logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи кушодаи иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои СААД, шаҳри Сочии Федератсияи Русия, 23 сентябри соли 2013

Ҳамтоёни муҳтарам,
Аъзои муҳтарами ҳайатҳо,
Боиси сарфарозист, ки ба мизбонони меҳмоннавозамон ва ба Президенти Русия Владимир Владимирович Путин барои фароҳам овардани шароити беҳтарин ҷиҳати гузаронидани мулоқотамон изҳори миннатдорӣ намоям.
Мулоқоти имрӯзаи мо бо назардошти манфиати умумиамон дар амри бо истифода аз неруи СААД мустаҳкам намудани қитъаи тоҷикистонию афғонистонии сарҳади хориҷии Созмон барои мубодилаи афкор аз рӯи тамоми маҷмӯи масоили бароямон ҷолиб имконияти хубу саривақтиро фароҳам меорад.
Тавре ки шумо медонед, мо барои рушду таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории стратегӣ дар доираи СААД ҳамеша ба таври ҷиддӣ кӯшиш менамудем ва кӯшиш менамоем.
Чанде пеш ба кишвари мо омадани гурӯҳи коршиносони СААД имкон дод, ки масъалаи муҳими расондани кумаки ҳарбию техникӣ ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро барои таҳкими ҳифзи қитъаи тоҷикистонию афғонистонии сарҳади хориҷии Созмон ва ба сатҳи фаъолияти амалӣ гузаронидани он баррасӣ намоем.
Намояндагони СААД тайи моҳи августи соли ҷорӣ дар кишвари мо буданашон имконият пайдо намуданд, ки бо фаъолияти қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ҷиҳати ташкилу татбиқи ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мустақиман шинос шаванд. Ба гурӯҳи СААД имкон дода шуд, ки аз баъзе қитъаҳои сарҳад дидор намуда, бо вазъи ҳифзу ҷиҳозонидани сарҳадбонони Тоҷикистон шинос шаванд ва ба фикри мо, мушорикони созмонамон ин вазъиятро ба таври муайян арзёбӣ намуда, хулосаю пешниҳодҳо ироа кардаанд.
Ҳамтоёни муҳтарам,
Имрӯз аҳамияти таҳким бахшидани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки дар ҳошияи аз қаламрави Афғонистон баровардани қувваҳои ҳарбии байналмилалӣ ба маротиб меафзояд, комилан равшан аст. Раванди ҷараёни вазъияти ин кишвари ҳамсояи мо баъди соли 2014 шаклҳои бисёрҷониба дорад, бинобар ин мо бояд ба ҳамаи онҳо омода бошем.
Воқеияти имрӯзаи минтақа на фақат масъалаи бо намудҳои муосири аслиҳаю техника аз нав таҷҳизонидани артиши мо, балки масъалаи ҳамкории фаъолу судманд дар доираи СААД ба манзури зуд ва таври ҷиддӣ таҳким бахшидани ҳифзи моддию техникии қитъаи тоҷикистонию афғонистонии сарҳадро низ бароямон басо муҳим мегардонад.
Ба шумо маълум аст, ки вазъияти фаврии ин қитъаи сарҳад чун пештара мураккаб аст. Барои хилофи қонун ба қаламрави Тоҷикистон гузаронидани гурӯҳҳои террористӣ ва маводи нашъаовар мунтазам кӯшиш карда мешавад.
Дар ин шароит Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти дахлдори он бояд дар ояндаи наздиктарин барои таҳким бахшидани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон як силсила вазифаҳои тағйирнопазирро ҳал намоянд.
Сохтмони биноҳои нави бунгоҳу комендатураҳои сарҳадӣ, аз нав барқарор намудани воситаҳои мавҷудаи хабардиҳӣ, таъмини қӯшунҳо бо воситаҳои посбонии ҳавоӣ, мушоҳида ва бунгоҳҳои радиолокатсионӣ аз ҷумлаи ҳамин вазифаҳоянд.
Табиист, ки мо барои ҳалли ин мушкилот фаъолона чора мебинем. Вақтҳои охир беш аз 40 иншооти нави инфрасохтори сарҳадӣ мавриди истифода қарор дода, 90 иншоот таъмири асосӣ шудааст. Қӯшунҳо бо техникаи иловагӣ ва лавозимоти гуногун ҷиҳозонида мешаванд. Вале масоҳати калони сарҳади мо, ки 60 фоизи собиқ сарҳади Шӯравию Афғонистонро ташкил медиҳад, саъю кӯшиш ва маблағҳои боз ҳам зиёдтарро талаб мекунад.
Мо маҳз дар ҳамин кор ба ёрии дӯстонамон ва, пеш аз ҳама, ба мадади моддию техникии СААД умед мебандем.
Мехоҳам ба ҳамтоёнамон барои баррасии муфассали масоили марбут ба таҳким бахшидани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар ҷаласаи пӯшида изҳори миннатдорӣ намуда ва умедвор бошам, ки он оғози ҳамкории воқеию зичи кишварҳоямон ҷиҳати муқовимат ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, намунаи ҳамкории иттиҳодамон дар самтҳои асосӣ мегардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.13    №: 126    Мутолиа карданд: 3620
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед