logo

сафарҳо

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд

14 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба вилояти Суғд ташриф овард.
Сафари корӣ ба вилояти Суғд бо боздид аз шаҳри Чкалов оғоз ёфт. Дар маҳаллаи нави ин шаҳри овозадори саноатӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои истиқоматии дорои 46 хона барои омӯзгорони Мактаби президентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ин бино 46 омӯзгор соҳиби хонаҳои барҳавои истиқоматӣ гардиданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмон ва ороиш баҳои баланд дод. Шодию фараҳи омӯзгоронро аз ин туҳфаи пурарзиши Сарвари давлат ҳадду канор набуд, зеро, дар воқеъ, соҳиби хонаи нав шудан рӯйдоди басо муҳим дар ҳаёти ҳар як оила аст.
Бино аз хонаҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, бо харҷи 6 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар заминаи бинои чорошёнаи нимсохт бунёд ёфтааст.
Дар ин бино беш аз 90% омӯзгорони Мактаби президентии шаҳри Чкалов соҳиби хонаҳои хизматӣ шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорони хуштолеъро бо ин рӯйдоди пурфараҳ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки минбаъд сохтмони чунин биноҳо барои кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ идома хоҳад ёфт.

Боздид аз қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси милитсия

Дар шаҳри Чкалов Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи доимии дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо шароити будубош ва хизматии ҳайати шахсии он бевосита шинос шуд.
Дар аввали боздид аз ҷониби ҳайати шахсии ин дастаи таъиноти махсус машқҳои зиддитеррористӣ доир ба озод кардани гаравгонон ва безарар гардондани ҷинояткорони шартии мусаллаҳ намоиш дода шуданд.
Зимни боздид аз қароргоҳи доимии дастаи таъиноти махсус, аз ҷумла аён гардид, ки биноҳои он бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, дар он шароити муосири будубоши шаборӯзӣ, машқу тамринҳои махсус, аз ҷумла майдончаҳои машқҳои низомӣ, майдону толори калони варзишӣ ва ғайра муҳайё гардидаанд. Ошхона ва ошпазхонаи бино ҳам бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои бароҳат таъмин мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои таъмини онҳо бо хӯроки серғизо ва дигар шароити зарурӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир карда шавад.
Зимни суҳбатҳо бо роҳбарият ва ҳайати шахсии ин дастаи таъиноти махсус, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки онҳо дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳизфи оромию суботи ҳаёти мардум ва дар мубориза бо ҷинояткорони хавфнок саҳми арзандаи таҳсин доранд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат баҳри муҳайё намудани тамоми шароити зарурӣ барои сохторҳои низомию амниятии кишвар, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.

Ифтитоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Ашт

Субҳи 15 сентябр сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт идома ёфт.
Дар ноҳияи Ашт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои нави беморхонаи марказии Ҷамоати шаҳраки Шайдон, ки маркази маъмурии ин ноҳия аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар саҳни ҳавлии беморхонаи нави ноҳиявӣ дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаю башардӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хатнасури 20 писарча аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъӣ ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин маросими фараҳбахшро ба аҳли байти ин дӯстрӯякон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла телевизору яхдон тақдим намуд.
Биноҳои нави беморхонаи марказии ноҳияи Ашт бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре зикр гардид, сохтмони ин биноҳо ҳанӯз соли 1983 оғоз ёфта, дар солҳои 90 - уми асри гузашта бо сабабҳои маълум қатъ гардида буд. Идомаи сохтмони биноҳои нимсохт бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2010 бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт ва то имрӯз бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ барои баҳрабардорӣ омода гардидааст. Аз он 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ барои хариди дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ масраф шудааст. Беморхона дорои 150 кат буда, ду бинои он сеошёна ва боқимонда биноҳо аз ду ошёна иборат мебошанд. Дар беморхонаи нав беш аз 300 нафар кормандони соҳаи тиб ва хадамоти ёрирасон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири муоина, ташхис ва муолиҷаи беморон дар ин муассисаи муосири тиббӣ шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти наваш баҳои баланд дод.
Миёни ҳамаи 10 шуъбаи беморхона шабакаи ягонаи алоқаи видеоӣ ба роҳ монда шудааст, ки тавассути он машварату маслиҳатҳои фосилавӣ гузаронда мешаванд.
Беморхонаи нави марказӣ дорои маҷмӯи хонаҳои физиотерапевтӣ мебошад, ки дар онҳо усулҳои гуногуни табобату тавонбахшӣ пешкаш мегарданд. Тамоми шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти нав муҷаҳҳазанд. Аз ҷумла таваллудхонаи он бо усули нави аврупоӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин беморхона иловатан 5 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа намуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии беморхона дар назди кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт суханронӣ намуда, аз ҷумла аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ба ин соҳа ва таъмини солимии аҳли ҷомеа ёдовар шуд ва табибонро ба хизматрасонии босифат ба ниёзмандон даъват кард.

Боздид аз интернати наздимактабии ноҳияи Спитамен

Аз ноҳияи Ашт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен омад.
Дар ноҳияи Спитамен Президенти кишвар нахуст ба интернати наздимактабӣ барои ятимону бепарасторон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ташриф оварда, аз ҳоли ин дӯстрӯякон хабар гирифт.
Зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити интернат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки имсол бинои он бо тариқи ҳашар ва кумакҳои хайрия мавриди тармими куллӣ қарор гирифта, аз нав ободу зебо шудааст. Бино якошёна буда, аз 12 хонаи хоб, ҳуҷраҳои машғулиятҳои фаннӣ ва толори маҷлисӣ иборат аст.
Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар тарбиятгирандаи интернат ёрии моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла либосҳои зимистона ва дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" бо 1000 сомонӣ пасандоз барои ояндаашон тақдим гардид. Тавре зикр гашт, дар ин муассисаи иҷтимоӣ 30 нафар кӯдакони синни мактабӣ, ки 3 касаш ятимони бепадару модар мебошанд, бо таълиму тарбия фаро гирифта               шудаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти навсозии роҳҳои маркази ноҳияи Спитамен бевосита шинос шуд, то имрӯз аллакай 4 км таҷдид шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин кор дар дигар роҳҳои маҳаллии ноҳия ҳам бояд марҳила ба марҳила идома дода шавад.
Солҳои охир бо талабу супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хусусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ авҷи тоза пайдо намудааст.

Ифтитоҳи клиникаи хусусӣ

Дар деҳаи Саидқӯрғони Ҷамоати деҳоти "Истиқлол"-и ноҳияи Спитамен бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шифохонаи хусусии ташхисию табобатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муассисаи хусусии тиббӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Бинои шифохона сеошёна буда, бо таҷҳизоти муосири тиббии ҷопонӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин ҷо, аз ҷумла дастгоҳи ташхисии фаросадоӣ, кардиографи барқӣ, дастгоҳи замонавии дандонпизишкӣ ва ғайра насб гардидаанд.
Муассисаи тиббӣ дорои 34 кати хоб буда, дар он 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Маоши кормандон аз 1000 то 2500 сомониро ташкил медиҳад.
Соҳибкор Фурқат Абдуҷабборов бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуд, ки то Наврӯзи соли 2014 як коргоҳи дӯзандагӣ бунёд карда, 200 нафар бонувони маҳаллиро бо кори доимӣ таъмин намояд.

Пардабардорӣ аз пайкараи Спитамен

Дар маркази ноҳия бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маросими пардабардорӣ аз пайкараи чорметраи Қаҳрамони таърихии миллати тоҷик Спитамен баргузор гардид.
Дар атрофи пайкара бо номи ин шахсияти таърихӣ гулгашти зебою дилнишине бунёд ва аллакай ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони ноҳияи Спитамен табдил ёфтааст.
Дар ҳудуди гулгашт 4 фаввораи ранга ва ду айвонча, 49 сутун ва девори баландиаш чорметраи нимдоира дар пушти пайкараи Спитамен бо нақшу нигори замони орёиҳо ва манзараҳои тамошобоби дигар ба назар мерасад.
Гузоштани пайкараи ин шахсияти бузурги таърихӣ омили муҳим барои омӯзиши рӯзгори гузаштаи пуршуҳрати ниёгонамон ва сабақомӯзӣ барои рушди ояндаи давлатдории мустақили Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Бахши нави созмони хурди қарздиҳии "Имон Интернешнл" фаъол гардид

 Дар Ҷамоати шаҳраки Нов бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон филиали нави созмони хурди қарздиҳии "Имон Интернешнл" ифтитоҳ ёфт.
Бино аз ҷониби соҳибкорбонуи маҳаллӣ Дилфуза Ҳусайнова бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд ёфта, ба созмони хурди қарздиҳии "Имон Интернешнл" ба иҷора дода шудааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва ороишу таҷҳизи бино баҳои баланд дод.
Созмони хурди қарздиҳии "Имон Интернешнл" муассисаи ғайридавлатӣ буда, аз ҷониби Ассотсиатсияи занони соҳибкори ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ҳоло дар қаламрави кишвар 108 намояндагии он боз гардидааст. Дар онҳо 1400 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд. Маоши кормандони ин муассисаи хурди қарздиҳӣ аз 800 то 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сандуқи умумии қарзии созмони хурди қарздиҳии "Имон Интернешнл" дорои 424 миллион сомонӣ маблағ буда, 69 ҳазор қарзгиранда дорад. Беш аз 40% мизоҷони муассиса бонувони соҳибкор мебошанд.
Дар намояндагиҳои ин муассиса дар ноҳияи Спитамен беш аз 100 нафар бо кор таъмин гардидааст. Танҳо дар намояндагии нави имрӯз ифтитоҳёфта қариб 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, сандуқи қарзии он дорои 30 миллион сомонӣ маблағ аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва кормандони ин муассисаи хурди қарздиҳӣ доир ба боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мизоҷон ва ҳавасманд кардани мардум ба нигоҳ доштани пасандозҳояшон дар бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои хурди қарздиҳӣ маслиҳату ҳидоятҳои муфид дод.

Шиносоӣ бо кори ду хоҷагии деҳқонӣ ва мулоқот бо фаъолон

Дар деҳаи Саидқӯрғони Ҷамоати деҳоти "Истиқлол"-и ноҳияи Спитамен Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои пахтаи хоҷагии деҳқонии Саидқӯрғон ташриф оварда, бо кори намунавии заҳматкашони он бевосита шинос шуд.
Пахтакорони хоҷагӣ соли гузашта пахтаи навъи "Ирам" кишт намуда, аз ҳар гектари он 45 - сентнерӣ ҳосил гирифта будаанд. Имсол онҳо дар 16 га аз ҳамин тухмӣ кишт намуда, бовар доранд, ки аз ҳар гектараш то 45-50 - сентнерӣ ҳосил мерӯёнанд.
Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии Искандари Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки аҳли заҳмати он низ дар 11 га пахтаи навъи "Ирам" кишт намуда, аз ҳар гектараш 45 - сентнерӣ ҳосил гирифтанианд, ҳарчанд як қисми пахта дар миёни қаторҳои боғи навбунёди шафтолу кишт шудааст.
Дар заминҳои ин хоҷагӣ тавассути кишти такрорӣ гирифтани ду ва зиёда ҳосили ғалладона ва сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ба роҳ монда шудааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи хоҷагии деҳқонии Сурхзамини ноҳияи Спитамен бо роҳбарият ва фаъолони ноҳия мулоқоти тӯлонии ошкору самимӣ анҷом дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияро таҳлилу баррасӣ намуд ва зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум дар назди масъулин барои оянда вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.13    №: 121    Мутолиа карданд: 2271
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед