logo

мулоқотҳо

Ифтитоҳи муассисаҳои тиббӣ

Ифтитоҳи озмоишгоҳи
инноватсионии беназир дар Осиёи Марказӣ

4 сентябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе як озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ маблағҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди глобалӣ бунёд ёфта, бо навтарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст.
Ин озмоишгоҳ асосан барои муайян намудани бемориҳои сил, аз ҷумла намудҳои ба доруҳо мутобиқгардидаи он, вараҷа, зардпарвин ва дигар бемориҳои сироятӣ пешбинӣ шудааст. Вале бо назардошти ниёзмандиҳои кишвар ба ташхисҳои дақиқи тиббӣ ин озмоишгоҳ, ҳамчунин бо дастгоҳу таҷҳизот барои таҳлилҳои дигари вирусологӣ, микробиологӣ, паразитологӣ, санитарию биокимиёвӣ ва ғайра муҷаҳҳаз карда шудааст.
Озмоишгоҳ бо навтарин дастовардҳои илму техникаи тиббии ҷаҳони имрӯза муҷаҳҳаз гардида, навтарин дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад.
Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо таҳлилҳои тиббии бемориҳои сил, вараҷа ва СПИД барои ҳамаи ниёзмандон ройгон гузаронда мешавад.
Дар ин озмоишгоҳ 57 нафар мутахассисони баландпоя ба кор ҷалб шудаанд, ки 4 нафари онҳо барои кор бо дастгоҳҳои навтарини дар ин ҷо насбгардида дар хориҷи кишвар ба тозагӣ таҳсил намудаанд.

Шиносоӣ бо рафти сохтмони
шифохонаи бисёрсоҳаи пойтахт

Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони иншооти азими соҳаи тандурустии пойтахт-шифохонаи бисёрсоҳа бо 650 кати хоб, ки дорои дармонгоҳ бо имкони 800 қабул дар як баст ва осоишгоҳ бо 200 кат хоҳад буд, шинос шуда, ду дармонгоҳ ва як озмоишгоҳи муосири навбунёдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тавре аён гардид, шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳрӣ дар майдони 11 гектари шафати Маркази ҷумҳуриявии ташхиси бемориҳо дар хиёбони Неъмат Қаробоеви пойтахт дар ҳоли сохтмон қарор дорад. Ин шифохонаи бузург ва муосир бо харҷи беш аз 400 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо шароити муоинаю ташхис, муолиҷа ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири навтарину беҳтарин дар Осиёи Миёна хоҳад буд.
Шифохона аз 35 биною иншооти таъиноти гуногуни аз як то нуҳошёна иборат хоҳад буд. Осоишгоҳи ин муассиса дорои беҳтарин шароити табобату тавонбахшӣ ва истироҳату фароғат, аз ҷумла физиотерапия, ҳаммомҳои туркию финӣ, толору майдонҳои варзишӣ, боғи зимистона ва дигар мавзеъҳои дилнишин хоҳад буд.
Дар сохтмони ин иншоот ҳоло беш аз 700 нафар бинокорон бо кор таъмин гардидаанд, ки ҳар яке вобаста ба дараҷаи тахассус ва ҳаҷми кор аз 700 то 3000 сомонӣ маош мегиранд.
Пас аз ба кор даромадани ин шифохона, ки ба моҳи ноябри соли 2014 ба нақша гирифта шудааст, беш аз 2000 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Ду дармонгоҳи нави муосир
дар хидмати ниёзмандон

Дар шаҳри Душанбе инчунин  бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду дармонгоҳи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар ҳардуи он қариб 1500 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаи Шамсии пойтахт ташриф оварда, бинои наву зебои Маркази саломатии шаҳрии рақами 9-ро ба истифода супурд.
Тавре зикр гардид, ин бинои чорошёна бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо 2 миллиону сад ҳазори он таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ шудааст. Ин маркази саломатӣ бо имкони қабули 500 ниёзманд дар як басти корӣ барои хизматрасонӣ ба 56 ҳазор нафар аз аҳолии ноҳияи Сино пешбинӣ шуда, дорои шароити муосир барои кори босифати табибон ва муоинаю ташхиси дақиқи беморон мебошад.
Маркази саломатӣ, аз ҷумла дорои асбобҳои муосири муоинаю ташхис, аз қабили рентгени электронӣ, дастгоҳҳои фаросавтӣ, эндоскопӣ, ҷарроҳӣ ва ҳамчунин намудҳои гуногуни физиотерапия ба мисли обдармонӣ, варзишдармонӣ, гилдармонӣ, гиёҳдармонӣ ва ғайра мебошад. Дар ин ҷо, як утоқи калон низ чун шахтаи намак омода шудааст, ки барои давобахшии бемориҳои диққи нафас муфид аст. Дар ин маркази саломатӣ барои 420 нафар кормандони соҳаи тиб ҷойи кор муҳайё мебошад.
Маркази дигари саломатӣ бо рақами 14 дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бинои зебою замонавии 6 - ошёна бо таҳхона ба ин маҳалла ҳусну намои тоза зам намудааст.
Тавре иттилоъ доданд, ин бинои боҳашамат бо харҷи беш аз 36 миллион сомонӣ бунёд ёфта ва бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ин маркази саломатӣ бо имкони қабули 800 ниёзманд дар як басти корӣ барои хизматрасонӣ ба 72 ҳазор аҳолии ноҳияи Синои пойтахт пешбинӣ шудааст. Дар ин бино барои 653 нафар кормандони соҳаи тиб кори доимӣ муҳайёст.
Танҳо барои харидории дастгоҳу таҷҳизоти муосири ин бино беш аз 10 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Ин аст, ки ин маркази саломатӣ дорои навтарин шароити тиббӣ барои хизматрасонӣ ба ниёзмандони ин гӯшаи пойтахт мебошад.
Ин бино ғайр аз дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни навсохт, ки барои муоина ва ташхиси бемориҳои гуногун пешбинӣ шудаанд, бахшҳои мухталифи солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ низ дорад. Аз ҷумла бахши обдармонии он дорои шароити зарурӣ ба намудҳои гуногуни масҳи обӣ, обпошии бофишор, кашиши зериобии рагу пайвандҳо, шиноварии табобатӣ ва ғайра мебошад. Барои табобатҳои гуногуни гилдармонӣ низ як маҷмааи алоҳида ҷудо гардидааст, ки дорои шароити анъанавӣ ва навтарини ҷаҳони муосир мебошад.
Озмоишгоҳҳои марказ низ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизот буда, дар онҳо қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ босифат гузаронда мешаванд.
Дар саҳни ҳавлии ин маркази саломатӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури анбӯҳи зиёди кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе суханронӣ намуд ва бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳайёсозии беҳтарин шароити корӣ дар муассисаҳои соҳа ҳозирон ва кулли табибони кишварро ба ташкили муоинаю муолиҷаи босифати маризон ва муомилаю муносибати шоиста бо онҳо ҳидоят намуд.
Барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки Кодекси ахлоқи кормандони соҳаи тандурустӣ таҳия ва қабул карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.13    №: 117-118    Мутолиа карданд: 2438
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед