ҳукумат
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис бо маъқул донистани лоиҳаи чанд қонун ба як зумра қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо пешниҳод гаштанд, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд ёфт. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо "Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ", "Дар бораи нақлиёт", "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" ва ба кодексҳои андозу гумрук пешниҳод шуданд.
Нақшаи генералии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд тасдиқ гардид.
Дар охири маҷлис ба масъулин доир ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии озуқаворӣ ва маводи сӯхт барои мавсими сардӣ, омодасозии шабакаҳои нақлиётӣ, барқӣ, гармидиҳӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонии коммуналӣ супоришҳои мушаххас ва ҳамчунин доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовори солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи арзишҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои солҳои истиқлолият ва тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносии мардум, хусусан ҷавонону наврасон дастуру ҳидоятҳо дода шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба оғози соли нави хониш ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани Рӯзи Дониш зоҳир гашт. Таъкид гардид, ки оғози соли нави хониш дар тамоми мактабҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ бояд ба таври идона ва тантанавӣ бо шукӯҳи хоса ба роҳ монда шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.13 №: 115 Мутолиа карданд: 4959