ шуд.


Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Паймони неру Урбан Руснак басо ҷолибу самарбахш ҷараён гирифт.
Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои форуми соҳибкорию сармоягузорӣ барои Тоҷикистон, ки бо мусоидати ин созмон чанде пеш дар шаҳри Брюссел-пойтахти Шоҳигарии Белгия баргузор гардида буд, ба густариши бештари ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ гардид.
Урбан Руснак таъкид намуд, ки Паймони неру минбаъд низ бо Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва ҷалби сармоягузории  хориҷӣ, пеш аз ҳама ба бахшҳои ояндадори соҳаи энергетика ҳамкории босамар хоҳад дошт.


Зимни мулоқот бо вакили парлумони Фаронса ва намояндаи махсуси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Тиерри Мариани масоили гуногуни ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат ва амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, обу энергетика ва экология зоҳир гардид.
Авзои кунунию ояндаи Афғонистон,таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон, хусусан пас аз соли 2014, таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо ин кишвар, мусоидат ба неруҳои марзбон ва дигар сохторҳо барои муқовимат бо хатарҳои ҷаҳони муосир аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шудани ширкати нафту гази фаронсавии Total, ки шуҳрат ва нуфузи ҷаҳонӣ дорад, қадами барҷаста дар роҳи резиши сармояҳои аврупоӣ ва ҷаҳонӣ ба бахши нафту гази кишвари мо номида шуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои парлумонӣ ва дигар мавзӯъҳо сурат гирифт.


Дар вохӯрӣ бо вазири захираҳои оби Бангладеш Рамеш Чандра Сен доир ба ҳамгироии байналмилалӣ дар соҳаи обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист табодули назар карда шуд.
Рамеш Чандра Сен таҷрибаи пурғановати Тоҷикистонро дар соҳаи дипломатияи обӣ дар минтақа ва ҷаҳон сазовори омӯзиш арзёбӣ намуда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар ин ҷода баҳои баланд дод.
Ҳамчунин бахшҳои дигари ҳамкории имконпазир миёни Тоҷикистону Бангладеш баррасӣ гардиданд.


Зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  бо муовини вазири захираҳои об ва ирригатсияи Ҷумҳурии Мисри Араб Воил Хайрӣ масъалаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Воил Хайрӣ пазируфта шудани пешниҳоди навбатии обии Тоҷикистонро доир ба эълон намудани соли 2013 - Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об нишонаи болоравии нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ номида, ба сатҳи омодагӣ ва баргузории конфронси байналмилалии бахшида ба ин мавзӯъ баҳои баланд дод.
Зимни суҳбат, ҳамчунин ба авзои кунунӣ ва ояндаи Ҷумҳурии Мисри Араб пас аз воқеоти пурталотуми ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Изҳори боварӣ  шуд, ки ҳаёти сиёсии кишвар ба зудӣ ба маҷрои муътадил ворид шуда, баҳсу мунозираҳои мавҷуда бо роҳҳои осоишта ва дар доираи қонун ҳаллу фасл мегарданд.
Ба таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Миср, ки собиқаи ғанӣ доранд, изҳори ҳавасмандӣ шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.13    №: 113    Мутолиа карданд: 2675
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед