logo

мулоқотҳо

Мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек

Созишномаи нави
Тоҷикистону Чин ба имзо расид


12 сентябр дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.
Дар мулоқот паҳлуҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуданд.
Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки моҳи майи соли равон ҷараён гирифта буд, аз баромадани муносиботи ду кишвар ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ изҳори қаноат карда шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон - Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард.
Ҷоннок намудани корҳо барои таҳия ва пешниҳоди барномаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар барои солҳои наздик зарур шумурда, густариши робитаҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай аз самтҳои афзали муносиботи Тоҷикистону Чин номида шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷониба барои мусоидат ба эҳёи иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд: "Яке аз беҳтарин роҳҳои эҳёи амну субот дар Афғонистон афзун намудани ҳамкории иқтисодӣ бо ин кишвар ва ҷалби ҳарчи бештари он ба лоиҳаҳои минтақавӣ мебошад". Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки "мардуми Афғонистон бояд дар симои мо дӯстони самимӣ ва шарикони боэътимодро бубинанд".
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват намуд, ки барои таъмини густариши бештари робитаҳои ду кишвар ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.
Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин як созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.
Тавре иттилоъ доданд, масофаи ин лӯла дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 400 километрро ташкил дода, то охири соли 2016 бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Бо он ҳар сол 25-30 миллиард метри мукааб гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин интиқол меёбад.
Татбиқи ин лоиҳа боиси ҷалби беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад шуд. Ғайр аз ин, барои кашидани ин лӯлаи газ ва хизматрасонии ояндаи он корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин таъсис дода мешавад, ки дар он садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт.

Ҳамкориҳои судманд
баррасӣ шуданд


12 сентябр, бегоҳии рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ гаштанд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз ҷиҳати ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон Қазоқистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ пас аз Русия дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Бо изҳори хушнудӣ аз заминаи қавии қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар, ҳамзамон таъкид гардид, ки имконоти истифоданашуда барои густариши бештари робитаҳо ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла, таъкид ёфт, ки имконоти Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон бояд ҳарчи зудтар фаъол шавад. Фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ низ матлуб дониста шуд.
Бо таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба сафари расмии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ва баргузор намудани нахустин ҷаласаи Шӯрои олии ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ дар шаҳри Душанбе изҳори боварӣ шуд, ки он ба густариши робитаҳои судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба содагардонии фазои ҳуқуқии будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, маориф, илму фарҳанг ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Таваҷҷуҳ ба густариши
сармоягузорӣ


13 сентябр дар шаҳри Бишкек пеш аз оғози ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Вохӯрии аввали Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор шуд.
Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсоҳаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Бо хушнудӣ аз афзоиши сармоягузориҳои Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони неругоҳи "Сангтӯда-2" ва таъсиси дигар ширкатҳои муштарак изҳори бовар шуд, ки ин кишвар дар бунёди дигар иншооти гидроэнергетикӣ ва саноатии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад.
Ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, хати интиқоли неруи барқ ва лӯлаҳои об ва нафт миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳамчунин роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҳар ду ҷониб ба баргузор намудани як ҳамоиши бузурги соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе барои таъмини иштироки васеи ҷониби Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Арзи сипоси Ҳомид Карзай
ба Эмомалӣ Раҳмон


13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқоти судманд анҷом дод.
Дар вохӯрӣ масоили гуногуни вобаста ба робитаҳои накӯи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ ёфтанд.
"Самимона орзумандам, ки сулҳ, субот ва пешрафти ҳамагонӣ дар Афғонистон ҳарчи зудтар таъмин гардад ва мо вориди марҳалаи нав дар дӯстии таърихӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар гардем", - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ҳамкории хуби амниятӣ, сарҳадӣ ва низомии ду кишвар изҳори қаноат карда шуд. Дар ин робита Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: "Мо метавонем бо саъю талоши муштарак, бахусус дар мубориза бо террористон, ифротгароён, қочоқбарон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, марзи ду кишварро ба марзи мутмаини дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳем".
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки "Шӯрои муштараки ҳамоҳангсози сохторҳои амниятӣ ва сарҳадии ду кишвар таъсис дода шавад".
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика ва роҳсозӣ зоҳир гардид. Ҳар ду ҷониб ба тезондани корҳо доир ба бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон -Туркманистон, хатҳои интиқоли неруи барқ ва ба имзо расондани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Ҳомид Карзай ба Эмомалӣ Раҳмон барои омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни Афғонистон дар Тоҷикистон ва изҳори омодагӣ барои густариши чунин ҳамкорӣ арзи сипос кард.
Доир ба рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон бо Русия, Чин, Покистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо доир ба таҳкими амну субот ва таъмини тараққиёти бештари иқтисодӣ дар Афғонистон ва минтақа низ  гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.13    №: 120    Мутолиа карданд: 2552
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед