logo

номаҳо

"Чаро ниҳолҳо камсамаранд?" мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шумо мерасонад, ки мақолаи Бахтиёр Асозода таҳти унвони "Чаро ниҳолҳо камсамаранд?", ки дар шумораи 56, 20 апрели соли 2013 дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" рӯи чоп омадааст, дар ҷаласаи васеи кормандони раёсати рустанипарварӣ бо иштироки мутахассисони хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.
Чуноне ки рӯзноманигор қайд менамояд, КВДҶ "Тоҷикниҳолпарвар" парастори ниҳолҳои гуногун дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Корхонаи мазкур дорои 14 хоҷагии ниҳолпарвар буда, миқдори ниҳолҳои омодакардаи онҳо дар давоми сол қариб 3 миллион бех мебошад. Инчунин дар ҷумҳурӣ 111 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарият новобаста аз соҳавӣ буданашон миқдори зиёди ниҳолҳои гуногунро парвариш намуда, ба фурӯш мебароранд.
Хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВДҶ "Тоҷикниҳолпарвар" барои дастрас намудани тухмии босифат, кишти дурусти он ва ҳангоми фарорасии муҳлати пайванд тамоми корҳои муайяншударо ба анҷом мерасонанд, то ки ниҳолҳои хубу босифат ва дорои сертификатро дастраси хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва аҳолии ҷумҳурӣ гардонанд.
Аммо як нуктаро бояд зикр намуд, ки пас аз бо заҳматҳои зиёд ба воя расонидани ниҳолҳо бояд харидор дар оянда ба нигоҳубини он, парвариш, риояи коркарди агротехникӣ, обёрӣ, мубориза бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳои боғу ток аҳамияти ҷиддӣ дода, тибқи маслиҳатҳои олимону мутахассисони соҳа фаъолият намояд ва ҳамзамон зимни харидани ниҳолҳо сертификати онро низ талаб кунад.
Вазорат бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 таҳти № 683 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014" ҳамасола оид ба парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ва рӯёнидани ҳосили баланди мева, чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла ярмарка- фурӯши ниҳолҳо, семинарҳои илмӣ-амалӣ ва машваратиро доир намуда, ҳамзамон маслиҳатҳои муфиди олимону мутахассисони соҳаро тавассути воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ба аҳолӣ пешниҳод мекунад.

Ҷ.САИДОВА,
муовини вазир


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.13    №: 120    Мутолиа карданд: 5332
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед