logo

суханрониҳо

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот оид ба натиҷаҳои мулоқоти СҲШ, Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳри Бишкек, 13 сентябри соли 2013

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Пеш аз ҳама мехоҳам ба суханони миннатдоронае, ки ин ҷо ба мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Президенти кишвар Алмазбек Шаршенович Атамбаев барои сатҳи олии ташкили мулоқотамон ва меҳмоннавозии анъанавӣ садо доданд, ҳамроҳ шавам.
Ҷониби Тоҷикистон аз мубодилаи афкор оид ба такмили минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай, масоили муҳими минтақавию байналмилалӣ, ки дар рӯҳияи эътимодбахш ва созандагӣ доир гардид, қаноатманд аст.
Баёнияи сарони давлатҳо дар Бишкек гуфтугӯи судбахши тарафайнро, ки дар мулоқот доир шуд, ҷамъбаст намуд. Дар ин ҳуҷҷати сиёсӣ он мавқеияте ифода шудааст, ки муносиботи байналмилалӣ давраи ҷиддии тағйирёбӣ, афзоиши шумораи омилҳои номуайяниро аз сар гузаронида истодааст, сарони давлатҳо таҳкими минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ ва нақши ҳамоҳангсозии марказии СММ дар корҳои байналмилалиро ҷонибдорӣ намуданд. Дар ин замина мо бори дигар зарурати ислоҳоти СММ-ро бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минбаъдаи он эътироф кардем ва бар онем, ки бояд ин раванд бидуни тезонидани он роҳҳои ислоҳоте иҷро шавад, ки ҷонибдории аксар кишварҳои Созмони Милали Муттаҳидро ба даст намеорад.
Шояд, қадами устувор дар оянда Нақшаи амалиёт дар солҳои 2013-2017 оид ба татбиқи нуктаҳои Созишнома дар бораи ҳамсоягии бардавом, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзо гардад.
Дар мулоқот Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори зарурати таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025 буд. Мо бовар дорем, ки ин масъала беш аз пеш муҳим аст. Воқеан, сухан дар бораи мутаносиб намудани фаъолияти Созмон меравад.
Соли гузашта дар мулоқоти Пекин мо аллакай Самтҳои асосиеро қабул намудем, ки метавонанд заминаи минбаъдаи Стратегия шаванд. Ҷалби беҳтарин олимон ва коршиносони кишварҳои аъзои СҲШ-ро ба кор оид ба таҳияи лоиҳа муҳим мешуморем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти анҷомёфта ҳамкории мутақобилаи мақомоти босалоҳияти кишварҳои аъзоро дар соҳаҳои амният, пеш аз ҳама дар мубориза бо терроризми байналхалқӣ, экстремизм ва сепаратизм, ки сол то сол густариш меёбанд, бо қаноатмандӣ қайд намуд.
Фикр мекунам, ки ҳамкории самарабахши сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчунин саҳми мушаххас ба кори якҷояи мо мебошад.
Дар рӯёрӯи ҳодисаҳои сиёсии соли 2014 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва баровардани неруҳои байналмилалии амниятӣ аз кишвар ин давлати дӯст дастгирии моро интизор аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо давлатҳои дӯсти халқи афғон дар кори барқарор намудани иқтисодиёт ва рушди кишвари ҳамсоя гузоштани ҳиссаи амалии худро бо имконоти мавҷуда идома медиҳад.
Дар доираи Созмони мо дар соҳаи иқтисод нақшаҳо ва лоиҳаҳои умедбахш қабул гардидаанд. Муҳим аст, ки татбиқи амалии онҳо таъмин шавад.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Аз кори дастаҷамъона анҷомдодаамон дар мулоқоти Бишкек изҳори қаноатмандӣ намуда, мо бори дигар тасдиқ мекунем, ки Тоҷикистон амиқан ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷабҳа дар доираи Созмонамон ҳавасманд аст.
Раисии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи оянда ба Тоҷикистон гузашт. Аз ин рӯ, барои боварӣ ва ба роҳбарии СҲШ дар давраи оянда интихоб шудани Тоҷикистон мехоҳам миннатдории самимии хешро ба ҳама давлатҳои аъзо баён дорам.
Бо кумак ва дастгирии давлатҳои аъзо, нозирон ва шарикон барои муколама кишвари мо тамоми имконотро барои рушди минбаъдаи СҲШ, кушоиши иқтидорҳои он ва табдил додани минтақаамон ба қаламрави сулҳ, дӯстӣ, ҳамгироӣ, рушди устувор ва ба ҳам мувофиқ равона хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.13    №: 121    Мутолиа карданд: 3539
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед