маориф
Либоспӯшӣ меъёр дорад
"Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ" аз 30 июли соли 2007 таҳти рақами 14112, боиси вокуниши гуногунранг дар ҷомеа гардид.
Бархе аз шаҳрвандон ин иқдомро написандиданд ва иброз доштанд, ки пӯшидани либоси якхела дар муассисаҳои таълимӣ хилофи демократия аст, боиси маҳдуд шудани фаъолият ва таҳсили озодонаи мактаббачагону донишҷӯён, бахусус духтарон мегардад. "Баҳсҳо" ташкил карданд, мурофиаҳо оростанд, донишҷӯдухтареро гӯиё барои "ҳиҷобпӯшӣ" ба маҳкама кашиданд, аммо касе напурсид, ки ин донишҷӯдухтар ҳақ дошт, ки дар як вақт дар ду донишгоҳ таҳсил намояд. Ба осиёби ҳиҷобпӯшон, сатрдорон ва чанд бегонапарасти дунёбехабар об рехтанд, аз онҳо қаҳрамонҳо сохтанд, вале ягон кас нагуфт, ки оё ба мантиқу маънии либосҳои ба бар кардаашон сарфаҳм мераванд ё не?
Албатта, ҷорӣ кардани либоси ягона дар муассисаҳои алоҳида ҳеҷ бадӣ надорад, балки боиси таҳкими низом ва махсусияти он мегардад.
"Униформа", яъне либоси ягона, мафҳумест, ки нисбати либоси расмии кормандони соҳаҳои алоҳидаи хидмати давлатӣ ба кор бурда мешавад. Либосҳои ягона барои кормандони мақомоти қудратӣ, мисли вазоратҳои корҳои дохиливу мудофиа, прокуратура, гумрук, ҳамчунин дар соҳаи хӯроки умум, тандурустӣ ва ғайра таъйин шудаанд.
Либосҳои ягона аз ҷиҳати дӯхту истеҳсол ва барои истифода қулай будан бартарият доранд. Дар баъзе ҳолатҳо, албатта, мақоми хизматчиёни соҳаро чунин либос "хос" мегардонад ва воқеист, ки ҳамзамон хизматчиёни соҳаеро аз кормандони дигар соҳаҳо фарқ мегузорад. Нишонаҳое, ки ба либос ҳамроҳ карда мешавад (масалан дар либоси милиса), ба мақоми хизматии корманд ишора мекунад.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди махсус ва алоҳида буда, оид ба ин масъала мавқеи муайян дорад. Соҳаи маориф ниҳоди нақлкунандаи донишу арзишҳо, тарбиятгари насли нав, тарғибгари худшиносии миллат аст. Ин масъулияти баланд тақозо мекунад, ки дар танзими тарзи либоспӯшии насли имрӯза кормандони вазорат саҳми назаррас дошта бошанд. Вазорат ин масъаларо дақиқ дарк кардааст ва нисбати ҳалли он тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Ин тадбирҳо ягон хел оҳанги зиддидемократӣ надоранд. Вазорат интихоби либосро барои муҳассилин мутобиқи дастури намунавии либосҳои дар соҳаи таълиму тарбия тавсияшуда иҷозат додааст. Дар аксари муассисаҳои таълимӣ овезаҳои махсус ҳастанд, ки тарҳи намунаҳои 15-20 сарулибоси писарона ва духтарона вобаста ба фаслҳои сол нишон дода шудааст. Чунин дастурро нишонаи маҳдудсозии ҳуқуқи интихоби либос тафсир кардан хато аст.
Ҳадафи соҳаи маориф тарбияи инсони ҳамаҷониба инкишофёфта мебошад. Ин идеал ҷанбаи соф гуманистӣ дошта, дар доираи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ қадам ба қадам бояд воқеӣ гардонида шавад.
Яке аз меъёрҳои интихоби либос мувофиқ ва шинам будани он аст. Аз ин лиҳоз, мо либоси корӣ, истироҳатӣ, "кӯчаравӣ", хоб ва амсоли инро дорем. Либоси донишҷӯ низ барои ӯ бояд мувофиқ бошад. Дар чунин либос шахс худро озод ҳис кунад. Либосе, ки мисли "халта" дар китф аст, ё ниҳоят танг, ё вазнину дағал мебошад, ҳисси фаъолмандии касро коҳиш медиҳад, ҳамчун намунаи маҳдудияти ботинӣ ба рӯй меояд. Либоси шахс бояд озода, зебо ва шинам бошад.
Пӯшидани либоси домонкӯтоҳ (миниюбка), куртаҳои нафису нимурён дар муассисаҳои таълимӣ ва маҷлисгоҳҳо қобили қабул буда наметавонад. Чунин намуди либоспӯшӣ муҳити таълимӣ-тарбиявиро, умуман фазои кориро дар синфхонаҳо, халалдор месозад.
Баъзан омезишии тарҳи либосҳои мардонаву занона ҳусн ва муҳити ҷомеаро мекоҳонад. Агар духтарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ курта ё шими анъанавии мардона пӯшанд (бе хилъати дароз ё палтои занона), ҳамчун нишонаи эътироз ба ҷинси худ фаҳмида шуданаш мумкин аст, агарчи ин духтар чунин ният надорад. Агар писар дидаву дониста, либосе ба бар кунад, ки унсурҳои либоси анъанавии духтарона дорад, он гоҳ ба тамоилоти шаҳвонии ӯ низ аз нигоҳи муайян баҳогузорӣ менамоянд. Ин ду ҳолати зикршуда низ дар ҷамъияти муҳассилин қобили қабул буда наметавонад. Муассисаи таҳсилотӣ - аз мактаб то донишгоҳ ҷойи муқаддас аст, анъанаҳои ахлоқи касбии худро дорад. Бояд ба инобат гирифт, ки либоси поён (шим, доман ва ғайра) асосан эҳсосоти шахсро то дараҷае муаррифӣ мекунанд ё паноҳ медорад. Гуфтан мумкин аст, ки беномусӣ ё шарму ҳаёи ягон фардро аз нигоҳи иҷтимоӣ тавассути либосаш "фаҳмидан" мумкин аст. Либоспӯшии анъанавӣ на ҳамеша бо муд созгор аст. Дар ҷамъияти бисёрқавмӣ ва бисёрфарҳангӣ ҳамзистии муд ва анъана ҳолати муътадили фарҳангист. Вале ин ҳолат танзимро истисно намекунад. Либос бо тарзи ҳаёти мо, кори мо робитаи зич дорад, аз ин рӯ бояд мувофиқи матлаб буда, ба кори инсон, ба истироҳати ӯ ёрӣ расонад. Либоси хидматӣ, ки дар он инсон вақти зиёдро мегузаронад, мисли либоси барои театр, консертҳо, ҷашни солинавӣ таваҷҷуҳи хосаро талаб мекунад. Аз ин ҷост, ки либоси хидматӣ бояд шинам, мувофиқ буда, ба инсон ҳини кор кумак кунад, ба низом дарорад, диққати ӯро аз кор дур накунад.
Ранги интихобкардаи либос бояд оромкунанда буда, бо шароити корӣ мувофиқ бошад.
Дар муассисаҳои таълимӣ масъалаи интихоби либос ва риояи тарзи либоспӯшӣ то дараҷае ҳалли худро ёфтааст. Ҳангоми сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дидам, ки либоси мактаббачагон варзишӣ буда, ҳар як мактаб либоси хоси худро, албатта, дар доираи низоми устуворшудаи маориф, дорад.
Мутаассифона, ҳоло ҳам дар фарҳанги либоспӯшии ҷавонон ва на танҳо ҷавонон, нуқсонҳои зиёде дида мешаванд. Ба тарзи либоспӯшии аксари ҷавонон нигариста, аз он дар ҳайрат мемонам, ки чаро фарҳанги беш аз чандҳазорсолаи мо механизми худмуҳофизатии хешро аз фарҳанги бегона, бахусус агар харобовар бошад, гум кардааст? Ба ибораи дигар ҳар либосе, ки рост ояд, мардум мепӯшад.
Баъзе нафарон либоси расмдор мепӯшанд. Дар либоси ин қабил одамон расми занҳои нимурён, манзараи амалҳои маҳрамонаи марду зан, симои қаҳрамонони филмҳои аҷоибу ғароиб (Шрек, Рембо), террористҳо сабт шудааст. Ба назар чунин менамояд, ки соҳиби либос ба ин "қаҳрамонон" пайравӣ кардан мехоҳад ва онҳоро мепарастад. Дар навбати худ, ин соҳиблибосон дониста ё надониста идеологияи муайянро дар байни мардум тарғиб мекунанд. Бояд зикр кард, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либос қобили қабул нест. Ин ба мафкураи дигарон таъсири манфӣ мерасонад ва мумкин аст, ки сабаби фитнаангезиҳо гардад.
Ҳамчунин либосҳое, ки бо навиштаҷот ба забонҳои хориҷӣ оро ёфтаанд, нишонаи эътироз ба фарҳанги ҷомеа ё парастиши фарҳанги бегона қабул мешавад. Баъзе наврасон маънои навиштаҷоти либосашонро хондаю фаҳмида наметавонанд. Хуб мебуд, ки либосҳои варзишӣ ва махсус барои маъракаҳои ҷамъиятӣ омодашуда бо навиштаҷоти лозимӣ ва рамзҳои мувофиқ муҷаҳҳаз мегардиданд. Пӯшидани либосҳое, ки дар онҳо, масалан "Ачата бугӯ", "Я свободен", "Учись на моей ж…", "Ай лав ю май френд" ва ҳоказо як намуди эътироз, беэҳтиромӣ нисбати ҳисси шахсӣ ва миллӣ аст. Матни чунин навиштаҷоти либосҳо аз он далолат мекунад, ки ин нафарон:
- бесавод ё чаласавод ҳастанд;
- бо муҳити фарҳангии ҷомеа созгор нестанд;
- мумкин бо аъзои ягон гурӯҳ (дастаи авбошон рафоқат доранд;
- ҳоло пура иҷтимоишуда нестанд (ба тарбия ниёз доранд).
Ороишоти иловагӣ ба либос, ороишот бо зару зевар низ диққатҷалбкунанда буда, аз бисёр нияту хоҳишҳои нуҳуфтаи шахс дарак медиҳанд. Аз меъёр зиёд будани чунин ороишот дар дасту гардани шахс нишони назарбаландӣ, худписандӣ, нуфузпарастӣ, молнодида будан аст.
Дар этикети корӣ ба намуди зоҳири инсон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Рукни асосӣ ҳини интихоби либос - мутобиқати комили либос ба вақт ва шароит аст. Аз ин хотир, меъёри асосии этикети либоспушӣ ҷиддӣ ва озодагии он аст.
Рӯшан аст, ки ислом мардумро ҳеҷ вақт даъват накардааст, ки ҳатман либоси сирф арабӣ, индонезӣ ё ягон либоси миллати хосро пӯшанд. Либос бояд дар доираи зарурат ва ниёз, мувофиқи шароит, анъана ва урфу одат, қулай ва шинаму зебо бошад.
Бо назардошти ин метавон чунин пешниҳодҳо кард:
- ба барномаи таълим дар мактабҳои таҳсилоти миёна омӯзиши фанҳои зебоишиносӣ (эстетика), одоб ва фарҳанг ё этика ворид карда шаванд;
- силсилаи намоишҳо ва суҳбатҳо бо мутахассисон ва донишмандон дар бораи таърих ва оини либоспӯшӣ, арзишҳои маънавӣ ва миллии либос аз тариқи телевизион ва радио пахш гарданд;
- марказҳои зебоипарастӣ дар марказҳои ноҳияҳову шаҳрҳо амал намоянд ва тарғибгари зебоии маънавӣ ва ботинии инсон бошанд, на тарғибгари танпарастиву шаҳватпарастӣ, мисли мудхонаҳову ҳар гуна салонҳои бемаънӣ дар тақлид ба Ғарб;
- барои мутахассисони соҳаи эстетика, равоншиносӣ ва сотсиология дар ҳар як мактаб штати корӣ ҷудо карда шавад.
Қобили зикр аст, ки фармони вазири маорифи ҷумҳурӣ дар бораи пӯшидани либоси миллӣ, бахусус атласи тоҷикӣ, аз ҷониби занону духтарон фармони воқеӣ ва саривақтист. Аммо механизми татбиқи ин фармон норӯшан аст. Корхонаҳои истеҳсолкунандаи ин матоъ ва дӯзандаи либосро лозим аст, ки матоъҳо ва либосҳо барои мактабу муассисаҳои таҳсилотӣ мувофиқ бошанд, рангашон аз ҳад зиёд баланд ва ҷилодор набошад. Ба ғайр аз ин, ҳар гуна силсилаву симҳои зарҳалӣ дар либос, дӯхтани доману подоманҳои урупоӣ ба шаъни либоси миллӣ ва пӯшандагони он зебанда нест.
Х.САМИЕВ,
декани факултети
муносибатҳои
байналмилалии ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.13 №: 120 Мутолиа карданд: 7139