logo

сафарҳо

Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои созандагию ободонии пойтахт

27 август  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ифтитоҳи як зумра иншооти нав иштирок намуда, бо рафти корҳои дигари созандагию ободонӣ бевосита шинос шуд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи «Ховарон»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар маросими ба 727 оилаҳои ниёзманд додани қитъаи замин барои сохтмони хонаи шахсӣ иштирок намуд.

Тавре зикр гардид, барои омодасозии инфрасохтори зарурии ин маҳалла, аз ҷумла кашидани хатҳои барқ, шабакаҳои обрасонӣ, бунёди зеристгоҳи барқӣ, роҳсозӣ ва ободонии атрофи ин минтақа дар давоми солҳои 2007 - 2013 аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба маблағи 41 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд.
Ғайр аз ин, давоми соли равон барои ободониву бунёди шабакаҳои инфрасохтори мавзеи зикршуда аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе қариб 70 миллион сомонӣ сарф карда мешавад.
Чунонки иттилоъ доданд, тибқи нақшаи генералии маҳаллаи «Ховарон», солҳои наздик дар ин ҷо як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла чор мактаби нав бо тамоми шароити муосир, боғчаҳои кӯдакона, биноҳои маъмуриву маишӣ, ошхонаву марказҳои тиҷоратӣ, дармонгоҳ ва монанди инҳо сохта ва дар ин минтақа зиёда аз 60 ҳазор нафар аҳолӣ аз чор ноҳияи пойтахт ҷойгир карда мешаванд.

Ифтитоҳи мактаби инноватсионии ронандагӣ

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор дароварда шуд.
Тавре зикр гардид, ин дувумин чунин пойгоҳ дар Тоҷикистон, вале нахустин дар шаҳри Душанбе мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд меёбад. Нахустин пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ моҳи июли соли равон дар шаҳри Қурғонтеппа аз ҷониби ҳамин гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта буд.
Ин соҳибкорони ташаббускор, ки намунаи олии ҳамкории бахши хусусӣ ва давлатро ташкил намудаанд, фаъолияти ин пойгоҳро дар якҷоягӣ бо мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ, мактабҳои ронандагӣ ва дигар сохторҳои мавҷуда ба роҳ мемонанд.
Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 50 адад мотосиклҳои харидоринамудаи ҳамин соҳибкорон, албатта, бо розигии соҳибмулкон ба нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳадя шуд.
Пойгоҳи муосир бо мактаби ронандагӣ аз синфҳои муҷаҳҳази дарсҳои назариявӣ ва амалӣ бо макетҳои электронии мошин, майдони махсуси мошинронӣ ва ҳамчунин мошинҳои боркашу сабукрав ва автобусу мотосиклҳои нави таълимӣ иборат аст.
Аз ҷониби соҳибкорон барои ин мактабу пойгоҳҳои инноватсионӣ харидории беш аз 300 адад техникаи автомобилӣ ва мотосиклҳо дар назар аст. Танҳо барои ҳамин пойгоҳ 30 адад нақлиёти сабукрав, боркаш, автобусҳо ва мотосиклҳо барои гузаронидани машқҳои ронандагӣ ва қабули имтиҳони амалии ронандагӣ ба маблағи зиёда аз 1,9 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст. Инчунин барои муҷаҳҳазонидани майдони ронандагӣ таҷҳизоти инноватсионии компутерӣ барои сабти раванди қабули имтиҳони ронандагӣ ба шабакаи электронии ягона ба маблағи 800 000 сомонӣ васл карда шудааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз мошинҳои таълимӣ нишаст ва нахустин касе шуд, ки дар ин пойгоҳ имтиҳони амалии ронандагӣ супурд. Тавре аз маркази назоратӣ ва идораи мутамаркази пойгоҳ хабар доданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳон бо баҳои хеле баланд гузашт.
Тавре таъкид гардид, ин мактабу пойгоҳҳои инноватсионии ронандагӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нахустинанд. Аз қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин пойгоҳҳо чанд адад танҳо дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мавҷуд асту бас.
Мавриди зикри хос аст, ки тамоми синфхонаҳо ва майдонҳои таълимию имтиҳонӣ ба шабакаи ягонаи электронӣ пайваст буда, ҷараёни ҳамаи корҳо тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва компютеру мониторҳо мудом назорат карда мешавад. Иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва тамоми машғулиятҳо ва имтиҳону санҷишҳо таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ сурат мегирад ва на муаллим ва на каси дигар ба рафти кор дахолат карда наметавонанд. Яъне тамоми имконоти дахолати инсон ва амалҳои коррупсионӣ аз миён бардошта мешаванд.
Дар ин марказ ҳоло курсҳои чилупанҷрӯзаи ронандагӣ ташкил шуда, ронандаҳои мошинҳои сабукрав, боркаш, автобус ва мотосикл омода карда мешаванд. Ҳоло дарсҳо дар як баст ба роҳ монда шуда, дар як курс 90 донишҷӯй бо омӯзиш фаро гирифта мешавад. Ин тартиби кор имкон медиҳад, ки дар як сол то 500 нафар дар ин ҷо таълим гиранд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки таълим дар 2 баст ба роҳ монда шавад, то ки шумораи бештари хоҳишмандон хонда, соҳиби шаҳодатномаҳои ронандагии стандарти ҷаҳонӣ шаванд.
Масрафи умумии таъсиси пойгоҳи мазкур бо назардошти мактаби ронандагӣ ва майдони инноватсионии ронандагӣ беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ин пойгоҳ 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва то охири соли равон шумораи ҷойҳои кории он то ба 200 хоҳад расид.
Гурӯҳи соҳибкорон нақша доранд, ки бо харҷи 100 миллион сомонӣ боз 6 -то чунин пойгоҳҳо ва 30 мактаби инноватсионии ронандагӣ бо садҳо ҷойи кории дигар дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар то охири соли равон омода созанд. Нисфи ҳамин пойгоҳу мактабҳо, аллакай то моҳи сентябри соли равон ба кор дароварда мешаванд.
Соҳибкорони ташаббускор дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилӣ азм доранд, ки оянда додани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ва шароити зарурии истифодаи онҳоро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар доираи ин лоиҳа, аз ҷумла дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад, ки ба таври автоматӣ ҳаракат дар тамоми роҳҳои ба ин кор мутобиқшударо назорат ва идора менамояд.

Ифтитоҳи се бинои боҳашамати иловагӣ дар назди ду мактаб

Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин се бинои боҳашамати иловагӣ дар назди ду мактаби мавҷудаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ ёфт, ки ҳарсе бо тарҳу намои замонавӣ бунёд гардида, дорои шароити муосир мебошанд.
Ду бинои аввал, ки яке бинои зебою муҷаҳҳази таълимӣ ва дувумӣ маҷмааи сеошёнаи варзишӣ мебошад, дар назди мактаби рақами 56 дар кӯчаи Ҷомии ноҳияи Сино бо тарҳи хеле зебо бунёд ёфтаанд. Бинои нави таълимии ин мактаб барои 1280 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шуда, дорои 36 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои компютерӣ, физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ ва ғайра мебошад.
Бунёд ёфтани бинои нави мактаби 56 боиси шодию нишоти зиёди омӯзгорон, хонандагон ва сокинони атрофи он гардид, зеро то ин вақт аз нарасидани синфҳо таълим дар ин мактаб дар се баст ба роҳ монда мешуд.
Толори бузурге, ки дар ошёнаи якуми маҷмааи нави варзишии мактаб қарор дорад, дорои 420 ҷойи нишаст ва шароити хуб барои намудҳои гуногуни варзиш мебошад.
Бинои иловагии дигари таълимӣ дар назди мактаби рақами 97, ки дар маҳаллаи Авул- 2-и ноҳияи Синои пойтахт қарор дорад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин бинои сеошёна аз 16 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Сокинони маҳаллаи Авул - 2 аз ифтитоҳи ин бино басо шоду масрур гардиданд, чунки биноҳои қаблии мактаб хеле кӯҳнаю фарсуда ва осебпазир шуда буданд ва шароити таълимӣ низ дар онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯй набуд.
Ин бинои зебо, ҳамчунин дорои толорҳои замонавии маҷлисӣ бо 220 ҷойи нишаст, варзишӣ бо 130 ҷойи нишаст барои тамошобинон ва ошхонаи муҷаҳҳаз мебошад.

Шиносоӣ бо рафти таҷдиди роҳҳои дохилии пойтахт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин  бо рафти таҷдиди  роҳҳои дохилии пойтахт шинос шуд.
Шиносоии бевосита бо навсозии роҳҳои пойтахт дар чорроҳаи хиёбони Борбад ва кӯчаи Ҷомӣ сурат гирифт.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рафти навсозии ин чорроҳаро, ки бо тарҳи нави замонавӣ сурат гирифта, нисбат ба пешина хеле васеъ ва бароҳат мешавад, аз назар гузаронда, ба кори роҳсозон баҳои хуб дод.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таҷдиди дигар роҳҳои пойтахт низ шинос шуда, таъкид намуд, ки корҳо бо сифати баланд анҷом дода шаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.13    №: 115    Мутолиа карданд: 2045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед