logo

мулоқотҳо

Сароҷ Кумар Ҷа ба Тоҷикистон омад

19 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба коҳиш додани таъсири манфии буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва ҷараёни ташхиси лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос намуда, ҳавасмандии Ҳукумати ҷумҳуриро ба густариши ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ таъкид дошт.
Сароҷ Кумар Ҷа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун иттилоъ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳисоботи марҳилаи заминавӣ ва якуми ин кор, ки ба ҷанбаҳои техникии лоиҳа дахл доранд, охири моҳи сентябри соли равон нашр мегардад ва моҳи октябр дар ҷаласаи машваратии намояндагони масъули ҳамаи кишварҳои манфиатдори минтақа бо иштироки коршиносони мустақил мавриди баррасии  ошкоро қарор мегирад.
Изҳори боварӣ шуд, ки имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоию экологии он дар сатҳи боэътимоди байналмилалӣ шаффофу воқеъбинона ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа анҷом дода мешавад.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин оид ба оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000 доир ба кашидани хати барқи 500-киловолта аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.13    №: 123-124    Мутолиа карданд: 2463
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед