logo

илм

"Қонун"-и ҷовидонӣ

"Китоб-ал-қонун фи-т-тиб" ё худ "Қонуни тиб" аҳамияти оламшумул дошта, дар тӯли зиёда аз 500 сол (1150-1762) дар Аврупо ҳамчун ягона китоби рӯимизии табибон ва манбаи таълими донишомӯзон мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ин асар бори нахуст аз ҷониби Ҷерарди Креманӣ (1114-1187) - падари арабишиносони олам ба забони лотинӣ тарҷума шуд. Он ба аврупоиён чунон таъсир гузошт, ки аз ҷониби И. Гуттенберг пас аз ихтироъ гаштани дастгоҳи китобчопкунӣ дар радифи китобҳои муқаддас ба чоп расид. Баъдан ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, румонӣ ва ибронӣ тарҷума шуда, дар Аврупо зиёда аз 40 маротиба ба шакли пура чоп гардид.
"Қонуни тиб" соли 1012-1013 дар Гурганҷ таълиф ёфтааст.
Аврупоиён Абуалӣ ибни Синоро пас аз соли 1279 дар Рим аз ҷониби Натантамеанти (Гаммати) ба забони ибронии куҳан тарҷума шудани "Қонуни тиб" ҳамчун Авитсенна мешиносанд.
Зарурати таълиф гаштани "Қонуни тиб" дар чист? Пеш аз ҳама мавҷуд набудани асари тиббие, ки аз сохтори бадан ва узвҳои алоҳида сар карда, то беморӣ, ташхис ва табобати онро пешкаш намояд. Мақсади Абуалӣ ибни Сино таълифи ҳамагӣ як китоб буд, ки сохтор, ташхис ва табобати ҳама гуна бемориҳоро дар бар гирад. Аммо, бинобар бесарусомониҳои замона ва вазъи ташвишовари зиндагии шахсии ӯ "Қонуни тиб" дар ҳаҷми 5 китоб ва зиёда аз 400 ҷузъи чопӣ ба табъ расида дастраси оламиён гашт.
Ёдовар бояд шуд, ки маҳз ба хотири аҳамияти баланди илмӣ доштани "Қонуни  тиб" аврупоиён илми тибро ба номи Сино маънидод намуда, "медитсина" (шакли кӯтоҳи "мадади Сино") ном гузоштанд. Муаллифи рамзи тиб - заҳрашро ба хотири табобати инсон додани мор - Абуалӣ ибни Сино ҳисоб меёбад. Олими бузург мафҳуми саломатиро чунин маънидод менамояд: барои он ки тани одам солим бошад, ба ӯ се чиз лозим аст: дили гарм, асаби сард ва устухони хушк.
 Таълимоти тиббии Абуалӣ ибни Сино ба чӣ такя менамояд? Олим сабаби пайдоиши ҳама гуна бемориҳои инсонро дар тағйирёбии мизоҷи ӯ медонад. Инро  равияи замони пеш аз мелодиро бори нахуст табиб ва файласуфи Юнони қадим Эмпедоклон (490-430) маънидод намудааст. Ба ақидаи ӯ тағйироти ҳол аз чаҳор унсур: об, хок, бод ва оташ вобаста аст.
 Баъдан Буқрот (460-377 пеш аз мелод) ва Гален (129-201 сол) дар асоси таълимоти Эмпедоклон ҳаракати тақсимбандӣ намудани чаҳор навъ табиати инсонро вобаста ба чаҳор навъ шарбати бадан (хун, луоб, талхаи зард ва сиёҳ) менамоянд. Мувофиқи ин тақсимбандӣ одамон ба чаҳор намуди табиат ҷудо мешаванд: холерик, сангвиник, меланхолик ва флегматик.
Абуалӣ ибни Сино ин равияро такмил дод ва билохир хулосабарорӣ намуд, ки кулли тағйиротҳои дар бадан бавуҷудоянда дар натиҷаи муқобилияти гармию сардӣ ва хушкию намӣ ба вуҷуд меоянд. "Қонуни тиб" аз 5 китоб иборат буда, ҳар яке дар навбати худ ба фан, фан ба ҷумла, ҷумла ба мақола ва мақола ба фаслҳо тақсим мешавад.
Китоби якум мафҳуми тиб, аҳамияти ногусастании назария ва амалияро маънидод менамояд. Қисми асосии ин китобро омӯзиши ташреҳи бадан, хусусиятҳои сохторӣ ва шарбатҳои дар бадани инсон ҳосилшаванда дар бар мегирад. Дар ин китоб сабабҳо ва аломатҳои пайдоиши бемориҳо муфассал маънидод гашта, алалхусус тағйирёбии набз ва пешоб асоси ташхисро таъмин менамояд.
Абуалӣ ибни Сино ба хунгирӣ бо истифода аз шуллукҳо аҳамияти махсус дода, ҳамзамон истифодаи такрории онро пас аз беморони гирифтори вабо, тифи шикам ва нағзакон манъ менамояд. Ба истеъмоли хӯрок аҳамияти ҷиддӣ дода, ғизоро бо доруворӣ дар як поя муайян менамояд. Бадмастиро маҳкум намуда, боиси гирифтор шудани бадмаст ба сиррози ҷигарро аввалин шуда ёдрас менамояд. Китоби якум бо номи "Куллиёт" ва ё "Кулиёти ал - Қонун" маъруф аст.
Китоби дувум андар баёни доруҳои сода (фармакогнозия) буда, аз ду бахш иборат аст. Дар бахши аввал назарияи умумии дорушиносӣ, қоидаву дастурҳои интихоби доруворӣ, ҷамъоварӣ ва захираи он оварда шудааст. Бахши дувуми китоб зиёда аз 800 намуди дорувории наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданиро дар бар гирифта, хусусият ва тарзи истифодаи онҳоро муайян месозад.
Китоби савум бузургтарин китоби "Қонуни тиб" буда, ҳамаи бемориҳои ҷузъиро аз сар то пой дарбар мегирад. Ҳар як беморӣ аз тағйироти сохторӣ оғоз гашта, аломатҳо, роҳҳои ташхис ва табобати пешниҳодшуда бо доруворӣ саҳеҳ оварда шудааст. Бинобар табиби ҳозиқ ва нозукбин будан, тарзи ҷамъ намудани собиқаи беморӣ, ба инобат гирифтани ҳар як далел дар вобастагӣ аз муставои андом ва хилтҳо (моддаҳои чоргона - хун, балғам, сафро ва савдо) ва эътибор додан ба хусусиятҳои ҳар як шахс асоси ташхису табобати беморро ташкил медиҳад.
Китоби чаҳорум андар баёни бемориҳои умумӣ ҳисоб меёбад. Дар он олими бузург ташхису табобати 17 намуди табъ, омосу шикастани устухонҳо, заҳролудшавӣ ва аз нозукиҳои илми оростаӣ хабар медиҳад.
Китоби панҷум андар баёни доруҳои мураккаб буда, онро "Қарабодини - ал - Қонун" низ меноманд. Аз 3 қисм иборат буда, назарияи умумии доруҳои мураккаб, тақсимшавии навъи доруҳои мураккаб ва доруҳои мураккаби аз ҷиҳати фаъолияти ҳар як узв санҷидашударо дар бар мегирад.
Аҳамияти "Қонуни тиб"-и Шайхурраисро дар тибби муоссир И.Э. Бертелс чунин маънидод менамояд: "Ибни Сино як кӯраи оташи зеризаминии ба чашм ноаён буда, садҳо қуллаҳои оташафканро неру мебахшад". Дар ҳақиқат, ягон соҳаи тибби муосирро номбар намудан ғайримкон аст, ки дар он Абуалӣ ибни Сино фикри наве нагуфта бошад. Дар бахши бемориҳои дарунӣ даҳҳо усулҳои ташхисиву табобатӣ пешниҳод намуда,  аз ҷумла нахустмуаллифи аз садои дар натиҷаи ангушт ба ангушт куфта, вазъи узвҳои ковокии шикам ё қафаси синаро муайянкунанда (перкуссия) мебошад, ки беасос 600 сол пас аз марги Шайхурраис ба номи олими австралиягӣ Леаполд Ауэнбурггер шинохта мешавад. Бузургии ибни Сино дар маънидод намудани даҳ аломати тағйиротии набзи бемор ва 37 аломати пешоб ҳувайдо буда, то имрӯз на ягон дастгоҳи муосир ва на ягон табиб аз 17 сифати пешоб зиёд нагуфтааст.
Абуалӣ ибни Сино ба пурагӣ ташхис ва табобати диабети қандро навиштааст. Дар адабиётҳои махсус таъми ширин доштани пешоби бемории диабети қандро бо номи олими англис Томас Уиллс (асри XVIII) мешиносанд, дар сурате, ки Синои бузург 1000 сол муқаддам дар ин хусус навиштааст: "Пешоби диабетикҳо шаффоф, вазнин ва бисёр буда, такшони он таъми ширин, ба монанди асалро дорад". Дар баробари муайян намудани аломатҳои клиникии бемории сил Абуалӣ ибни Сино аввалин шахсест, ки усули сӯзанзанӣ ва обияткаш намудани ковокии плевраро пешниҳод намудааст. Магар мояи ифтихор нест, ки ба ақидаи академик В.Х. Василенко ташхиси тафриқавии хунтуфкунии беморро, ки Абуалӣ ибни Сино навиштааст, метавон умрбод бе ягон илова ҳамчун дастур истифода бурд. Ҳақ ба ҷониби устоди гастроэнтерологҳои муосири тоҷик Ҳ. Мансуров аст, ки беасос даҳҳо нахустнавиштаҳои бемории аз ҷониби Абуалӣ Сино рӯи қалам омадаро ба номи олимони охири асри XVIII - XIХ  Аврупо мешиносанд. Нақши Шайхурраис дар ташхис, табобат ва тарбияи кӯдак ҳамчун фарди комилҳуқуқи ҷомеа беҳамтост. Алалхусус, навиштаҳои олими бузург тибби Аврупоро "сарозер сохта" тафаккури тарбиявии аврупоиёнро ба тамом дигар намуд. Беҳуда нест, ки бинобар навиштаи таърихнигор Э. Конюса дар нахусткитоби чопии ҷаҳон оид ба педиатрия Павел Бегелляр "Китоби бемориҳои кӯдакон" (1472) 1860 ишора ба ашъори Ибни Сино ва Ар-Розӣ омадааст. Нақши Абуалӣ ибни Сино дар пешрафти соҳаи ҷарроҳии муосир беҳамтост. Устодони ҷарроҳии муосири тоҷик К.Т. Тоҷиев, А.Т. Пӯлодов, Ю.И. Дотхоев аҳамияти илмӣ ва амалии фаъолияти ҷарроҳии Абуалӣ ибни Синоро моҳирона рӯи қалам овардаанд. Танҳо дар асоси  лавозимоти ҷарроҳии даврони Шайхурраис беасос будани даъвогарони соҳаи ҷарроҳиро тасдиқ намудан кофист. Ӯ ёдовар мешавад, ки падари маънавии ҷарроҳони ҷаҳон Буқрот ҳангоми ба ковокии шикам пош хӯрдани дохилаи ҷигари пур аз об (эхинококкоз) усули бо истифода аз оҳани тафсон сурох намудани девораи шикам ва сӯзонидани ҷигари даридаро пешниҳод менамояд. Агарчи таърих то замони мо натиҷаи ин гуна табобатро нарасонидааст, лек ҳолати беморонро тасаввур намудан мушкил нест. Дар ин ҳолат, Абуалӣ ибни Сино усули гузоштани парасинтез аз ду тиҳигоҳро пешниҳод намуд, тарзи иҷрои усулро пура навиштааст, ки дар як вақт асосгузори табобати паллиативии перитонити паҳнгашта ва озод намудани бемор аз сӯхтан ҳисоб меёбад. Олими бузург ёздаҳ намуди омос ва захмҳои меъдаву рӯдаро ёдовар шуда, сабабҳои хунравӣ аз сурхрӯдаю меъдаро маълум менамояд. Зиёда аз ин, дар табобати хунравӣ аз варидҳои сурхрӯдаю меъда, ки дар заминаи сиррози ҷигар рӯй медиҳад, дорувории мураккаб, аз қабили омехтаи донаи гул, хокаи мӯҳр, гули анор, каме кукнор, шираи қоқуи хушкида бо сабуси дуруштро пешниҳод менамояд.
Яке аз бахшҳои асосии Қонуни тибро фармакогностика, фарматсия ва фарматерапияи 811 маводи доруӣ ташкил медиҳад. Дар асоси омӯзиш ва истифодаи 113 заҳрҳои набототӣ (54),  ҳайвонотӣ (43) ва маъданӣ (16), ки аз ҷониби Абуалӣ ибни Сино пешниҳод гаштааст, соҳаи токсикология мустақилият пайдо намуда, пайваста ба омӯзиш қарор дорад.
Айни замон "Қонун" асари рӯимизии тамоми табибони олам аст. Табибони ҷавон ба номи Абуалӣ ибни Сино қасам ёд намуда, фаъолияти касбиро софу беолоиш оғоз менамоянд, олимони варзида дастовардҳои илмиро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ намуда, бо ифтихор давомдиҳандагони кори Синои бузург буданашонро ёдовар мешаванд. Ҳамарӯза навхонадорону дилбохтаҳои Душанбешаҳр дар пояи муҷассамаи Шайхурраис ва китобҳои кушодаи "Қонуни тиб" ҷамъ омада, ба ҳамдигар хушбахтиву рӯзгори обод орзу менамоянд. Шайхурраис дар ҳар сурат чун шамъи фурӯзон роҳнамо боқӣ мемонад.  

Саидилҳом АҲМАДОВ,
 ноиби президенти
Академияи илмҳои тибби
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.13    №: 115    Мутолиа карданд: 6006
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед