logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии фаъолияти волонтёриро муайян карда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба амалишавии ин намуди фаъолият танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти волонтёрӣ - фаъолияти фоиданоки ҷамъиятии ихтиёрӣ, ки аз тарафи шахсони воқеӣ дар шакли кору хизматрасонӣ ба манфиати ҷомеа бемузд анҷом дода мешавад;
- волонтёр - шахси воқеие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба фаъолияти волонтёрӣ машғул мебошад;
- дафтарчаи волонтёрӣ - ҳуҷҷати расмии бақайдгирии фаъолияти волонтёрӣ, ки дорои маълумот оид ба собиқаи меҳнатии волонтёрӣ, мукофотҳо ва тайёрии иловагӣ мебошад;
- шаҳодатномаи волонтёрӣ - ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи шахсияти волонтёр, ки аз тарафи ташкилоти ҷалбкунанда ба ӯ дода мешавад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро оид ба фаъолияти волонтёрӣ ва рушди он амалӣ менамояд;
- ташкилоти ҷалбкунанда - ташкилоти ғайритиҷоратие, ки бидуни ба даст овардани даромад шахсони воқеиро бо мақсади амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома ҷалб менамояд; 
- фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ - фаъолияти мақсадноки волонтёр, ки бо мақсади ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ ба манфиати ҷомеа амалӣ карда мешавад;
- самтҳои фаъолияти волонтёрӣ - самтҳои дорои хусусияти иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, эҳсонкорӣ, ҳифзи муҳити зист, ки барои рушди онҳо фаъолияти волонтёрӣ амалӣ карда мешавад;
- истифодабарандаи фаъолияти волонтёрӣ - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки ба фоидаи ӯ фаъолияти волонтёрӣ бидуни ғаразҳои сиёсӣ, инчунин бе мақсади пайравӣ намудан ба дин ва паҳн кардани эътиқоди динӣ амалӣ карда мешавад;
- шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ - созиши хаттии байни волонтёр ва ташкилоти ҷалбкунанда, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, дар он шартҳои амалишавии фаъолияти волонтёрӣ нишон дода мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- ташвиқи иштироки шахсони воқеӣ дар фаъолияти волонтёрӣ ва дастгирии онҳо;
- муттаҳид намудани шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда;
- муҳайё намудани шароити мусоид барои иштироки мустақилона ва фаъолонаи шахс дар ҳаёти ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ;
- андешидани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии волонтёрон ва ташкилотҳои ҷалбкунанда;
- ташаккули мавқеи фаъоли шахси ба фаъолияти волонтёрӣ машғулбуда дар ҷомеа.
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ
Фаъолияти волонтёрӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- ихтиёрӣ будани иштирок дар фаъолияти волонтёрӣ;
- интихоби озоди шакл, намуд ва усули амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ;
- риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар фаъолияти волонтёрӣ;
- бемузд амалӣ намудани фаъолияти волонтёрӣ;
- баробарҳуқуқии шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲО ОИД БА
ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ
Моддаи 5. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ
1. Фаъолияти волонтёрӣ метавонад дар асоси шартнома оид ба фаъолияти волонтёрии байни волонтёр ва ташкилоти ҷалбкунанда басташуда амалӣ карда шавад.
2. Ташкилоти ҷалбкунанда ӯҳдадор аст бо волонтёр шартнома оид ба фаъолияти волонтёриро банданд, агар ӯ на кам аз 20 соат дар як моҳ ба фаъолияти волонтёрӣ машғул бошад.
3. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ дар ду нусха тартиб дода мешавад ва як нусхаи он дар ташкилоти ҷалбкунанда нигоҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба волонтёр супорида мешавад.
4. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ мумкин аст бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони ба синни 16 расида низ баста шавад.
Моддаи 6. Мазмуни шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ
1. Мазмуни шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ шартҳои зеринро дар бар мегирад:
- тавсифи фаъолияте, ки волонтёр дар доираи қобилият ва имкониятҳои худ бояд амалӣ намояд;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои шартнома;
- аз тарафи ташкилоти ҷалбкунанда ҷуброн кардани сарфи маблағҳои барои амалӣ намудани баъзе намудҳои фаъолияти волонтёрӣ зарурӣ;
- муқаррар намудани талаботи касбии бо шаҳодатномаи дахлдор ва ё бо ҳуҷҷати намунаи муқарраршуда тасдиқшуда, дар ҳолатҳои зарурӣ;
- талабот оид ба вазъи саломатӣ, ки бо маълумотномаи тиббӣ тасдиқ шудааст;
- масъулияти тарафҳо, аз ҷумла барои расонидани зарари моддӣ, асосҳо ва тартиби тағйир додан ва қатъ намудани  шартнома.
2. Агар дар рафти иҷрои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо сабабҳои новобаста ба иродаи тарафҳо ҳолатҳое ба вуҷуд оянд, ки амалӣ намудани ӯҳдадориҳои ба зиммаи волонтёр гузошташударо мушкил намоянд, шартнома бо иштироки тарафҳо аз нав дида баромада мешавад.
3. Агар дар рафти иҷрои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо сабабҳои новобаста ба иродаи тарафҳо ҳолатҳое ба вуҷуд оянд, ки иҷрои минбаъдаи шартномаро ғайриимкон мегардонанд, он аз ҷониби яке аз тарафҳо бекор карда мешавад.
4. Бекор намудани шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби яктарафа аз ҷониби волонтёр ва ё ташкилоти ҷалбкунанда бо шарти дар ин хусус 7 рӯз қабл огоҳонидани тарафи дигар бо нишон додани сабабҳояш амалӣ карда мешавад, агар дар шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 7. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои волонтёр
1. Волонтёр ҳуқуқ дорад:
- самти иштироки худро дар амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ озодона интихоб намояд;
- дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳое, ки дар асоси онҳо шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ баста шудааст, фаъолона иштирок намояд;
- дар соҳаи дахлдор дар доираи имкониятҳои худ ва мувофиқи қоидаҳои ҷории ташкилоти ҷалбкунанда фаъолият намояд;
- аз суғуртаи тиббии ташкилоти ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;
- ҷуброни маблағҳоеро, ки барои амалӣ намудани баъзе намудҳои фаъолияти волонтёрии дар шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ пешбинишуда заруранд, талаб намояд;
- аз ташкилоти ҷалбкунанда дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва тавсияномаеро, ки амалӣ намудани фаъолияти волонтёрӣ, таҷриба ва маҳорати бадастовардаашро тасдиқ мекунад, дастрас намояд;
- аз ҳуқуқ ва кафолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат пешбинигардида истифода барад;
- оид ба ташкилоти ҷалбкунанда, фаъолияти ташкилӣ ва барномаҳои он маълумоти воқеӣ ва дақиқ гирад;
- дар курсҳои омӯзишӣ, ки бо ташаббус ва ё тавсияи ташкилоти ҷалбкунанда барои иҷрои босифати фаъолияти волонтёрӣ доир мегарданд, иштирок намояд;
- тибқи талаботи қисми 4 моддаи 6 Қонуни мазкур  роҳбари ташкилоти ҷалбкунандаро ба таври хаттӣ огоҳ намуда, фаъолияти худро қатъ намояд.
2. Волонтёр ӯҳдадор аст:
- супоришҳои ташкилоти ҷалбкунандаро дар доираи ӯҳдадориҳои шартномавӣ иҷро намояд;
- ҳангоми иҷрои фаъолияти волонтёрӣ ба роҳбари ташкилоти ҷалбкунанда итоат намояд;
- молу мулки дар раванди фаъолияти волонтёрӣ истифодашавандаро ҳифз намояд;
- қоидаҳои ифшо накардани маълумоти таъиноташ махфиро оид ба ташкилот риоя кунад;
- ӯҳдадориҳои тибқи шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ ба зиммагирифтаашро бе розигии ташкилоти ҷалбкунанда ба дигар шахсон вогузор накунад;
- дар самти (соҳаи) интихобнамудаи фаъолияти волонтёрӣ дониш ва маҳорату малака аз худ намояд;
- дастурҳоро оид ба ҳифзи меҳнати волонтёр ва супоришҳои роҳбарии ташкилоти ҷалбкунандаро риоя ва иҷро намояд;
- фаъолияти худро ройгон амалӣ намояд;
- дар ҷаласаҳои умумӣ ва ташкилии гурӯҳи волонтёрон ширкат варзад.
Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои ташкилоти ҷалбкунанда
Ташкилоти ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст:
- қабули волонтёронро танҳо барои фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ таъмин намояд;
- аз тарафи волонтёр амалӣ намудани фаъолияти волонтёриро дар шароити бехатар бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва дигар шароити барои иҷрои ӯҳдадориҳо зарурӣ таъмин кунад;
- ҳифзи маълумотро дар бораи ҳаёти шахсии истифодабарандагони фаъолияти волонтёрӣ, ки волонтёр онро истифода мебарад, таъмин намояд;
- ҷиҳати татбиқи шартҳои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тайёрии касбӣ, бозомӯзии касбӣ, такмили маҳорат ва таҷрибаи волонтёриро дар робита бо аз худ намудани воситаҳои муайяни техникӣ ва қоидаҳои бехатарии меҳнат амалӣ гардонад;
- ба волонтёр ҷиҳати иҷрои корҳои барои ҳаёт ва саломатиаш зараровар ё хатарнок иҷозат надиҳад;
- ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуш ё беморие, ки дар натиҷаи иҷрои фаъолияти волонтёрӣ ба вуқӯъ омадааст, волонтёрро бо хизматрасонии тиббӣ таъмин намояд;
- хароҷоти марбут ба баъзе намудҳои фаъолияти волонтёриро (хароҷоти нақлиёт, будубош, хӯрок, суғуртаи тиббӣ аз хатарҳои ба фаъолияти волонтёрӣ вобастабударо) пардохт намояд;
- ба волонтёр дар мавриди доштани собиқаи меҳнатии волонтёрии на кам аз 20 соат дар як моҳ дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва тавсиянома диҳад;
- дафтари бақайдгирии волонтёронро, ки дар он маълумот оид ба шахсияти ҳар як волонтёр, шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ, миқдори соатҳои кории волонтёр, роҳбари бевоситаи волонтёр дар ташкилоти ҷалбкунанда сабт карда мешавад, пеш барад;
- аз рӯи зарурат бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ дастрасии волонтёрро ба таҷҳизоти хизматӣ ва манбаъҳои иттилоотӣ таъмин намояд;
- ба волонтёрон оид ба намудҳои дигари фаъолият дар ташкилоти ҷалбкунанда иттилоъ диҳад;
- ӯҳдадориҳои дигареро, ки шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ пешбинӣ намудааст, иҷро намояд.
Моддаи 9. Масъулияти тарафҳо ва ҳалли баҳсҳо
1. Ташкилоти ҷалбкунанда дар назди истифодабарандаи фаъолияти волонтёрӣ барои зиёни ба ӯ расонидаи волонтёр масъул аст, ба истиснои зараре, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё ҷинояти аз тарафи волонтёр содиршуда расонида шудааст.
2. Баҳсҳои марбут ба бастан, тағйир додан, иҷро ва ё қатъ намудани шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби судӣ баррасӣ мешаванд, агар онҳоро тарафҳои шартнома мустақилона ҳал карда натавонанд.
3. Тарафҳо барои иҷро накардан ва ё иҷрои номатлуби талаботи шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тибқи муқаррароти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.

БОБИ 3.
АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ
Моддаи 10. Cалоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти волонтёрӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти волонтёрӣ мансубанд:
- муайян намудани сиёсати давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ;
- тасдиқ намудани барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо оид ба татбиқ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ;
- тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрӣ;
- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд: 
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо оид ба татбиқ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрӣ;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷалбкунанда оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба фаъолияти волонтёрӣ
Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тадбирҳоро оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ амалӣ менамоянд.
Моддаи 13. Иштироки ташкилотҳои ҷалбкунанда дар рушди фаъолияти волонтёрӣ
Ташкилотҳои ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар иҷрои тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ ҳамкорӣ менамоянд.

БОБИ 4. ТАДБИРҲО ОИД БА РУШДИ
ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ
Моддаи 14. Тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ
1. Давлат рушди фаъолияти волонтёриро тавассути тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.
2. Тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ бо назардошти қоидаҳои шаффофияти қабули қарорҳо ва риояи принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ таҳия мегарданд.
3. Тартиби татбиқи тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ, тартиби додани дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрӣ муайян карда мешаванд.
4. Давраи машғул шудан ба фаъолияти волонтёрии мувофиқ ба соҳаи таҳсилот ва ихтисоси таълимӣ, ки бо дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ тасдиқ мегардад, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба эътибор гирифта мешавад.
5. Давраи машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқаи меҳнатии волонтёрӣ эътироф карда мешавад, агар он шарти ҳатмии ба кор қабул кардан бошад ва волонтёр дар соҳаи ҷавобгӯй ба ихтисоси дахлдори гирифтааш кор карда, ин ҳолат бо дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 15. Тадбирҳо оид ба эътироф ва қадрдонии фаъолияти волонтёрӣ
Бо мақсади эътироф ва қадрдонии хизматҳо дар рушди фаъолияти волонтёрӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо мукофотҳои давлатӣ ва намудҳои дигари ҳавасмандгардонӣ сарфароз гардонида шаванд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 16. Фаъолияти байналмилалии волонтёрӣ
Фаъолияти байналмилалии волонтёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон       Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 сентябри соли 2013, №1019

 

Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ" қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          А. МИРАЛИЕВ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2013, № 1241

 

Қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 августи соли 2013, № 563


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.13    №: 123-124    Мутолиа карданд: 4069
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед