маориф
Суғд: соҳибҳунарон меафзоянд
Дар баробари он ки ҳар сол ҳазорҳо ҷавонони мамлакат мактабҳои таҳсилоти олиро бо ихтисосҳои гуногун хатм мекунанд, табиист, ки боз хоҷагии халқи кишвар ба мутахассисон ниёз дорад. Масалан, тибқи маълумотҳо фақат вилояти Суғд ба зиёда аз ҳазор нафар агроному зоотехник, ҳазор нафар духтур, ҳамин миқдор ҳамшираи шафқат,беш аз шашсад нафар омӯзгор, садҳо мутахассиси соҳаи сохтмону саноати сабук, геологӣ ва даҳҳо касбу кори дигар ниёз дорад. Ин дар ҳолест, ки садҳо нафар хатмкунандагон дар даст диплом наметавонанд соҳиби ҷойи кор шаванд ва мутаассифона, ҳалли масъаларо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа меёбанд. Иқрор бояд шуд, ки бисёр ҷавонон дар вақти интихоби касб ва ё дохил шудан ба мактабҳои таҳсилоти олӣ зарурати ҳаётии пешаи интихобкардаи хешро дуруст дарк намекунанд. Иқдоми онҳо аз рӯйи ҳавою ҳавас сурат гирифта, аслан ба таҳсил завқе надоранд ва оқибат дар ҳолати ногувор мемонанд.
Бино ба иттилои Идораи маорифи вилояти Суғд, имсол 36 ҳазор нафар хонанда макотиби таҳсилоти умумиро хатм карда, гурӯҳе хоҳиши таҳсил дар литсейи касбӣ ва ё коллеҷ дошта бошад, гурӯҳи дигар мехоҳад таҳсилро дар мактабҳои таҳсилоти олии пойтахти кишвар ва вилоят идома диҳад. Феълан дар минтақаи шимоли кишвар, дар маҷмӯъ 22 мактаби таҳсилоти оливу коллеҷ ва литсейҳои касбиву техникӣ амал мекунад.
То чи андоза довталабони имсола бо дарки шинохти масъулияти касбинтихобкунӣ ба мактабҳо ҳуҷҷат супурданд? Барои дарёфти посух ба ин суол аз чанд мактаби таҳсилоти олӣ ва коллеҷи воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дидан карда, бо довталабон, масъулини комиссияҳои қабул ҳамсуҳбат шудем.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар миёни макотиби таҳсилоти олии навтаъсис аз ҷумлаи муваффақтаринҳо маҳсуб ёфта, дар давоми мавҷудияташ зиёда аз 16 ҳазор мутахассиси соҳаҳои гуногун, асосан бахшҳои иқтисодӣ, муҳосибот, гумруку андоз, ҳуқуқро тайёр кардааст, ки дар манотиқи гуногуни мамлакат адои вазифа доранд.
Бино ба иттилои котиби комиссияи қабули донишгоҳи мазкур, Шуҳратҷон Кенҷаев, сарфи назар аз он ки таҳсил ин ҷо пура шартномавист, имсол теъдоди довталабон дар қиёс ба соли 2012 то 30 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамасола 12 ҳазор нафар аз рӯйи 64 ихтисос ба таълим фаро гирифта мешавад.
- Сарфи назар аз он ки донишгоҳи мо асосан равияи омӯзгорӣ дорад, дар иртибот бо вазифагузориҳои Сарвари давлат оид ба тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи давр ва ниёзи соҳаҳо ва бо дарназардошти имконияти ақливу зеҳнӣ, заминаи мустаҳками таълим дар соли нави хониш боз 10 ихтисоси нав, аз ҷумла фарҳанги ҷаҳонӣ, фолклор, молия ва назорат дар соҳаи гумрук, агроэкологӣ, забони чиноӣ, тарҷумонӣ таъсис додем, - мегӯяд Ғафурҷон Усмонов, ректори донишгоҳи мазкур.
Соли 2006 бо дарназардошти аҳамияти муҳим ва дурнамои рушди соҳаи коркарди маъдану металлургӣ бо фармони Президенти мамлакат дар шаҳри Чкалов Донишкадаи кӯҳӣ - металлургӣ ба фаъолият оғоз карда, имрӯз нахустин мутахассисонро омода кардааст, ки дар корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Канада "Апрелевка" -и шаҳраки Консой, ҶСК Комбинати маъдантозакунии "Адрасмон"-и шаҳраки Адрасмон, Корхонаи саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Зарнисор, Комбинати маъдантозакунии Анзоб, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин "Зарафшон", Корхонаи коркарди нафти "Тетис Петролиум" ва экспедитсияҳои геологӣ, неругоҳҳои барқи обии Нораку Роғун кор мекунанд.
- Мактаби таҳсилоти олии мо аз рӯйи 16 ихтисос ҳудуди 750 нафар довталабро қабул намуд, - гуфт Замониддин Насриддинов, котиби масъули комиссияи қабули Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии шаҳри Чкалов. Теъдоди хоҳишмандоне, ки дар донишкадаи мо таҳсил карданианд, ҳар сол тамоили афзоиш дорад, ки ин ҳам табиист, зеро баъди хатм бе мушкилӣ метавонанд соҳиби ҷойи кори доимӣ ва музди меҳнати баланд шаванд. Ҷавононе, ки аз шаҳру навоҳии дурдасти мамлакат омадаанд, бо хобгоҳи замонавӣ таъмин карда мешаванд.
Дар ҷараёни сафари раиси вилояти Суғд ба шаҳру навоҳии вилоят ва мулоқоту қабули шаҳрвандон маълум гардид, ки бисёр ҷамоатҳои деҳот, шаҳракҳо аз нарасидани духтурони соҳибкасб, ҳамшираҳои шафқат танқисӣ мекашанд.
-Тибқи нақша ҳар сол ба коллеҷи тиббӣ на кам аз 1200 нафар аз рӯйи 8 ихтисос қабул мегардад, теъдоди хоҳишмандон бошад аз 1,5 то 2 баробар зиёд аст, - иброз дошт Алимат Мавлонов, директори коллеҷ.
Ҷиҳати то андозае ҳаллу фасл кардани масъалаи мазкур интизор меравад, ки дар соли дигар дар шаҳри Қайроққум боз як коллеҷи тиббии хусусӣ ба фаъолият оғоз бахшад.
Имрӯз кормандони соҳаи матлуботи вилояти Суғд аз он изҳори қаноатмандӣ доранд, ки Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд кори онҳоро дар тайёр кардани мутахассисони зарурӣ сабук намудааст. Тибқи иттилои сарвари ин муассисаи таълимӣ Инъомҷон Аминов, аз рӯйи 19 ихтисос мутахассисон барои ҳамаи самтҳои иттифоқҳои матлубот омода карда мешаванд ва барномаи таълим мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҷовиди АШТӢ,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.08.13 №: 114 Мутолиа карданд: 5774