logo

энергетика

Ба ҳадафи стратегии худ ноил мегардем

Пешрафти соҳаи энергетика дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо хеле назаррас аст. Махсусан, дар солҳои охир таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву бунёдкорӣ таҳким ёфта, ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ки он ба  равнақи иқтисодии кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи  кулли шаҳрвандон равона гаштааст, зина ба зина амалӣ мегардад.
Дар Тоҷикистон, ки кишвари дорои захираҳои фаровони обӣ-энергетикӣ  маҳсуб мегардад, ба соҳаи гидроэнергетикӣ ҳама вақт аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд. Захираҳои азими гидроэнергетикии ҷумҳурӣ  ҳанӯз аз солҳои 20 - 30-и асри гузашта  мавриди омӯзишу тадқиқот  қарор гирифта буд. Аз ҳамон овон сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ оғоз ёфтанд ва тӯли солҳои аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон дар қаламрави ин абарқудрат ба яке аз кишварҳои аз ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқ мутараққӣ табдил ёфт.  Агар соли 1959 дар Тоҷикистон солона 1 миллиард кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол шуда бошад, алҳол ин рақам ба 17 - 18 миллиард  кВт.соат расидааст. 
Дар 22 соли Истиқлолияти давлатӣ, таҳти роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба тараққиёти  гидроэнергетика аҳамияти махсус дода шуд. Маҳз бо ташаббуси ӯ сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда" бо қувваи худӣ идома ёфта, дертар он ба "Сангтӯда-1" табдил дода шуд, баъдтар сохтмони НБО-и "Сангтӯда-2", оғоз ёфту НБО-и Помир-1"-ро ба истифода доданд.
Барномаи рушди соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистон бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар  давра ба давра    амалӣ  мегардад.  Энергетикҳои  тоҷик дар заминаи кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар ин самт ба як қатор дастовардҳо ноил гаштанд. Соли 2009  Нерӯгоҳи барқи  обии "Сангтӯда - 1" пура ба истифода дода шуд, ки он иқтидори энергетикии кишвари моро то 15 фоиз афзуд. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" низ имсол пура ба кор медарояд.
Бунёди хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, таҷдиду тақвияти иқтидори иншооти мавҷуда, ба кор оғоз намудани нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар деҳоти дурдасти кӯҳистон ва дигар тадбирҳои муҳим системаи энергетикии кишварро  мукаммал намуд. Бо бунёди  хати интиқоли барқи 500кВ "Ҷануб-Шимол" шабакаи энергетикии мо воҳид гардид. Дар зиёда аз ҳафтод соли мавҷудияти шабакаи энергетикии Тоҷикистон қисмати  ҷануб ва маркази Тоҷикистон, ки вобаста ба шароитҳои табиӣ қисми зиёди иқтидорҳои энергетикӣ дар ин ҷо воқеанд, аз шимоли кишвар ҷудо буд. Акнун имконият фароҳам омад, ки  тавассути нерӯгоҳҳои худӣ ба шимоли мамлакат барқ интиқол диҳем. Дар дигар мамолик ва кишварҳо низ хатҳои интиқоли барқ бунёд меёбанд, вале дар чунин шароит ва релефи мураккаб бунёд намудани хати интиқоли барқи баландшиддат амали хеле ҷасурона ва шоистаи таҳсин аст. Алҳол дар силсилаи нерӯгоҳҳои Варзоб ва Вахш, инчунин нерӯгоҳи Қайроққум низ корҳои таҷдиду барқарорсозӣ идома доранд.
Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар ба Норак сафар намудан ва бевосита ба ҷараёни таҷдиду таъмири нерӯгоҳи бузургтарини кишвар мароқ зоҳир намудани Сарвари давлат як нишонаи барҷастаи дастгирии соҳа мебошад.
Ба касе пушида нест, ки дар соҳаи энергетика камбудиҳо ҳанӯз зиёданд. Мо ҳанӯз ҳам дар давраи тирамоҳу зимистон наметавонем, ки мардуми кишвар ва хоҷагии халқи мамлакатро пура бо барқ таъмин намоем. Вале як чиз мусаллам аст, ки дар вазъияте, ки кишвари мо иҷборан аз системаи электроэнергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷудо кор мекунад ва бо давлатҳои ҳамсоя додугирифти маҳдуд дорад, агар ин тадбирҳо амалӣ намегаштанд, моро буҳрони амиқи энергетикӣ фаро мегирифт. Ёдовар мешавам, ки дар давраи истиқлолият, махсусан дар чор-панҷ соли охир истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар ба андозаи 1000 МВт зиёд шудааст, ки ин нишонаи рушди соҳа мебошад.
Истиқлолият дастоварди бузургтарини ҳар давлату ҳар миллат аст. Он ба осонӣ ба даст намеояд ва ҳифз намуданаш хеле душвор аст. Як рукни муҳими ҳифзи ин дастовард рушди иқтсодиёт ва иҷтимоиёт аст. Дар ин замина энергетика мавқеи аввалиндараҷаро иҷро менамояд. Аз маҷмӯи корҳои иҷрошуда ва аз нақшаву дурнамои соҳа дар заминаи сиёсати энергетикии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон хулосаи аниқ баровард, ки ин сиёсат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил мегардад.

Аслӣ НАЗАРОВ,
раиси ШСХК  "Барқи Тоҷик"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.13    №: 117-118    Мутолиа карданд: 3381
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед