logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ба истифода додани Кӯдакистони президентӣ дар шаҳри Хуҷанд, 17 сентябри соли 2013

Мураббиён ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мо дар ин лаҳзаҳои хотирмон нахустин Кӯдакистони президентиро, ки дар мавзеи зебои соҳили Сирдарё ҷойгир аст ва барои таълиму тарбияи 1000 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст, ба истифода супоридем.
Ба муносибати ин рӯйдоди муҳим, инчунин ба ифтихори солгарди ҷашни истиқлолияти давлатии Ватани азизамон, ки мо чанд рӯз пеш ин санаи таърихиро бо эҳсоси баланди ватандорӣ таҷлил намудем, ҳамаи шумо - мураббиёну тарбиятгирандагон, падару модарон, кормандони маориф ва ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод, ба мураббиёну омӯзгорон барори кор ва ба шумо - фарзандони азиз умри дароз орзу менамоям.
Моҳи июни ҳамин сол мо бо ҷараёни корҳои сохтмон дар иншооти имрӯза шинос гардида, ҳамзамон ба муҳандисону сохтмончиён дастур дода будем, ки кӯдакистон то моҳи ноябр, яъне то фаро расидани фасли сармо сохта, ба истифода супорида шавад. Ва тавре ки имрӯз мебинем, ин супориш пеш аз муҳлат ба анҷом расонида шуд.
Аз ин рӯ, ман ба ҳамаи мутахассисон ва кормандону сохтмончиёне, ки дар ин кори хайр, яъне бунёди чунин муассисаи таълимии зебову замонавӣ барои насли ояндасози Ватанамон саҳми сазовор гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Гузаштагони мо ҳамеша таъкид намудаанд, ки ба кори тарбия аз айёми тифлии инсон оғоз кардан лозим аст. Ин таъкиди бузургон бояд дастури ҳамешагӣ барои ҳар як падару модар, инчунин мураббиён бошад. Дар ин самт нақши кӯдакистон ҳамчун зинаи нахустини низоми таълиму тарбия барои тарбия ва тақвияти зеҳни кӯдакон бисёр муҳиму созанда мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги таълиму тарбияи томактабии кӯдакон дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор шуда буданд, ки бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо дар хусуси бунёди муассисаҳои томактабӣ ва фаро гирифтани теъдоди ҳарчи бештари кӯдакон ба чунин муассисаҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Чунки имрӯз ҳамагӣ дар кишвар даҳ фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба чунин муассисаҳо фаро гирифта шудаанд. Аз ин лиҳоз, ба фаъолият оғоз кардани муассисаи имрӯза иқдоми ҷиддӣ ва татбиқи амалии дастури зикршуда мебошад.
Дар воқеъ, ҷиҳати фаъолияти самараноки марказҳои томактабӣ зарур аст, ки аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода намуда, пеш аз ҳама, ба бунёди муассисаҳои томактабии замонавӣ, шароити хуби таълиму тарбия ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири фаъолияти онҳо таваҷҷуҳи бештар дода шавад.
Кӯдакистони ифтитоҳшуда яке аз бузургтарин муассисаҳои томактабӣ ва ҷавобгӯи тамоми талаботи рӯз буда, барои бо усули инноватсионӣ фаъолият кардани он ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.
Кӯдакистон дар масоҳати се гектар бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сохта шуда, аз биноҳои асосӣ ва иловагӣ, инчунин ошхонаву утоқҳои компютерӣ, мусиқӣ, варзишӣ ва муоинаи тиббӣ иборат мебошад. Ғайр аз ин, кӯдакистон дорои маҷлисгоҳу ҳавзҳои шиноварӣ буда, дар саҳни ҳавлии он барои истироҳат ва бозии кӯдакон 42 майдончаи бо лавозимоти дилхушиву инкишофи кӯдакон муҷаҳҳаз омода карда шудааст. Бояд гуфт, ки дар ин муассиса беш аз 200 нафар мураббиёну мутахассисон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Солҳои қаблӣ дар муассисаҳои томактабӣ як силсила мушкилоту масъалаҳо вуҷуд доштанд, ки барои фаъолияти босамари онҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекарданд. Аз ин рӯ, бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии чунин муассисаҳо, барқарор кардани фаъолияти муассисаҳои томактабии аз фаъолият бозмонда, баланд бардоштани сатҳи омодагии хурдсолон ба мактаб ва умуман таҳкиму густариш бахшидан ба раванди тарбияи кӯдакону наврасон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ду санади муҳим - "Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010" ва "Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016" қабул карда шуд.
Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои пешбиникардаи барномаҳои мазкур вазъи муассисаҳои томактабӣ имрӯз хеле беҳтар гардида, то ба ҳол даҳҳо кӯдакистону боғчаҳои бачагона сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар баробари муассисаҳои давлатии томактабӣ инчунин фаъолияти кӯдакистонҳои назди вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо вусъат пайдо кард, ки ин раванд ба афзоиши фарогирии кӯдакон ва зиёд гардидани ҷойҳои корӣ аз ҳисоби занони хонашин мусоидат намуд.
Дар миқёси вилояти Суғд тамоюли афзоиши муассисаҳои давлатии томактабӣ бештар ба назар мерасад ва айни замон теъдоди онҳо ба 213 расидааст. Ҳамзамон бо ин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 11 муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо қариб 1000 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Танҳо дар давоми соли охир шумораи муассисаҳои томактабӣ дар вилоят 13 адад афзуда, қариб 37 ҳазор нафар кӯдакони синни томактабӣ, яъне 13 фоизи кӯдакони вилоят ба зинаи аввали таълиму тарбия ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд.
Дар доираи "Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016" дар вилоят бояд 50 муассисаи томактабӣ аз таъмири асосӣ бароварда шавад. Алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии вилоят дуюним ҳазор нафар мураббиён ба тарбияи кӯдакон машғуланд, ки қариб 1000 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ мебошанд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, таъкид месозам, ки рисолати мураббиёни муассисаҳои томактабӣ кори бениҳоят масъулиятнок буда, аз мураббиён, яъне тарбиягарон пеш аз ҳама, нисбат ба кӯдак меҳру муҳаббати самимӣ доштанро тақозо мекунад. Мураббӣ бояд ба кӯдак ва ояндаи ӯ назари нек дошта, аз дунёи беолоиши кӯдак бохабар бошад.
Бинобар ин ки мураббиёну кормандони муассисаҳои томактабӣ асосан занҳо мебошанд, бо итминони комил гуфта метавонам, ки занҳои бофарҳанг ва боиффати тоҷик ин вазифаи воқеан пурифтихори модаронаро минбаъд низ сарбаландона уҳда мекунанд.
Дар баробари ин, ба сохтору мақомоти дахлдор зарур аст, ки ба сифати тайёр кардани кадрҳо барои муассисаҳои тарбияи томактабӣ, такмили ихтисос ва ҷобаҷогузории онҳо дар асоси меъёрҳои муосир диққати бештар дода, кӯшиш намоянд, ки муассисаҳои мазкур кӯдаконро барои таҳсил дар мактабҳои ибтидоӣ ҳарчи беҳтар омода созанд. Инчунин зарур аст, ки муассисаҳои томактабӣ бо китобҳои таълимӣ, таҷҳизоти аёниву варзишӣ ва тиббӣ пурра таъмин бошанд ва фаъолияти онҳо дар асоси барномаҳои муосири таълиму тарбия ба роҳ монда шавад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои кӯдакони синни томактабӣ ва вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакон, инчунин таъмиру азнавсозӣ ва таҷҳизонидани кӯдакистонҳои мавҷуда мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Итминони комил дорам, ки ифтитоҳи нахустин Кӯдакистони президентӣ дар самти тарбияи маънавию ахлоқии кӯдакон ва соҳибмаърифату донишманд гардидани онҳо заминаи мусоидро фароҳам оварда, дар ин боргоҳи маърифату тарбия насли бофарҳанг ва бозаковату донишманд ба камол хоҳад расид.
Мураббиён ва омӯзгорони муҳтарами мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки талошҳои давлату Ҳукумат бо бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таъмин намудани ҳамаи шароити мусоид барои кӯдакон гузоштани заминаҳои бунёдии тарбияи насли ояндасоз, ворисони тарбиятдидаву хушахлоқ ва фарзандони ҳушёру зираки миллат мебошад.
Тарбияи кӯдакони имрӯза, ки насли ободгару ояндасози миллатамон мебошанд, кори бисёр пурмасъулият аст ва ман итминон дорам, ки мураббиёну кормандони ин макони муқаддаси ба камол расонидани созандагони ояндаи Ватанамон ба иҷрои вазифаи худ бо камоли ҷиддияту масъулият ва меҳру муҳаббат муносибат хоҳанд кард.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ, омӯзгорону мураббиён саломатӣ, хонаи обод ва дар фаъолияти пурмасъулу заҳматталабатон ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони солеҳу баркамол барори кор орзу менамоям.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.13    №: 122    Мутолиа карданд: 3654
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед