logo

маориф

Марҳабо, соли хониш!

Таҳсил дар мактабҳои кишвар бо дарси сулҳ оғоз ёфт

Аз кӯчаҳои атрофи мактаб гурӯҳ-гурӯҳ хонандагон ҳамроҳи волидайн бо  дастагулҳои тару тоза, либоси идона ба бар вориди саҳни мактаб шуданд. Сукути муваққатии мавсими таътил шикаст ва фазои рӯҳангези идонаву тараддуди мактабиён дар ҳавлии махзани маърифат лангар афканд. Кӯдаконе, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам ниҳодаанд, шодон гоҳ ба як сӯ ва гоҳ ба сӯи дигар зиракона нигариста, бо қалбҳои пур аз орзу гом ба ҷониби фардои дурахшон бардоштанд. Наврасон  рӯҳияи болидаи онҳоро дида, побанди андешаҳои нек лаҳзае дар амвоҷи ёдҳои ширину рангин савори сафинаи хотирот даст рӯйи даст якҷо бо ҳамсабақони худ ба маҳали маҳфили Рӯзи дониш наздик шуданд. Фазои рӯҳангезу тароватбор ва нидои муҳити ҷаззобу дилнавоз гӯё мегуфт: "Марҳабо соли нави хониш, марҳабо!".
Абдуфаттоҳ Ҳотамов, директори Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия  "Ҳотам ва П.В.", ҷамъомадагонро гирди ҳам хонда,  хонандагону омӯзгоронро бо фарорасии соли нави хониш табрик гуфт.
Лаҳзае  чанд ба ҳозирин аз дастовардҳову музаффариятҳои толибилмони муассиса дар соли таҳсили гузашта иттилоъ дод. Хабари сад дарсад қабул шудани хатмкардагони гимназия-интернати мазкур ба донишгоҳҳои олии кишварҳои Русия (асосан шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург), Украина, Белорус, Куриёи Ҷанубӣ, Олмон, Ҷопон ва Австрия дар дили ҳозирин шуълаи тобони умед ба ояндаи неки фарзандонро фурӯзон намуд. Ҳама ба ифтихори 106 нафар омӯзгори варзидаи гимназия ва хонандагони болаёқату муваффаққи он  сано гуфтанд. Онҳо шоистаанд, зеро танҳо дар соли таҳсили 2012-2013 шогирдони гимназия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, сазовори 11 медал, аз ҷумла се тило гардиданд. Дастовардҳояшон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ қобили таҳсин аст.
Имсол дар муассисаи таълимии номбурда 700 нафар хонанда ба намояндагӣ аз халқияту миллатҳои гуногуни Тоҷикистон ба таҳсил шурӯъ карданд.
Тамоми муваффақиятҳои бадастомадаро сарвари гимназия А.Ҳотамов ба соҳибистиқлолии кишвар, сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мансуб медонад ва шукр менамояд, ки дар фазои озоду сулҳомез бо доштани шароиту имконоти хуб шогирдон машғули донишандӯзӣ мегарданд.
Лаҳзаи задани занги аввал фаро расид. Ба эҳтимоми хонандаи синфи якум Гесӯ Исматуллоева ва синфи нуҳум Акбар Худойназаров садои хуши зангӯла дар саҳни мактаб ва атрофи он танин андохт. 70 нафар хонандагони синфи якум бо роҳбаладии хонандагони синфҳои болоӣ вориди синфхонаҳо гаштанд ва соли нави хониш бо дарси сулҳ оғоз шуд…
Мо ба онҳо гуфтем:

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Гулрухсор ФАЙЗУЛЛОЕВА,

аксбардор Эмоми НАЗАРИЁН,  "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.13    №: 117-118    Мутолиа карданд: 5762
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед